Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи пойтахт ба ҷои сешанбе имрӯз доир шуд (ВИДЕО ва 11 АКС)


Барномаи аслии наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе, ки қарор буд рӯзи сешанбе баргузор шавад, як рӯз пеш сурат гирифт. Пешгӯии ҳавошиносон мақомотро водор кард, ки ин барномаро як рӯз пештар доир кунанд.

Ин лаҳзаҳо дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе таҷлили иди наврӯзи пойтахти Тоҷикистон оғоз шудааст. Дар ин ҷашн мақомоти ҳукуматӣ, сокинону меҳмонони пойтахти кишвар ширкат доранд. Он гуна, ки хабарнигори Радиои Озодӣ аз “Наврӯзгоҳ” хабар дод, ширкаткунандагони ҷашни наврӯзиро Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ба муносибати фарорасии Соли нави хуршедӣ, шодбош гуфт.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, пас аз табрикоти шаҳрдори Душанбе, барномаи фарҳангии театрикунонидашуда пешкаши тамошобинони ин базм гардонида шуд, ки бозгӯи таъриху пайдоиши Наврӯзи Аҷам, расму оийнҳои он аз гузашта то имрӯз аст. Ҳамчунин дар беруни "Наврӯзгоҳ" дар ҳудуди ду километр растаҳои мухталиф бо гулҳову пухтаниҳои наврӯзӣ, ҳунари дастбофӣ ва дигар анъанаҳои миллии душанбегиҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи барномаи таҳияшуда аз ҷониби шаҳрдории Душанбе қарор буд, ҷашни Наврӯзи пойтахти Тоҷикистон фардо, 24 март дар “Наврӯзгоҳ” барпо шавад. Аммо ба гуфтаи масъулони шаҳрдории Душанбе, ба сабаби номусоид омадани боду ҳаво, ин маросим ба имрӯз, 23 март гузаронида шуд. Тибқи пешгӯии Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво рӯзи 24 март боронӣ хоҳад буд, ҳарчанд ҳарорати ҳаво рӯзона 13 дараҷа ва шабона 4 дараҷаи гармӣ дар назар аст.

Ҷашни Наврӯз дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Зимнан, "Наврӯзгоҳи пойтахт", ки дар гузашта бо номи «Ипподром» маъруф буд, дар соли 2011 дар арафаи ҷашни Наврӯз сохта ва ба истифода дода шудааст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин макон ду соли пеш, мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз гардид, ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи сазовори меҳмонон ва ташкили шароити хуби фароғат ва истироҳати шаҳрвандон, ба маблағи чор миллиону сесад ҳазор сомонӣ «Наврӯзгоҳ»-и Душанберо дубора тармим ва навсозӣ кард. Ин аст, муддати чор соли ахир, на танҳо таҷлили ҷашни Наврӯз, балки дигар идҳои милливу давлатӣ дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" доир мешаванд.

Имсол барномаҳои аслии Наврӯзии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Рӯзи 22 март бо ширкати 25 ҳазор нафар дар варзишгоҳи шаҳр, базми наврӯзӣ барпо шуд. Дар он раиси ҷумҳур ва соири мақомоти баландпояи кишвар ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG