Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи матбуоти САҲА: Аз ҳукми сангин ва номуносиби Мирсаидов нигарон шудам. ВИДЕО


Намояндаи САҲА дар умури озодии баён ва матбуот Ҳарлем Дезир дар изҳороти рӯзи 11 июлаш аз ҳукми 12 соли зиндони журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт, “аз ҳукми сангин ва номуносибе, ки ба журналист, бахусус дар робита иттиҳоми азхудкунии 124 ҳазор сомонӣ (тахминан 11,521 евро) содир шуд, нигарон шудам”. Вай аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидовро билофосила озод кунанд ва “озодии ӯро дар навиштани гузориш дар ҳама мавзӯъҳо ва бидуни тарси таъқиб шудан” таъмин кунанд.

Ин ҳукм рӯи ҷомеаи журналистӣ чунин таъсир мекунад, ки ҳар яке интизор аст, ки ҳар лаҳза метавонанд ба ҳар гуноҳе бошад ӯро беш аз 10 сол зиндонӣ кунанд. Эҳсоси худсонсуриро зиёд мекунад ва боварӣ ба мақомоти судию додситониро комилан коҳиш медиҳад

Намояндаи САҲА дар умури озодии баён дар муддати боздошти Мирсаидов ду дафъа – моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ бо пахши изҳорот аз боздошти журналист ба хотири иҷрои фаъолиятҳои касбиаш изҳори ташвиш карда буд.

Қаблан сафоратҳои ғарбии мустақар дар Тоҷикистон ҳам дар як изҳорот ҳукми 12 соли зиндони журналист Хайрулло Мирсаидов "сангин" ва "мояи нигаронӣ" номиданд ва аз ҳукумат бозбинии ҳукмро тақозо карданд.

Дар изҳороти муштараки сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ки рӯзи 11 июл пахш шуд, аз ҳукми 12 соли зиндони додгоҳи Хуҷанд нисбати журналист ва раҳбари гурӯҳи ҳаҷвнигорони КВН Хайрулло Мирсаидов нигаронии амиқ баён шудааст.

12 соли зиндони низомаш сангин

​Додгоҳ рӯзи 11 июл Мирсаидовро дар нақзи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро ба мӯҳлати 12 соли зиндони низомаш сангин айбдор кард. Додгоҳ қарор кард, ки гуноҳи Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд исбот шудааст.

Вакили дифои журналист ин ҳукмро "ноодилона" хонда гуфт, ки барои бозбинӣ шудани парванда ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мекунад.

Дар изҳороти сафоратҳои кишварҳои Аврупо ва ИМА шоми 11 июл гуфта мешавад, ки ҳукми Мирсаидов "хеле сангин" буда, "ба ҷинояте, ки ӯ айбдор шудааст, мувофиқат намекунад". Дар матн, аз ҷумла омадааст:

"Ин ҳукм ба озодии cухан ва баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад ва мо даъват менамоем, ки мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон ин ҳукмро аз нав дида бароянд". Сафоратҳои Аврупову ИМА дар идома навиштаанд, ки ҳукми додгоҳ "имконияти ҳамкориро бо Тоҷикистон дар амри беҳбуди идораи давлатӣ, ҳамчун шарики рушд, заиф хоҳад кард".

​Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "мурофиаи одилонаи судӣ ба манфиати худи Тоҷикистон" аст ва "ба хотири кафолати пуштибонии кишварҳои шарик дар амри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва нақшаҳои рушд муҳим мебошад".

Human Rights Watch: Ҳукми додгоҳ амиқии бӯҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро ба намоиш гузошт

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch, ки шурӯъ аз боздошти Мирсаидов ин парвандаро интиқод кардааст, ҳукми додгоҳро шадидан интиқод кард. Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар ин созмон дар як вокунишаш гуфт, дар сурати бетағйир мондани “ҳукми сангини журналист ва як шахси ошкоргӯ ин на танҳо шаппотие ба обрӯи касби журналистика дар Тоҷикистон, балки ба рӯи ҳар як шаҳрванди ин кишвар хоҳад буд”.

Свердлов мегӯяд, журналистон “бояд ҳақи иҷрои масъулиятҳои касбии худро дошта бошанд ва аз рӯи иттиҳомоти сиёсӣ ба зиндон маҳкум нашаванд”. Вай мегӯяд, ҳукми додгоҳи Хуҷанд баёнгари он аст, ки “дар Тоҷикистон ҳар шахс дар ҳар замон метавонад тамғаи ҷинояткорро бигирад ва танҳо ба хотири баёни озоди мавқеаш муҷозот шавад”.

Ин масъули Human Rights Watch аз ҷомеаи байналмилалӣ, ба вижа ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо тақозо кард, ки озодии беқайдушарти Мирсаидовро талаб кунанд. “Ҳамкорони байналмилалии Тоҷикистон бояд масхараи адолатро маҳкум кунанд”, гуфтааст Свердлов.

Amnesty International: Тоҷикистон бояд Хайруллоро озод кунад

Қабл аз ин намояндаи дафтари Amnesty International дар шаҳри Маскав Александр Артемйев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 11 июл ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар нисбати Хайрулло Мирсаидовро ба шиддат интиқод кард.

Александр Артемйев

Вай гуфт, “маҳкумияти Хайрулло як ҳамлаи ошкоро ба озодии баён дар Тоҷикистон аст. Мо аз оғоз ин парвандаро сиёсӣ арзёбӣ мекардем. ҳазф шудани як модда аз парвандаи ӯ фикри моро тағйир надод. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, ки журналистро билофосила озод кунанд. Умедворем, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро аз рӯи қавонини байналмилалӣ, аз ҷумла дар амри риояи озодии баён, иҷро хоҳад кард”.

Артемйев гуфт, ки созмони Amnesty International дар робита бо ин қазия дар фурсати наздик изҳори назари худро нашр мекунад.

Ҳукми Мирсаидов: “Ҷомеаи журналистӣ дар интизори адолат фиреб хӯрд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00

Додгоҳ гуфт....

Илова ба қарори 12 соли зиндон, додгоҳ гуфт, ки баъди анҷоми мӯҳлати зиндон Мирсаидов ҳақи дар давоми 2 соли дигар ҳақи ишғоли вазифа дар созмонҳои ҷамъиятиро надорад.

Ҷӯрахон Раҳмон, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва масъули бозбинии ин парванда зимни қироати ҳукм гуфт, Мирсаидов ба ҳайси раҳбари КВН-и Тоҷикистон ба хазинаи давлат 123 ҳазор сомонӣ (тахминан 14 ҳазор доллар) зарар расонид ва он зарари молӣ ба манфиати давлат рӯёнида шавад. Ӯ гуфт, ба сабаби он ки Мирсаидов ин маблағи зарарро қаблан пардохт накард, нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 245 – “исроф ё азонихудкунӣ” ҷазои ҳабс татбиқ гардид.

Додгоҳ ҳамчунин ба Олим Зоҳидзода тавсия дод барои рӯёнидани ҷуброни зарҳои моддиву маънавии худ аз амали Мирсаидов ба додгоҳ бо даъвои нав муроҷиат кунад.

Мирсаидов дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ чизе нагуфт, вале хеле рӯҳафтода шуд. Модари ӯ ин ҳукмро ногаҳонӣ ва ноодилона хонда гирист.

Умедвории наздикон

Хайрулло Мирсаидов 5 декабри соли 2017 боздошт шуд. То лаҳзаи эълони ҷазо Мирсаидов, вакили дифои ӯ, пайвандону дӯстонаш умедвор буданд додгоҳ далелҳои пешовардаи ӯро дар назар гирифта, ӯро раҳо ё ҳадди ақал ҷазои ғайриҳабсӣ медиҳад. Вале эълони ҷазои 12 соли ҳабс ҳамаро дар ҳоли шок гузошт.

Вақти эълони ҳукм аз 4 вакили дифои Мирсаидов танҳо яке аз онҳо - Дилафрӯз Самадова ҳузур дошт. Ӯ баъд аз анҷоми қироати ҳукм дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷазои таъинкардаи додгоҳро хеле сангин меҳисобад ва аз зинаи болоии додгоҳ бозбинии парвандаро талаб хоҳанд кард.

“Ҷомеаи журналистӣ дар интизори ҷавоби одилона фиреб хӯрд”

Ба 12 сол маҳкум шудани Хайрулло Мирсаидов дар дохили ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ба вокунишҳои тунд рубарӯ шуд. Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, ҷомеаи журналистӣ “дар интизории ҷавоби одилона фиреб хӯрд.”

Роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ афзуд, баъд аз ҳазфи моддаи барангехтани кинаю адовати миллӣ ҳамагон умед доштанд, ки парванда баста ва Мирсаидов бо баргардондани маблағи баҳсӣ озод хоҳад шуд.

Хуршеди Атовулло

Хуршед Атовулло афзуд, ин ҳукм рӯи ҷомеаи журналистӣ таъсири манфӣ мегузорад.

“Ин ҳукм рӯи ҷомеаи журналистӣ чунин таъсир мекунад, ки ҳар яке интизор аст, ки ҳар лаҳза метавонанд ба ҳар гуноҳе бошад ӯро беш аз 10 сол зиндонӣ кунанд. Эҳсоси худсонсуриро зиёд мекунад ва боварӣ ба мақомоти судию додситониро комилан коҳиш медиҳад. Ҳар рӯзноманигоре, ки аз ақалан ҷониби додситонӣ ё касе ҳаст айбдор мешавад, ин маънои онро дорад, ки ӯ рост ба зиндон меравад,” - гуфт ӯ.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ аз ҳукми Мирсаидов изҳори норизоиятӣ карда мегӯянд, интизор доштанд ӯ аз толори мурофиа озод мешавад.

Шоира Давлатова, роҳбари ташкилоти ҷамиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” мегӯяд, факту далелҳое, ки аз ҷониби ҳимоятгарон барои тасдиқи бегуноҳии ӯ пешниҳод шуда буд, асос барои озодии ӯ буд.

Бо ин ҳама хонум Давлатова афзуд, Хайрулло Мирсаидов ҳоло имкон дорад аз болои ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Сухани охирини Мирсаидов: Обрӯи тоҷиконро боло бурдам

Мирсаидов дар сухани вопасинаш рӯз 10 июл дар додгоҳ гуфт, ӯ пулҳои аз буҷа барои КВН ҷудогардидаро ба манфиати худ масраф накардааст. Ӯ дар шарҳи 124 ҳазор маблағҳои ба қавли мақомоти тафтишотӣ, “ғайримақсаднок масрафгардида” гуфт, ки гоҳе аз рӯи зарурат маблағро барои пӯшонидани хароҷоти аз қабл пешбининашуда барои КВН дар Русия истифода кардааст. Вале мақомоти санҷиш баъзе чекҳои ӯро қабул накарданд.

Вай гуфт, барои баъзе хароҷот, масалан - либоси миллӣ аз бозор - натавонистанд чек пешниҳод кунанд. Ӯ афзуд, КВН-и Тоҷикистон таҳти раҳбариаш тавонист симои тоҷиконро, ки дар саҳнаҳои ҳаҷвии Маскав “Равшану Ҷамшуд” сохта буданд, то андозае ба самти мусбат тағйир диҳад ва заковату ҳозирҷавобӣ ва танзу шухиҳои тоҷиконро ба намоиш гузорад.

Ӯ гуфт, то то кунун барои ин кораш аз касе на пул, на унвону мансаб талаб накард ва ҳама душвориҳову мушкилоти молии КВН-ро, ки доимӣ рӯ ба рӯ буд, таҳаммул кард. Аммо дар пайи расонаӣ кардани танқиди собиқ сардори раёсати ҷавонон, ки аз ӯ бо роҳи харидани микрофону додани чек ба ӯ 1 ҳазор доллар ришват хост, мақомот алайҳи худи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва ҳоло ҳудуди 6.5 моҳ паси панҷара сипарӣ мекунад.

Мирсаидов аз ҳуқуқи танқиди озод истифода кард

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Мирсаидов рӯзи сешанбе гуфт, дар ҳоле ки Тоҷикистон аз озодии сухан ҷонибдорӣ мекунад ва аз рӯи қонунҳои кишвар таъқиб барои танқид дар Тоҷикистон манъ аст, Мирсаидов маҳз баъди танқиди раҳбари собиқи раёсати ҷавонони Суғд, ки аз ӯ бо шевае 1 ҳазор доллар ришва талаб дорад, дар як муроҷиатномаи нашрнамудаи худ дар моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби мақомот дастгир гардид.

Хайрулло Мирсаидов бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла "барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ" муттаҳам эълон шуда буд. Вале 21-уми майи имсол додситонӣ гуфт, тафтишот ин моддаро бинобар сабаби исбот нашудан аз парвандаи Хайрулло Мирсаидов берун кард.

Инчунин, тафтиши додситонӣ маълум кардааст, ки ӯ на беш аз 300 ҳазор сомонӣ пули буҷет, балки тақрибан 100 ҳазор сомониро гӯё "барои харҷҳои хусусӣ ва ғайримақсаднок" истифода намудааст.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.

Ӯ 6 моҳ боз дар боздошгоҳи муваққаттии шаҳри Хуҷанд дар ҳабс қарор дорад. Боздошти Мирсаидов боис ба интиқоди зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон шуд. Онҳо озодшавии билофосилаи журналисти маъруф ва ташкили додгоҳи озоду мунсифонаро талаб доранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG