Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон таҳдид кард, ки се намояндагии Эронро мебандад


Мақомоти Эрон рӯзи 28-уми октябр хабар дод, ки Ҷамшед Шормаҳд эъдом шудааст
Мақомоти Эрон рӯзи 28-уми октябр хабар дод, ки Ҷамшед Шормаҳд эъдом шудааст

Олмон дар посух ба эъдоми Ҷамшед Шормаҳд, раҳбари гурӯҳи “Тундар”, се намояндагии Эронро дар ин кишвари аврупоӣ хоҳад баст.

Ҷамшед Шормаҳд шаҳрванди олмонӣ-эронӣ буд.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ дар бораи эъдоми ӯ рӯзи 28-уми октябр хабар доданд.

Анналена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон, рӯзи 31-уми октябр гуфт, “борҳо ба таври ошкор гуфта будем, ки эъдоми як шаҳрванди Олмон оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.”

Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, тасмим гирифта шудааст, ки се консулгарии Эронро дар Франкфурт, Мюнхен ва Ҳамбург бибанданд.

Бербок афзуд, пас аз эъдоми Шормаҳд равобити Олмон бо Эрон ба нуқтаи поинтарин расидааст. Олмон то кунун сафири худро барои машварат фаро хонда, кордори Эронро дар Берлин ба нишони эътироз эҳзор кардааст.

Ҷамшед Шормаҳд пас аз инқилоби исломии Эрон ба хориҷ рафта, аз тариқи телевизиони худаш ба зидди ҳукумати ин кишвар гап мезад. Ӯ раҳбари гуруҳи “Тундар” буд ва дар Лос-Анҷелоси Амрико мезист.

Мақомоти Эрон соли 2020 дар бораи боздошти Ҷамшед Шормаҳд хабар доданд, вале маълум нест ӯ чӣ гуна дар Ҷумҳурии Исломӣ пайдо шуд.

XS
SM
MD
LG