Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд аз рукуд бадар шуд. Хатлону Бадахшон чӣ?


Рушди иқтисодии вилояти Суғд ба давраи пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ баргашт.

Дар гузориши Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба рушди инсон гуфта мешавад, ки вилояти Суғд аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ дар муқоиса бо манотиқи дигари Тоҷиуистон пешгом аст. Танҳо дар соли 2011 дар ин вилоят даромади буҷа аз ҳисоби бахши хусусӣ аз 23 дарсад ба 40 фоиз расид, ки ин рақам дар ягон минтақаи дигари Тоҷикистон ба чашм намехӯрад.

Аммо ба сурати умум, рушди нобаробари минтақаҳо, ки Тоҷикистон аз замони шуравӣ ба мерос гирифта буд, бо гузашти 20 сол аз истиқлолият бартараф нагаштааст.

Мустафо Абдуллоев, сармутахассиси шӯъбаи рушди минтақаҳо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, нобаробарии пешрафти минтақаҳои Тоҷикистон чанд сабаб дорад:


«Иқтидорҳои минтақаҳои Тоҷикистон, ҳам аз ҷиҳати ҳудуд, шумораи аҳолӣ ва ҳам захоири инсониву мавқеи ҷуғрофӣ гуногунанд. Бинобар ин рушди бахши хусусӣ ҳам дар ин вилоятҳо гуногун аст. Масалан, агар дар вилояти Суғд танҳо дар соли гузашта 65 корхонаи хурду миёна ба кор шурӯъ карда бошад, вилояти Хатлон бо вуҷуди доштани аҳолии бештар танҳо 42 корхона сохта шудаасту халос».


Ҷаноби Абдуллоев гуфт, барномаи рушди минтақаҳои Тоҷикистон ки барои ҳар вилоят барои солҳои 2005-2015 қабул шуда буд. Аллакай дар вилояти Суғд бархе нишондодҳои он ба иҷро расидааст ва бинобар ин барномаи рушди ин вилоят то соли 2015 бо назардошти талаботи бештар бозбинӣ мешавад.

Кристофер Миллер, роҳбари Корпоратсияи байналмиллии молиявӣ ва барномаи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳар минтақаи ҷумҳурӣ равияи хоси иқтисодии худро дорад. Дар Хатлон бештар ба кишоварзӣ машғуланд, дар Суғд бештар саноат ва дар Бадахшон бошад, ҷаҳонгардӣ бештар рушд кардааст:

«Аммо аз ҷиҳати миқдори соҳибкорон вилояти Суғд дар ҷои аввал аст. Дар ин вилоят тиҷорат ва соҳибкории хурду инфиродӣ бештар рушд кардааст. Вақте ки дар ҳудуди нисбатан хурд миқдори зиёди соҳибкорон фаъолият мекунанд, дар он ҷо рақобат, дастрасӣ ба сарчашмаҳои молиявӣ ва инноватсия бештар мешавад».

Ҷаноби Миллер сабаби бештар рушд кардани бахши хусусиро дар вилояти Суғд ба хубтар будани мудирият ё менеҷмент дар сатҳи ҳокимияти маҳаллии ин вилоят марбут донист. Чизе, ки дар дигар вилоятҳои Тоҷикистон монеи рушди бахши хусусӣ гаштааст.

Замони шӯравӣ аксар роҳабарони баландмақом ва рақами аввали Тоҷикистон аз вилояи Суғд таъйин мешуданд ва коршиносон яке аз сабабҳои беш аз дигар вилоятҳо тараққӣ ёфтани ин вилоятро дар ҳамин медонистанд. Бинобар ин, баъди интихоб шудани роҳбари рақами аввали Тоҷикистон аз ҳисоби намояндаи ҷануби кишвар дар солҳои 90-ум, бархе аз коршиносон мепиндоштанд, ки акнун нобаробарии рушди ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ на танҳо рафъ мешавад, балки ҷануби кишвар дар иқтисодиёт пешсаф хоҳад гашт. Аммо бо гузашти 20 сол ин пешбиниҳо ҷомаи амал напӯшид. Ҳоло ҳам вилояти Хатлон дар ҷануби кишвар аз рӯи аксар нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз Суғд ақиб аст.

Чун низоми иқтисодии кишвар дигар шуд, ҳукумати Тоҷикистон ба мисли солҳои шӯравӣ дар рушди минтақаҳо саҳми калон гузошта наметавонад ва аксар маблағҳои буҷа барои пардохти маоши кормандон ва нафақа масраф мешавад, на ба сохтмони корхонаю иншооти иқтисодӣ.

Шодӣ Шабдолов вакили парлумони Тоҷикистон дар мавриди тақсими маблағҳои буҷаи Тоҷикистон ба минтақаҳо мегӯяд: «Буҷаи кишвар дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ нақши муҳим надорад ва он наметавонад рушди ҳамаи соҳаҳоро таъмин кунад. Ҳатто буҷаи Амрико, ки ба триллионҳо доллар мерасад, ба ҳамаи соҳаҳо намерасад».

Ҷаноби Шабдолов вазъи феълии вилояти Хатлонро ба нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва тороҷ шудани амволи корхонаҳои ин минтақа рабт дод. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки маҳз дар ҳамин вилоят аксари корхонаҳо хусусӣ карда шуданд ва онҳо ҳоло қариб фаъолият намекунанд. Ҳамчунин аз ҷониби Ӯзбакистон тахриб шудани ягона роҳи оҳане, ки Хатлонро бо маркази кишвар ва хориҷа мепайваст, имкониятҳои рушди ин минтақаро маҳдуд кардааст.

Фарида Мӯъминова, раҳбари шӯъбаи пажӯҳишҳои макроиқтисодии Маркази татқиқоти стратегии тоҷик мегӯяд, аз рӯи чанд нишондоди иқтисодӣ тафовут дар рушди манотиқи Тоҷикистон калон аст:


«Аз рӯи муҳимтарин нишондиҳандаи иқтисодӣ - маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ гирем, ин рақам дар Душанбе ба ҳар сари аҳолӣ 8700 сомонӣ аст, дар Бадахшон бошад, 1900 сомонӣ. Дар натиҷа фарқияти байни Душанбеву Бадахшон панҷ маротиба аст».

Хонум Мӯъминова мегӯяд, минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати рушд аз ҳам сахт фарқ мекунанд ва ҳукумати кишвар бояд бо додани сабукиҳо дар ҷамъоварии андоз ва дигар имтиёзҳо чунин минтақаҳоро аз қафомондагӣ наҷот диҳад, вагарна ин тафовут ба устувории суботу эътидоли кишвар латма мезанад.

То аввали соли 1990 Тоҷикистон чор вилоят дошт. Аммо дар соли 1990 вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа як шуда, аз ҷамъи онҳо вилояти Хатлон таъсис дода шуд.
XS
SM
MD
LG