Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2014-и милодӣ: Рӯйдодҳо ва чеҳраҳои сол


Соли 2014-и милодӣ рӯ ба поён аст. Дар ин як сол дар Тоҷикистон чӣ дигаргуниҳо рӯй дод ва 10 ҳодисаи муҳими кишвар кадомҳо буданд?

Соли 2014-и милодӣ бо зарухӯрде дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сар шуд, ки яке аз шореҳони рус онро “нахустин ҷанги соли нав дар ИДМ” номид ва пешбинӣ кард, ки вазъ бадтар хоҳад шуд. Бо вуҷуди чандин бархӯрди дигар ду кишвари ҳамҷавор тавонистанд, бо гуфтушунид ва ҳусни тафоҳум аз шиддати вазъ дар марз пешгиирӣ кунанд.

Ин мавзӯъ дар матни равобити Тоҷикистон бо Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ ва дар пасманазари рӯйдодҳои Украина, аннексияи Қрим аз тарафи Кремл, таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва даъвати Тоҷикистон ба он аҳамияти бештар пайдо кард. Бо шомил шудани Қирғизистон ба иттиҳоди нави таҳти сарварии Русия, ки то ҳол Беларус, Қазоқистон ва Арманистон узви он шудаанд, марзи мазкурро ба марзи як эътилофи нав ва Тоҷикистон табдил хоҳад дод.

Таҳримҳои Ғарб зидди Русия ва коҳиши қурби рубли русӣ ба даромади муҳоҷирони тоҷик ва вазъи сомонӣ таъсири амиқ дошт ва Тоҷикистонро дар вазъи осебпазир қарор медиҳад. Душанбе дар чунин вазъ майли бештаре ба коршарикӣ бо Чин пайдо кард ва Пекин ваъда додааст, ки дар се соли оянда ба иқтисоди Тоҷикистон 6 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Бархе аз марказҳои таҳлилӣ аз “асабоният”-и Русия дар робита ба меҳвари Душанбе-Пекин сӯҳбат мекунанд ва бархи дигар мегӯянд, боқӣ мондани Тоҷикистон дар зери таъсири Русия роҳеро ба нооромиҳои иҷтимоӣ, ошӯб ва тағйири режим боз хоҳад кард.

Дар ин замина гирдиҳамоии баргузорнашудаи “Гурӯҳи 24”-ро дастикам яке аз марказҳои таҳлилӣ ба хадамоти махсуси Русия пайванд дод. Эълони ин митинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ чораҳои шадиди амниятиро дар Душанбе ба миён овард ва ҳаросу эҳтиёткории ҳукуматро нишон дод. Дар рӯзи эълоншудаи митинг – 10-уми октябр майдони марказии Душанбе холӣ буд, аммо сӯҳбат аз эҳтимоли баргузории тазоҳурот ба ҳар хонадон сар халонд.

Мошини таблиғотии ҳукумат ҳатто Шӯрои Исломии Тоҷикистонро водошт, ки мардумро ба худдорӣ аз ҳама гуна эътирозу норозигиҳо ҳамчун “гуноҳи кабира” даъват кард.

Равобити давлат ва дин дар як соли гузашта ҳамоно дар мавқеи “тундгароии дунявӣ” боқӣ монда, таблиғоти он бештар бо иттиҳоми моҷароҳои шаҳвонии рӯҳониён ё аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон маҳдуд буд. Дар навбати худ қишри мазҳабии ҷомеа ҳамоно аз мухолифати низом бо сатри исломӣ ва манъи масҷидравии ҷавонони то 18-сола шиор мезад.

Ширкати садҳо нафар аз ҷавонони тоҷик дар ҷанги Сурия аз ҳадсу гумони соли 2013 ба изҳороту наворҳои видоеии соли 2014 табдил ёфт. Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз ширкати 300 нафар дар фаъолиятии гурӯҳи “Давлати Исломӣ” хабар доданд, аммо бархе аз ширкаткунандагони ҷангҳои Сурия теъдоди ҳамсафони худро аз Тоҷикистон болиғ аз 600 нафар медонанд.

Чун ҳаройина дар соли 2014 низ як силсила дигаргуниҳои кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ба миён омад, ки ба сурати умум таркиби давлатро зиёд дигар накарданд, ҳарчанд дар дипломатияи тоҷик таваҷҷӯҳи бештар ба ҷавонон дода шуд.

Бино бар матолиби сомонаи Радиои Озодӣ, ин шахсонро метавон то андозае чеҳраҳои хабарсози соли 2014-и Тоҷикистон номид:

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷуҳмури Тоҷикистон

Шаҳбол Мирзоев – сарбози маҷрӯҳшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Муҳиддин Кабирӣ – раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, вакили порлумон.

Шӯҳрат Қудратов – вакили ҳабсшудаи соҳибкори маҳкум Зайд Саидов.

Давлат Чолов – фармондеҳи собиқи Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон, ки дар робита ба ҷалби ҷавонон ба Сурия боздошт шудааст.

Олга Тутубалина – сардабири пешини “Азия-Плюс” барои танқид аз зиёиёни тоҷик.

Дмитрий Фирташ – миллиардери украинӣ ва коршарики Тоҷикистон.

Александр Содиқов – унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада, ки дар Хоруғ боздошт шуд.

Бобаки Занҷонӣ – миллиардери эронӣ, ки гуфта мешавад 2,7 миллиард доллари Эронро ба Тоҷикистон интиқол додааст.

Барзӯи Абдураззоқ – коргардони саршиноси тоҷик, ки ба Қирғизистон ҳиҷрат кард ва бо ҷоизаҳо ба ватан баргашт.

Низомхон Ҷӯраев – соҳибкори тоҷик, ки баъд аз хидмат ба мақомоти интизомии кишвар ва пеш аз оғози мурофиаи додгоҳияш нопадид гашт.

Сурайё Қосимова – овозхони саршинос, ки наздиконаш аз манзили ӯ пул ва ҷавоҳироташро рабудаанд.

Садриддин Тошев – фармондеҳои собиқи мухолифи давлат, маҳбусе, ки видеои шиканҷаи маҳбусонро “саҳнасозӣ” номид.

Фарзона – Шоираи Халқии Тоҷикистон, ки солгарди муҳими худро ҷашн гирифт.

Иззатуллоҳ Шарифзода – раиси Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, ки “Зорро” будани лақаби худро эътироф кард.

Умаралӣ Қувватов – раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки мардумро ба гиридиҳамоӣ даъват кард.

Санавбар Абдуллоева – соҳибкоре, ки мехоҳад, баҳси бозори “Ином”-ро байнулмилалӣ кунад.

Гулрухсор Рофиева -- ҳамшираи шафқат аз Тоҷикистон, ки дар Яман рабуда шудааст.

Ғалатӣ Баротова – фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки қаҳрамони як видеои шаҳвонӣ номида шудааст.

Мансурҷон Ҷумъаев -- раҳбари хоҷагии деҳқонии “Сарбанд"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳангоми ҳифзи марзи Тоҷикистон тир хӯрд.

Ба эҳтимоли зиёд дар ин матлаб на ҳамаи рӯйдод ва чеҳраҳои сол номбар шудаанд. Ин ҷо ёрмандии Шумо, хонандагони арҷманд зарур аст, ки матлаб такмил шавад. Хоҳиш мекунем, рӯйдод ва чеҳраҳои соли 2014-ро аз нигоҳи худ дар ҳошияи ин матлаб бинависед.

XS
SM
MD
LG