Гузориши ниҳоии ҳайъати нозирони Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА(ODIHR) дар гузориши ниҳоияш дар бораи интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 феврал ба дасти Озодӣ расид, бори дигар таъкид кардааст, ки бар хилофи тавсияҳои САҲА ин маърака бо ҳам бар пояи қонунҳои бозмонда аз замони интихоботи соли 2006 доир карда шуд.
Гузориш мегӯяд, "интихобот дар Тоҷикистон тинҷу ором баргузор гардид, аммо талаботҳои маҳдудкунанда дар бораи бақайдгирии номзадон ба набудани интихоби васеъ ва гуногунфикрии пурмазмун оварда расонданд. Маъракаи интихоботи қолабӣ буда, имконияти раъйдиҳандагонро барои қарори воқифона намудан маҳдуд намуд. Пахши васеву мусбии фаъолиятҳои расмии Президенти феълӣ тавассути расонаҳои хабарии давлатӣ ба ӯ авзалияти бештарро фароҳам овард."
Дар интихоботи рӯзи 6 ноябр аз байни 6 номзад раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо касби 84 фоизи оро пирӯз шуд. Номзади ягонаи мухолифин – Ойниҳол Бобоназарова – ҳанӯз дар марҳалаи ҷамъоварии имзоҳо – аз корзор берун шуд, чунки ситодаш натавонист дар мӯҳлати кӯтоҳ 210 000 имзои барои сабти ном заруриро ба Кумиссиюни марказии интихобот бисупорад.
Гузориши ниҳоии нозирони САҲА мегӯяд, мақомоти интихоботии Тоҷикистон талошҳое анҷом доданд, ки ин маърака ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи шаффоф доир шавад, вале ин хеле нокофӣ буд ва аз ҷумла дар ҳоле ки дар кумиссиюни марказӣ намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳузур доштанд, дар зинаҳои поёнӣ онҳоро ба раванди ташкили ниҳодҳои интихоботӣ роҳ надоданд. Дар гузориш дар як банди алоҳида қазияи Зайд Саидов баён шудааст, ки дар пешорӯи интихобот баъди азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ боздошт ва дар поёни соли 2013 бо ҷурмҳои сангине ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.
Бардошти умумии нозирони САҲА ин аст, ки маъракаи пешазинтихоботӣ сарфи назар аз талошҳои мақомот «хеле ноайён буда, диққати начандон зиёдеро ба худ қалб намуд... Президенти феълӣ ташрифҳои баръало пахшгардидаи худро саросари кишвар анҷом дод. Мақомот механизми ҳифзкунандаеро барои пешгирӣ намудани сӯъиистеъмоли захираҳои маъмурӣ ва тафовут байни давлат ва ҳизби сиёсии ҳоким дар аксари вақт норавшан буд, ки ин бархилофи Моддаи 5.4-и Санади Копенҳагени САҲА 1990 дониста мешавад. Аксарияти номзадон фикрҳои мухолифи Президенти кунуниро изҳор нанамуданд. Дар умум, маъракаи интихоботӣ қолабӣ гузашта, баҳси сиёсиро ба вуҷуд наовард, ки он барои муҳити рақобатноки маърака, ки дар он ба овоздиҳандагон интихоби васеъ фароҳам оварда мешавад, муҳим мебошад.»
Ҳайъати нозирони САҲА дар маҷмӯъ ба давлати Тоҷикистон дар пайи интихоботи ахир 34 тавсия ироа кардааст. Аз ҷумла аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки бо бознигарии тамоми қонунҳои интихоботиаш ин ҳамаро дар як Кодекси умумӣ гирд биорад. 9 тавсияи аввали омада дар ин гузориш, ки нозирони Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА «тавсияҳои аввалиндараҷа» унвон мекунанд, аз ин қарор аст:
"1. Заминаи ҳуқуқӣ азназаргузаронии ботафсилро бо мақсади тадбиқи тавсияҳои қаблӣ ва кунунии САҲА/ДИДҲБ баҳри бештар мутобиқ сохтани он бо ӯҳдадориҳои САҲА ва дигар меъёрҳои байналмиллалии марбут ба интихоботҳои демократӣ тақозо менамояд. Метавон масъалаи ҳамаи қонунгузориҳои марбут ба интихоботро дар як кодекси умумӣ ҷой доданро мавриди баррасӣ қарор дод. Ислоҳотҳо бояд ба таври иштироки комилан васеъ ва шаффоф пеш аз вуқӯи интихоботҳои оянда амалӣ карда шаванд.
2. Барои пешбарӣ ва таъин намудани коммиссияҳои интихоботӣ бояд талаботҳои возеҳу равшан муқаррар карда шавад. Қонун бояд кафолати онро диҳад, ки коммиссияҳои интихоботӣ дар ҳақиқат аз ҳукумат новобаста бошанд, ба қадри кофӣ ширкати васеъро таъмин намоянд ва гуногунфикриро бо мақсади ба даст овардани эътимоди калон ба кори худ талқин намоянд. Масъалаи ворид намудани механизмҳоеро, ки иштироки бештари занҳоро дар идоракунии интихобот, аз ҷумла дар нақшҳои ҳалкунанда таъмин менамояд, метавон баррасӣ намуд.
3. Бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки дақиқӣ ва мукаммалии қайди овоздиҳандагон бо мақсади пуштибонӣ аз баробарӣ дар ҳуқуқҳои интихоботӣ баланд бардошта шавад. Бо мақсади возеҳу равшан муайян намудани он, ки кадом ҳуҷҷатҳои мушаххаскунанда барои дар рӯйхати овоздиҳандагон ворид кардан боэътибор дониста шаванд, проседураҳо бояд таҷдид гарданд. Овоздиҳандагони қобили қабул набояд аз рӯйхатҳои овоздиҳандагон бе ягон талаботи махсуси қонунӣ хориҷ карда шаванд ё алоҳида нишон дода шаванд.
4. Маҳдудиятҳои беасоси ҳуқуқ ба интихоб шудан бояд аз чаҳорчӯбаи қонун дур карда шаванд. Масъалаи баланд бардоштани талаботи вобаста ба истиқомат бояд баррасӣ карда шавад ва талаботи забондонӣ бояд тибқи муқаррароти муфассал ва воқеъбинона танзим карда шавад. Илова бар ин, номзадони худпешбаришуда бояд дорои ҳуқуқи ширкат дар интихоботро дошта бошанд.
5. Бо мақсади рушду равнақи муҳити маърака, монеаҳои беасоси боқимонда доир ба озодии сухан бояд аз чаҳорчӯбаи қонун берун карда шавад.
6. Васоити хабарии давлатӣ тавассути пахшҳои иттилоотӣ ва барномаҳои роҷеъ ба масъалаҳои умумиҷамъиятӣ бояд кӯшиши бештареро ба харҷ диҳанд, ки иттилооти бетарафона ва баробарвазнро дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо пешкаш намоянд. Пахши Президенти кунунӣ бояд дар доираи принсипҳои баробаробарӣ баҳри таъмини сатҳи майдони бозӣ барои номзадҳо ба танзим дароварда шавад.
7. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар ҷараёни интихобот, қонун тағйиру иловаҳоро ҷиҳати таъмини назорати бетарафона аз ҷониби шаҳрвандон тақозо менамояд.
8. Кӯшишҳои якҷояи мақомот, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори ба интихобот алоқаманд баҳри роҳ надодан ба таҷрибаҳои паҳнгашта ва доимӣ дар хусуси овоздиҳии ҷандкарата ва ба ҷои дигар кас амри зарурӣ дониста мешавад. Қоидавайронкунии ҷиддӣ дар рӯзи интихобот бояд таъҷмлан мавриди кашф қарор гиранд, чунки ин гуна таҷрибаҳо масъалаи мукаммалиро дар раванди интихобот коста мегардонад. Қонунвайронкунандагон, аз ҷумла аъзоёни коммиссияҳои интихоботӣ, ки дар чунин таҷрибаҳо даст доранд ё ба онҳо таҳаммул доранд, бояд мавриди таҳқиқ қарор гиранд.
9. Баҳри баланд бардоштани сатҳи шафофият ва эътимод ба натиҷаҳои интихобот, натиҷаҳои пешакӣ ва ниҳоӣ бояд аз рӯи участкаи интихоботӣ ва ҳавза интишор шаванд. Натиҷаҳо бояд шумораи умумии овоздиҳандагон ва иштироки дар ҳар як участкаи интихоботӣ, инчунин шумораи овозҳои боэътибор ва беэътибор, овозҳои додашуда ба ҳар як номзад, миқдори варақаҳои раъйдиҳӣ корношоямшударо дарбар гирад."
Ҷараёни интихоботи президентии рӯзи 6 ноябри Тоҷикистонро беш аз 500 нозири хориҷӣ, бо шумули 165 нозири кӯтоҳмуддату дарозмуддати САҲА ва 150 нозир аз Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ назорат мебурданд. Ба фарқ аз нозирони САҲА, нозирони кишварҳои пасошӯравӣ интихоботи Тоҷикистонро озоду демократӣ номиданд. Аммо нозирони САҲА, ки аз соли 2000 ба ин сӯ ҷараёни интихоботҳои Тоҷикистонро назорат мебаранд, то ҳол ягон корзори интихоботӣ дар ин кишварро ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ эътироф накардаанд.