Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 АКСи баҳсбарангези Зайнура Пӯлодова


Зайнура Пӯлодова -- овозхони тоҷик мегӯяд, аксҳои нави ӯ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталифи корбарон рӯбарӯ шудааст, ба маънои тағйири имиҷаш нест. Ба қавли ӯ, ҳадаф аз ин суратҳо фақат таҳияи маҷмӯи аксҳо будаасту бас.

Дувоздаҳ акси нави Зайнура Пӯлодова, овозхони ҷавони тоҷик, ки дар Узбакистон гирифта шуда, тавассути саҳифаи расмии ӯ дар Фейсбук муаррифӣ гардид, бо вокунишҳои мухталифи корбарон рӯбарӯ омадааст.

Дар ин аксҳо ӯ бар хилофи суратҳои пешинаш, ки гоҳо дар либоси миллии тоҷикӣ ва гоҳе дигар бо либосҳои аврупоӣ, аммо хеле пӯшида зоҳир мегардид, ин дафъа "озодтар" намудор шудааст.

Бархе аз корбарон Зайнураро барои чунин тағйири "имиҷ"-аш танқид карда, даъват намудаанд, бештар бо либоси миллӣ рӯи саҳна биёяд. Аммо иддае ҳам аз ӯ барои чунин "шоҳкорӣ"-яш тавсиф намудаанд. Худи овозхон мегӯяд, тавсифу танқиди ҳаводоронашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидааст, аммо афзуд, "ба онҳо чандон таваҷҷуҳ накардам". Чунки мегӯяд Зайнура, ҳадаф аз ин аксҳо ташкили баҳс ё муҳокимаи хубиву бадии ӯ набуда, балки тағйири симои зоҳирӣ барои таҳияи фақат як маҷмӯи аксҳо будааст, ки ба қавли ӯ хоси ҳар ҳунарманду овозхон мебошад.

"Бисёриҳо гуфтаанд, барояшон аксҳои нави ман маъқул нашуд. Онҳоро хуб мефаҳмам. Чунки ба либос ва симои зоҳирии пешинаам одат кардаанд ва мехоҳанд, ҳамеша ҳамингуна бимонам. Онҳо дар навбати худ ҳаққанд, аммо ман фақат хостам гуногунрангӣ бошад,"-шарҳ дод овозхон.

Пӯлодова мегӯяд, ин аксҳоро Вероника ном суратгир дар Узбакистон бардошта, дар таҳияи ин маҷмӯа саҳми ширкати “ТопМедиа” ба раҳбарии Беҳрӯз Зеваров низ будааст. Ин овозхон, ки бори аввал бо таронаи таблиғии хокаи ҷомашӯии "Мария" ба саҳнаи ҳунар пой мондааст, мегӯяд, аммо ӯ мақсади ба ин шакл тағйир додани имиҷаш дар рӯи саҳнаро надорад: "Бори дигар мегӯям, инро фақат барои таҳияи маҷмӯи аксҳо кардам. Ҳунарманд бояд ба гунаҳои мухталиф зоҳир шавад. Ба мухлисон гуфтаниям, дар саҳна чигунае, ки пештар будам, ҳамон хел мемонам."

Зайнура Пӯлодоваи 32-сола дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст ва ҳоло соҳиби ду духтар - Сония ва Сомия мебошад. Падараш Ҳотам Пӯлодов дар ансамбли "Шашмақом" ва як бародараш ба ҳайси таблнавоз дар ҳайати гурӯҳи "Шамс" фаъолият дорад. "Даф бизанем" аз таронаҳои маъруфи Зайнура Пӯлодова аст, ки соли гузашта ба бозор ироа шуд ва матни онро Ҳоруни Роъун, шоири афғони муқими Канада навишта, оҳангашро Манижаи Давлат сохтааст.

Аммо ин бори аввал нест, ки либосу симои зоҳирии бонуҳои овозхони тоҷик боиси басҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешавад. Тайи як соли охир якбора тағйири либос кардани хоҳарон – Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ҳанӯз ин баҳсро дар торнамоҳо гарм нигоҳ медоранд. Ин хоҳарон соли гузашта баъди адои ҳаҷҷи умра эълон карданд, ки бо рӯсарӣ ва ё ҳадди ақалл бо либосҳои пӯшида рӯи саҳна ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Вале дар аксҳо аз ҷараёни консерти пеш аз Наврӯзи имсолаи Шабнами Сурайё дар Канада дида мешавад, ӯ бидуни ҳиҷоб ва бо як шеваи озодтар зоҳир шудааст. Ҳарчанд дар ин наворҳо ҳам дида мешавад, Шабнам мисли солҳои пеш либоси боз надорад, аммо дар ҳар сурат, имиҷ ё шеваи либоспӯшиаш аз навори охирине, ки дар ҷашни Соли нави милодӣ дар Душанбе сабт шудаанд, фарқ мекунад.

Дар навор ё клипи охирини худ дар Душанбе дар моҳҳои декабру январ, Шабнам бо хоҳараш Фарзонаи Хуршед бо ҳиҷоб, куртаҳои дарозу рӯйсариҳои бо сангу нигинҳо ороишдода зоҳир шудаанд. Вале яке аз афроди наздик ба Шабнаму Фарзона гуфт, Фарзона баъди бозгашт аз ҳаҷҷи умра комилан шеваи пӯшиши худро дигар кардаву ҳамеша рӯйсарӣ дорад. Аммо Шабнам, агарчӣ баъди зиёрати Ҳаҷ дигар либоси зиёд кушод ба бар намекунад, вале бидуни рӯйсарӣ ҳам мегардад.

XS
SM
MD
LG