Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустнамоиши "Арӯси замонавӣ" (2 ВИДЕО)


Филми нави мазҳакавии “Арӯси замонавӣ” дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд. Ин мазҳакаи достони як духтари тоҷик аст, ки тоҷикиро намедонад ва ба як ҷавони рустоӣ шавҳар мекунад.

Мазҳакаи “Арӯси замонавӣ” шоми 7-уми феврал дар кинотеатри “Кохи Ҷомӣ”−ии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 600 тамошобин сурат гирифт.

Набиҷон Пирматов, муаллифи сенария, коргардон ва ҳанарманде, ки нақши асосиро дар филм бозӣ кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз наворбардории ин филм на ба даст овардани фоида балки як навоварӣ кардан дар синамои тоҷик аст.

Вай гуфт: “Барои чӣ мо номи филмро “Арӯси замонавӣ” гузоштем? Имрӯз мебинем, ки бисёре аз духтароне, ки хусусан дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, ҳарчанд дар Тоҷикистон таваллуд шудаанд, аммо бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони тоҷикиро намедонанд. Мо ҳамин нуктаҳоро дар шакли мазҳака ба тамошобин нишон доданием, то ки онҳо худ хулоса бароранд. Дар ин филм ҳамчунин ҳаёти донишҷӯёни имрӯза низ ба намоиш гузошта шудааст, ки онҳо чӣ либос мепӯшанд, чӣ гуна санҷишу имтиҳонҳояшонро мегиранд?”

Ҷаноби Пирматов афзуд, барои наворбардории ин филм онҳо аз Узбекистон наворбардоронро даъват карда буданд. Сармоягузорони аслии филм ширкатҳои “GM production”, “Лото спорт”, «Абдулло медиа» ва ширкати сохтмонии “Эъмор” будаанд.

Нақшҳои асосиро дар “Арӯси замонавӣ” худи Набиҷон Пирматов, Макс Қосимов, Сабина Шоҳимардонова ва Моҳпайкар Ёрова бозӣ кардаанд.

Макс Қосимов
Макс Қосимов

Мӯҳтавои мазҳакаи “Арӯси замонавӣ” аслан ҳаёту зиндагии Рустам ва Максро дар бар мегирад. Ин ду донишҷӯ комилан хислатҳои бо ҳам мухолиф доранд - Рустам ботамкину ором ва Макс шӯху беқарор аст. Дуи онҳо дар факултаи сохтмон таҳсил мекунанд.

Рустам ба ҷуз аз таҳсил дар донишгоҳ дар нуқтаи мошинтаъмиркунӣ низ кор мекунад. Дар пайи иттифоқоти аҷибе ӯ бо духтари шаҳрӣ Сабина ошно мешавад, ки ҳамеша бо русӣ ҳарф мезанаду забони тоҷикиро намедонад. Сабина, ки дар шаҳр ба воя расидаву забони тоҷикиро намедонад, ба хотири муҳаббати беандозааш ба зиндагии сахту пурмашақати деҳаи Рустам ва золимиҳои худошманаш тоб оварда, билохира муваффақ мешавад.

Чанд пора аз филми "Арӯси замонавӣ"-ро инҷо тамошо кунед:

Филми “Арӯси замонавӣ” 1, 5 соат тӯл дорад. Бархе аз тамошобиноне, ки нахустнамоиши ин филмро диданд, мегӯянд, шеваи наворбардорӣ ва сюжаи филм ба “Супер-келинчак”, филми як замон дар Тоҷикистон пурбинандаи наворбардорони узбак хеле шабоҳат дорад.

Филми "Арӯси замонавӣ" дар ҳоле ба бозор медарояд, ки саноати филмсозии Тоҷикистон баъди солиёни рукуд, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дучор шуд, дар солҳои охир кам-кам қоматашро рост мекунад. Аммо ҳарчанд аз нигоҳи шумора филмбардорӣ дар Тоҷикистон бештар шудааст, вале ба гуфтаи коршиносон, филмҳои тоҷикӣ аз нигоҳи сифати наворбардорӣ ва мӯҳтавояшон ҳанӯз меланганд.

Худи коргардонҳо чунин сурати ҳолро ба камбуди сармоягузорӣ ба ин ришта марбут мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо барои таҳияи як филм пулеро сарф мекунанд, ки дар як филми Ҳолливуд барои рӯи навор овардани ҳамагӣ чанд сонияи як филм сарф мешавад.

Чанд пораи дигар аз филми "Арӯси замонавӣ"-ро инҷо тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG