Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқохони 4 кӣ буд ва чӣ кард? Назарҳо аз Тоҷикистон


Мулоқоти Шоҳзода Карим Оқохони чорум бо пайравонаш дар Тоҷикистон
Мулоқоти Шоҳзода Карим Оқохони чорум бо пайравонаш дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Шоҳзода Карим Оқохони чорумро бештар бо корҳое ёд карданд, ки давоми беш аз сӣ сол созмони зери назари ӯ дар ин кишвар анҷом дода буд.

Ин пешвои мазҳабӣ, ки чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт, пас аз пошухӯрии Шӯравӣ ва дар айни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Шабакаи Рушди Оқохонро боз кард. Ин Бунёд аз кишварҳои ғарбӣ маблағ дарёфт мекард ва онро барои таъмини хӯроквории мардум, сохтмони роҳу пул, мактабу бемористон ва кашидани хатти оби нушокӣ дар Тоҷикистон сарф мекард.

Муфтии Тоҷикистон: Хидматҳои ӯро қадр мекунем

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хидматҳои ӯ дар кишвар намоён аст.

“Дӯстона, аҳлона ва бародарона зиндагӣ кардани пайравони исмоилия бо пайравони мазҳаби Имом Абу Ҳанифа далели он аст, ки раҳбари хубе буданд ва ба ҳамдигарфаҳмӣ тавсияҳо медоданд. Аз ин ҷиҳат аст, ки муносибатҳо хеле хуб ва хурсандиовар аст. Ин ҳамаро мо қадр мекунем ва ҳич вақт некӣ фаромуш намешавад. Инсон рӯзе меояд ва рӯзе меравад, лекин некиҳои инсон мемонад,”—гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Суҳбати муфтии Тоҷикистонро инҷо бинед:

Муфтӣ гуфт, Тоҷикистон некиҳои Оқохонро фаромӯш намекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Фаъолияти кори Шабакаи Рушди Оқохон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуд ва дар аксар минтақаҳои дурдасти кишвар идома ёфт.

"Бадахшонро аз гуруснагӣ наҷот дод"

Хурсанд Хуррамов, таҳлилгар ва зодаи ВМКБ мегӯяд, он замон роҳҳо аз марказ ба Бадахшон баста буданд ва мардум дар ростои гуруснагӣ қарор доштанд.

“Бо шарофат ва кумаки ӯ амалан Бадахшони Тоҷикистон аз гуруснагӣ наҷот ёфт. Дар шароите, ки ниҳодҳои давлатӣ фалаҷ шуда буданд, Шабакаи Рушди Оқохон нақши иҷтимоии давлатро бар душ гирифт. Баъдан, садҳо лоиҳаи дигарро барои беҳбудии зиндагии мардум роҳандозӣ кард. Ин сармоягузорӣ барои барқарорсозии Тоҷикистони баъди ҷангӣ кумаки зиёд кард. Ин шабака давоми 30 сол беш аз 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст,”--гуфт ӯ.

Шоҳзода Карим Оқохони чорум 68 сол имоми пайравони мазҳаби исмоилӣ дар ҷаҳон буд. Дар Тоҷикистон аксари пайравони мазҳаби исмоилӣ дар вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Исмоил Орифшоев, собиқ раиси ВМКБ аз шаҳри Хоруғ рӯзи 5-уми январ гуфт, ӯ яке аз аввалин шахсиятҳои маъруфе буд, ки дар вақтҳои вазнину ниҳоят мушкил ба мардуми Тоҷикистон дасти кумак дароз кард.

Ӯ гуфт, Шоҳзода Карим Оқохон ҳамеша ба дӯстиву иттиҳод таъкид мекард.

“Умуман, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳама вақт, на ин ки аз мазҳаби исмоилия, балки аз тамоми ислом дифоъ мекард. Дар бисёр ҷамъомадҳо, иршодҳову ҳидоятҳои башардӯстонаю одамдӯстона ва тарбияи ахлоқии Исломро таъкид мекарданд,”—гуфт ӯ.

Даъват ба оромӣ

Дар нооромиҳои соли 2022 дар вилояти Бадахшон Шоҳзода Карим Оқохон пайравонашро ба риояи оромӣ даъват кард. Дар ҳодисаҳои он сол, дар Бадахшон беш аз 40 нафар кушта ва беш аз 200 нафар боздошту зиндонӣ шуданд. Шабакаи Рушди Оқохон дар ин бора ҳеч изҳороте надод. Бо ин вуҷуд, бархурди ҳукумати Тоҷикистон бо ин Бунёд тағйир ёфт ва фаъолиятҳояш маҳдуд шуд.

Бархе моликияти ин Шабака, мисли замини Донишгоҳ, литсей ва Боғи марказии Хоруғ мусодира шуданд.

Ёдгор Файзов, раиси собиқи ВМКБ мегӯяд, ӯ ҳамеша тарафдори сулҳ буд.

“Аз байни зиёда аз 1000 баромаду васиятҳояш шумо як дона пайдо кардан наметавонед, ки ба ҷудоӣ, бартарияти як дин, равия ё халқияту маҳал, даъват ба мубориза, иваз кардани сохтори ҷамъиятӣ, хушунат ва ё фанатизми динӣ даъват ё ишорае кардааст. Ҳама вақт такя ба ақл, музокирот, плюаризм, фарқият чун боигарии маънавӣ, илм ва Қуръон кардааст,”—гуфт ӯ.

Карим Оқохон соли 1957 дар сини 21 солагӣ имоматии пайравони исмоилӣ дар ҷаҳонро бар душ гирифт. Ӯ аз афроди бонуфузи ҷаҳон ба шумор мерафт, ки ба ҷуз раҳбари рӯҳонӣ ба тиҷорат низ машғул буд. Ҷомеаи ҷаҳонии исмоилиён ба зудӣ имоми навро эълон хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG