Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукӯҳи Соли Нав ба Тоҷикистон бармегардад (ВИДЕО)


Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба таҷлили Соли Нави милодӣ бо бозори гарми арча ва ороишу тӯҳфаҳои пурҷилои солинавӣ шурӯъ шуд.

Тоҷирони тоҷик, ки ба тиҷорати арчаву ҳадяҳои пурҷилои солинавӣ машғуланд аз бозори гарми фурӯши арчаҳои солинавӣ изҳори хушҳолӣ мекунанд. Хушҳолии онҳо бештар аз ин аст, ки ҳарчанд то ҷашнигирии Соли Нави милодӣ ҳудуди се ҳафтаи дигар аст, аммо то кунун мавриди тозиёнаи интиқоди мазҳабиён қарор нагирифтаанд.

Ин аст, ки онҳо мегӯянд, дар чанд соли охир, барои аввалин бор аст, ки ба роҳатӣ ва бидуни танқиди харидорони зоҳиран мазҳабӣ арча ва тӯҳфаҳои солинавиро ба фурӯш гузоштаанд.

Зулайхо Зокироваи 35-сола, як савдогари бозори “Корвон”, рӯзи чоршанбеи 10-уми декабр, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “агар се сол пеш гурӯҳи камтари мардум наздик ба як ҳафта то Соли нав ба хариди арчаҳо ё дигар тӯҳфаҳои солинавӣ мепардохтанд, ҳоли ҳозир шурӯъ аз аввали моҳи декабр одамон арча харид мекунанд."

Ҳатто ба гуфтаи Зулайхо либосҳои Бобои Барфӣ низ харидори зиёд дорад.

Сӯҳбати мо бо хонум Зокирова дар мағозаи фурӯши тӯҳфаҳои солинавӣ сурат гирифт, ки бештари харидоронаш ҷавонон буданд. Ӯ мегӯяд: “Агар ду сол пешро ба имсол қиёс кунем, имсол савдо хубтар аст. Ҳозир одамон бештар барои корхонаҳо ва мактабу боғчаҳо арчаҳои солинавӣ харида истодаанд. Барои хонаҳо бошад маъмулан хариди арчаҳо аз 20-уми декабр он тараф бештар мешавад. Дар ҳар сурат ба хуби эҳсос мешавад, ки Соли нав омада истодааст.”

Ин савдогари бозори “Корвон” мегӯяд, соли гузашта мардуми мазҳабӣ бештар буд ва тоҷирҳоро барои фурӯши арчаву чароғак ва сарулибоси Бобои барфӣ ва Барфак таҳқир мекарданд. Вай мегӯяд, пас аз он ки мақомоти интизомӣ ҳиҷобу бо риши баланд гаштани мардумро дар кӯчаҳо манъ кард, дигар мардум ҳам чандон ба савдогарони арчаҳо ва тӯҳфаҳои солинавӣ кордор нестанд.

Бозори гарми арча ва ороишоти солинавӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Собирҷон Кӯҳистонови 45 сола, ки се сол инҷониб ба фурӯши арчаҳои солинавӣ машғул аст, мегӯяд харидорони атрибут ва ороишти солинавиаш намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа ҳастанд.

Ба гуфтаи ӯ, одамон барои дар шаби Соли Нав хурсандӣ кардани фарзандонашон арчаҳои солинавиро зиёд мехаранд. Аммо “баъзан мешавад, ки одамон мегӯянд дуруст нест Соли Нави масеҳиро таҷлил кардан. Аммо ин ин гуна одамон аҳён-аҳён пайдо мешаванд.”

Дар бозору дӯконҳои шаҳри Душанбе арзиши арчаҳои солинавӣаз 35 сомонӣ шурӯъ мешавад ва то ба 2 ҳазор сомонӣ мерасад.

Ин нархҳои баланд на ба ҷайби ҳама мувофиқанд. Санавбар Мисайнова, як сокини шаҳри Душанбе дар бозори “Корвон”, аз фурӯшанда хост то нархи арчаро пойинтар кунад. Ин хонум 4 фарзанд дорад ва бисёр мехоҳад ки соли навро дар гирди арча таҷлил кунанд: “Мо ҳамеша Соли навро дар гирди арча бо падару модар ва хусуру хушдоманам дар хонаи яке аз онҳо таҷлил мекардем. Имсол мехоҳем, идро дар хонаи мо таҷлил кунем, барои ҳамин мехоҳам арча харам, аммо мебинам, ки нархаш бисёр гарон аст. Талош дорам, ки савдогарро ба поён бурдани нарх розӣ кунам.”

Ҳарчанд бештари ҳамсӯҳбатони мо мегуфтанд таҷлил аз Соли нави мелодӣ ҳеҷ бадӣ надорад ва онҳо ин рӯзро ба хубӣ ҷашн мегиранд, аммо иддаи дигар мегуфтанд, баръакс эҳсос мешавад, ки Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон дорад аз байн меравад.

Салим, як тоҷири ҷавон, ки мегӯяд 15 сол инҷониб ба савдои арчаву либосҳои Бобои Барфӣ машғул аст, ба ин назар аст, ки савдои тӯҳфаҳои солинавӣ сол аз сол коҳиш меёбад. Вай ба унвони мисол, мегӯяд ӯ чаҳор сол пеш на камтар аз 30 ҳазор арча савдо мекард, ҳоло ин рақам ду баробар кам шуда ба ҳудуди 15 ҳазор расидааст.

Ба гуфтаи Салим, соли нав шукӯҳи қаблиашро надорад, мардум бештар ба Наврӯз тамаркуз кардаанд: “Мардум аз хариди арча як навъ эҳсоси тарс ҳам доранд. Ба хусус онҳое, ки дар корхонаҳои давлатӣ кор мекунанд ва ба онҳо гуфта шудааст, ки бояд аз Наврӯз хубтар таҷлил кунанд.

Алишери Маҳмудҷон, ҷавони дигар дар сӯҳбати сарироҳӣ ба мо гуфт, ӯ соли навро дар коргоҳ ва берун аз хона бо дӯстонаш таҷлил мекунад. Аммо дар хона не. Зеро ба гуфтаи Алишер дар хона падарашон ба онҳо иҷозаи таҷлили Соли навро намедиҳад: “Падарам мегӯяд Соли нав хилофи Ислом аст. Соли нави динӣ нест барои ҳамин бояд ҷашн гирифта нашавад.”

Насибулло Абдуллозода, ки дар хиёбони марказии Душанбе дар назди мағозаи “Гулдаста” ба арчаҳои солинавӣ нигоҳ мекард, гуфт зиёд мехоҳад, яке аз онҳоро харад, аммо ба далели гарон будани арзиши арчаҳо ҳайрон мондаааст, ки чӣ тасмим бигирад: “Ҳарчанд ин иди мардуми тоҷик нест, аммо онро ҳар сол бо аҳли оила дар гирди арча ҷашн мегирем. Либосҳои Бобои барфӣ низ пӯшида, ба хонаи хешу таборҳо меравем. Ин ид иди ҷаҳонист. Одамон новобаста ба миллаташон бояд аз ин рӯз таҷлили кунанд.”

Ҳарчанд солҳои охир дар Тоҷикистон бештар парвардаҳои Шӯравӣ аз Соли нав таҷлил мекарданд, имсол аксари харидорони арчаву дигар ороишҳои солинавӣ ҷавонону наврасон буданд. Дар сӯҳбати сарироҳии мо ба суоли “Оё аз Соли нав таҷлил мекунед ё хайр”аксаран посухи мусбат доданд ва гуфтанд, ки арчаро низ оро хоҳанд дод.

Таҷлили Соли навро тоҷикон дар ҳоле шурӯъ карданд, ки ин кишвар дар охири солҳои 20-уми асри гузашта аз солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ даст кашида, ба солшумории шамсӣ-мелодӣ рӯ овард.

Пас аз анҷоми Ҷанги ҷаҳонии дуввум ва бо бозгашти тоҷикони иштирокдори он ҷанг, Соли нав дар Тоҷикистон аз солҳои 50-уми асри гузашта ба таври оммавӣ ҷашн гирифта мешуд.

Дар се соли ахир бо маҳкум кардан ва иди бегона хондани Соли нави милодӣ аз ҷониби иддае аз рӯҳониён, таҷлили он камранг шуд, вале шаҳрдории Душанбе аз ҳоло барои ҷашни Соли нави милодӣ тадорук дидаааст ва мегӯяд, ки ин ид мисли ҳамасола ҷашн гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG