Ҷамъияти шикорчиёни вилояти Хатлон бо фаро расидани баҳор ва афзоиши чашмгири шумори кабкҳо дар пуштаҳои вилоят иҷозаи шикори ин мурғҳои хушнаворо имзо кардааст. Аммо шикорчиҳо кабкро на бо силоҳи оташфишон, балки барои зинда гирифтани онҳо асосан аз тариқи дом гузоштан дар роҳи рави онҳо ба даст меоранд.
Зимистони соли равон гармтар омад ва кабкҳо низ барвақттар аз кӯҳу камар ба водиҳо сарозер шуданд ва бо назардошти ин афзоиш ҷамъияти шикорчиҳо барои ба дом андохтани кабкҳои хушхон 500 роҳхати иловагӣ таҳия кардааст.
Шикори кабкҳо дақиқан ҳамон мақоли тоҷикиро собит мекунанд, ки мегӯяд, “кабк аз садои худаш тир мехӯрад.” Шикорчиҳо аз думи асп тӯр месозанд ва онҳоро дар роҳи фаромадани кабкҳо мегузоранд. Онҳо ҳамчунин бо худ кабки ромшудае доранд, ки дар вақти зарурӣ ба нағмасароӣ медарояд ва ҳамтоҳои бехабар аз доми сари роҳро ба варта мекашад.
Боймаҳмад Усмонов, як масъули ҷамъияти шикорчиёни вилояти Хатлон, ки рӯзи 3 март бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, селаи кабкҳо дар доманаҳо торафт бештар шуда, ҳар села то 1000 кабкро дар бар мегирад. “Мегардем, мебинем, ки шумори кабк зиёд шудааст. Селаҳои кабк дар кӯҳҳо бештар дида мешавад, мо онҳоро ҳисоб карда наметавонем. Хунукиҳои соли 2008 таъсир карда буд, ки солҳои зиёд кабк кам дида мешуд,”- мегӯяд Боймаҳмад Усмонов.
Ба иттилои ҷамъияти шикорчиёни вилояти Хатлон шикорчиён ин имконро доранд, ки то 14 апрел кабк шикор кунанд ва онҳоро ба бозор бароранд. Кабкҳо дар ҳамаи минтақаҳои кӯҳистонӣ мушоҳида мешаванд, вале шикорчиён ба хотири кабки хуб чандин рӯзро дар кӯҳҳои Боботоғи Шаҳритӯс, 130-километрии ҷанубуғарби Қӯрғонтеппа, Санглохи Сангтӯда, 80-километрии шарқи маркази маъмурии вилояти Хатлон ва Акталу Аристоли ноҳияи Хуросон сипарӣ мекунанд.
Шикорчиён мегӯянд, дар авҷи мавсим кабки тозашикор, ки солҳои пеш аз 40 то 100 сомонӣ қимат дошт, ҳоло то 80 сомонӣ нарх дорад.
Искандаршоҳ Авазов, сокини 40-солаи ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Бохтар ва аз шикорчиёни шинохтаи кабк, бо шурӯи мавсими шикор ба кӯҳи Аристоли Хуросон рафтааст. Ин шикорчӣ, ки ҳоло саргарми шикори кабк аст, дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки дар рӯзи аввали шикор 4 кабкро бо қил ба дом овардааст.
Ӯ мегӯяд: “Шикори миллии тоҷикӣ аст, ки кабкро зинда медоранд, паррондан иҷоза нест. Кабки шикорӣ мехонад ва кабкҳои дигар ба назди ҳалқа омада, ба дом меафтанд. Ин кабкҳоро мардум барои нигоҳдорӣ ва садои хубаш истифода мекунанд. Вале боз кабкҳоро ҷанг меандозанд, ки гоҳо то 1000 долар як донаашро мефурӯшанд. Ин як одат аст ва даст кашидан аз он душвор аст.”
Ислом Холов, сокини 40-солаи шаҳри Сарбанд, ки дар хонааш 20 кабк дорад, мегӯяд, ки аз 11-солагияш дар парвариши кабкҳо ба падараш кӯмак мекард. Ҳоло ӯ кабк шикор мекунад, як муддат дар хона нигоҳ медорад ва сипас ба бозор мебарорад. Даромади хонаводаи ӯ ҳоло аз ҳисоби фурӯши кабк таъмин мешавад.
“Падару бобоёнам кабк доштанд ва ман ҳам мисли онҳо кабк дорам. Аз ҷамъияти шикорчиён иҷозатнома гирифта, ба шикор мебароям. 15 ё 20 рӯз шикор мекунам. Кабк мурғи зебост ва ҳама ҳавас дорад, ки кабк дошта бошад,”- гуфт Ислом Холов.
Дар Қӯрғонтеппа рӯзҳои шанбе ва дар ноҳияи Хуросон рӯзҳои ҷумъа бозори кабк ва ҷанги кабкҳо доир мешавад. Кабкҳои хуби ҷангӣ ба соҳиби худ фоидаи қобили мулоҳиза меоранд. Нархи кабкҳои ҷангӣ дар муқоиса бо камбкҳои нағмасаро хеле баланд буда, барои намуна дар бозори Қӯрғонтеппа аз 500 то 1000 доллар қиммат доранд. Афроди кабкбоз, ки ин мурғҳои ҷангиро ба қиммати баланд харидорӣ мекунанд, метавонанд дар сурати чанд пирӯзии кабкашон дар кабкҷанг пули онро зуд бароранд.
Дар Тоҷикистон оилаҳои бисёре, махсусан дар деҳкадаҳо дар хона ду-се қафас кабк доранд. Онҳо мегӯянд, ки навои ин мурғи саҳро ба зиндагии пур аз асабоният ва мушкили онҳо оромиш меорад.