Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 3 хоҳар ва 2 домоди Шарофиддин Гадоев баъди "сӯҳбат" бо мақомот


Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Се хоҳар ва ду язнаи Шарофиддин Гадоев баъд аз "сӯҳбат"-и тӯлонӣ соати 21:30-и шаби 7 октябр озод шудаанд. Мақомот аз онҳо дар бораи бародарашон ва видеои баҳсбарангези 2 октябр пурсидаанд.

Мақомоти интизомии Фархори вилояти Хатлон баъди “сӯҳбати тӯлонӣ” дар бораи он ки чӣ гуна навори гуфтугӯи кормандони Идораи амнияти ин ноҳия бо волидони Шарофиддин Гадоев, соҳибкори фирорӣ, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, се хоҳар ва ду домодашонро раҳо кардаанд. Раҳматулло Гадоев, бародари Шарофиддин, гуфт, раҳоии хоҳарон ва ду язнааш соати 21:30-и шаби 7 октябр сурат гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, мақомот аз Моҳрухсор, Гулрухсор, Заниҷармоҳ Гадоеваҳо ва домодашон -- Сафар Давлатов ва Ғайбулло Саидалиев, ки субҳи 7 октябр аз манзилашон барои “сӯҳбат” бурда шудаанд, бештар дар бораи Шарофиддин Гадоев ва чӣ гуна ба интернет роҳ ёфтани навори радду бадали маъмурони амниятӣ бо волидонашонро пурсидаанд. “Аз онҳо суол кардаанд, ки чаро ба расонаҳо дар бораи фишор ба хонаводаамон суҳбат кардаанд. Онҳо мехоҳанд маълум кунанд, ки видеои суҳбати онҳо аз тарафи кӣ сабт шуда ва ба Шарофиддин фиристодааст”,-афзуд ӯ.

Назари сардори ШКД-и Фархор

Аз ин пеш, Сафаралӣ Тағоев – сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор рӯзи 7 октябр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ сарусадоҳо дар бораи боздошти пайвандони соҳибкори фирорӣ Шарофиддин Гадоевро рад кард ва гуфт, онҳо барои “сӯҳбат” даъват шуда, баъди анҷоми ин “сӯҳбат” ба манзилашон баргаштаанд.

Раҳматулло Гадоев, бародари Шарофиддин Гадоев, соҳибкори фирорие, ки дар Испания паноҳ бурдааст, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан соати даҳи субҳи 7 октябр гурӯҳи кормандони мақомоти қудратӣ ба манзили зисташон дар кӯчаи Александр Мироненко дар маркази Фархор даромада, падараш Мирзоалӣ Гадоев, модараш Оишамоҳ Абдуллоева ва хоҳарашу домодашон -- Моҳрухсор Гадоева ва Ғайбулло Саидалиевро бо худ бурдаанд. Вай мегӯяд, “вақте ба хонаи мо зада даромаданд, ягон ҳуҷҷат пешниҳод накарданд ва ҳатто нагуфтанд,ки инҳоро барои чӣ мебаранд ва ба куҷо мебаранд?”

Аммо Сафаралӣ Тағоев ба Озодӣ гуфт, хешу табори Шарофиддин Гадоевро расман бар асоси қонунҳои ҷорӣ дар ҷараён гузошта, сипас ба шӯъба барои танҳо як “сӯҳбат” овардаанд. Сардори пулиси Фархор гуфт, пайвандони Шарофиддин Гадоев бидуни ҳеҷ маҷбур кардан аз тарафи мақомоти интизомӣ тақрибан ним соат пурсиш шуданд ва пас аз пурсиш онҳоро раҳо кардаанд.

Ҷаноби Тағоев афзуд,ки танҳо бо хоҳари Шарофиддин - Моҳрухсор Гадоева ва модараш - Оишамоҳ Абдуллоева сӯҳбат шудааст. Ӯ гуфт, нисбат ба онҳо ҳеҷ гуна аз зӯр кор гирифта нашудааст ва мақомот қабл аз вуруд ба манзили онҳо худро расман муаррифӣ кардаанд: “Ҳоло пайвандони Шарофиддин Гадоев дар манзили зисташон ҳастанд ва ҳеҷ гуна фишоре дар нисбати онҳо ҷой надорад.”

Оиша Абдуллоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин "сӯҳбат" бо онҳо дар шӯъбаи амнияти ноҳияи Фархор ва асосан пиромуни писараш Шарофиддин Гадоев ва фаъолиятҳои ӯ ба зидди ҳукумат сурат гирифтааст. Оиша Абдуллоева мегӯяд, мақомоти амниятӣ аз он гила кардаанд, ки рӯзи 2 октябр "сӯҳбат"-и қаблии мақомот дар манзили онҳоро кадоме сабт карда, ба Шарофиддин Гадоев фиристодааст. Гадоев дар посухи дар Интернет додааш ба фишорҳои мақомот алайҳи аҳли хонаводаи ӯ пораҳое аз он наворҳоро низ нашр карда буд.

Ба гуфтаи наздикони Шарофиддин Гадоев, ду хоҳари ӯ - Занҷира ва Моҳрухсор - ва шавҳарони ҳардуи онҳо ҳанӯз таҳти пурсиши мақомоти амниятӣ қарор доранд. Мақомот, ба гуфтаи онҳо, мехоҳанд маълум кунанд, ки радубадалҳои амниятиҳо бо аҳли хонаводаи Шарофиддин Гадоев дар манзили ин хонавода дар рӯзи 2 октябрро кадоме аз хешу табори ин соҳибкори фирорӣ сабт карда, ба хориҷ фиристодааст?

Ҳафтаи гузашта наздикони Шарофиддин Гадоев ба Озодӣ хабар доданд , ки баъд аз зӯҳри 2 октябр гӯё мақомот ба манзили Гадоевҳо омада, аз падару модари ӯ хостаанд, то дар мазҳари ом аз тариқи видео эътироф кунанд, ки ин фарзандашон "нохалаф" баромадааст ва онҳо аз рафтори ӯ розӣ нестанд ва маҳкумаш мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, онҳо гӯё бо худ як матни аз пеш омодашударо оварда, волидони Шарофиддин Гадоевро алакай сабт кардаанд. Шарофиддин Гадоев рӯзе баъд навори ин ташрифи мақомот ба хонааш дар маркази ноҳияи Фархорро дар Интернет нашр кард ва дар як паёми тунди ҷавобӣ гуфт, ҳатто агар ҳамаи наздиконашро ба зиндон бикашонанд ҳам, аз муборизааш алайҳи ҳукумати кунунӣ даст нахоҳад кашид.

Р.Раҳимзода: Ба эътироз дар Душанбе роҳ нахоҳем дод

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 7 октябр гуфт, раҳбарони "Гурӯҳи 24" бо пули "корфармоён"-и хориҷӣ мардумро ба эътирозҳо дар маркази Душанбе даъват карда истодаанд, вале мардуми тоҷик дигар ба чунин "иғво" дода намешавад.

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабаргузории русии ТАСС (собиқ ИТАР-ТАСС) гуфтааст, онҳое ки ба гирдиҳамоии эътирозии ғайриқонунӣ даъват мекунанд, “ҷинояткорон”- мебошанд, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд. Раҳимзода гуфт, “дар пушти онҳо танҳо силсилаи ҷиноятҳост ва онҳо дар ҷомиа пуштибон надоранд.” Вазири корҳои дохилаи Тоҷиикистон гуфт, муаллифони даъватҳо ба эътироз – раҳбарони “Гурӯҳи 24”, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, қасди “ба ҳам задани вазъ, эҷоди ҷудоӣ дар ҷомеаро дошта, яъне мехоҳанд бо ин роҳҳо пули аз “корфармоён”-и хориҷӣ гирифтаашонро тавҷеҳ кунанд.”

Рамазон Раҳимзода ба ИТАР –ТАСС гуфтааст, мақомоти интизомии Тоҷикистон вазъро таҳти назорат доранд ва байни мардум корҳои профилактикӣ анҷом медиҳанд. Ӯ афзуда, ки “ воҳидҳои интизомии мо дар режими маъмулӣ кор мекунанд, вале дар ҳар лаҳза ин режим метавонад тақвият дода шавад.” Ба ақидаи вазир, мардуми тоҷик, ки дар оғози солҳои 90 азоби ҷанги шаҳрвандии харобиоварро чашидааст, дигар ҳеҷ гоҳ ба иғво дода нахоҳад шуд: “Мо роҳ нахоҳем дод, чунки мардуми мо сабақҳои ҷанги шаҳрвандии ахирро, ки мунҷар ба ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта шуду иқтисодро хароб кард ва кишвари моро барои даҳсолаҳо ба қафо андохт, хуб омӯхтааст.”

Дар рӯзҳои охир дар Интернет даъватҳо барои баргузории як намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе баланд шудаанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, шаби 4 октябр нирӯҳои умруи дохила дар майдони Дӯстии пойтахт шеваҳои пароканда кардани тазоҳуротҳоро машқ кардаанд. Дар Интернет навори видеоие ҳам пайдо шуд, ки ба иддаои ноширонаш, лаҳзаҳои бо истифода аз мошинҳои обпош пароканда кардани “эътирозгарон”-и шартӣ дар маркази Душанберо дар ҷараёни ин машқҳо намоиш медиҳад.

Рамазон Раҳимзода ба ин тартиб, нахустин мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба таври ошкор дар бораи даъватҳо ба баргузории намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе бо матбуот сӯҳбат кард.

Дархости манъи фаъолияти "Гурӯҳи 24"

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 октябр бо нашри як изҳороти вижа созмони мухолифи "Гурӯҳи 24"-ро ба талоши ғасби ҳукумат айбдор кард ва гуфт, бо ироаи як "аризаи даъвогӣ" аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, то ин созмонро ҳамчун "ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ)" эътироф ва фаъолияташро манъ кунад.

Матни пурраи изҳороти додситонии кулл чунин аст:

"Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, ки гурӯҳи мазкур аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватов Умаралӣ Изатович, ки бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ ва азонихудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад, таъсис дода шудааст. Мақсади асосии он бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қувватов У.И. ва дигар намояндагони ин гурӯҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми шарифи Тоҷикистонро бобати ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ ҳидоят намуда, онҳоро рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон

Бинобар ин, бо мақсади таъмини амнияти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми соҳибтамаддуни он, сулҳу субот ва бехатарии ҷомеа Прокуратураи генералӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуд."

"Гурӯҳи 24" тақрибан дар соли 2012 дар пайи аз Тоҷикистон фирор кардани соҳибкорон Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев таъсис ёфт. Онҳо иддао доранд, ки ширкатҳои "Тоҷирон" ва "Фароз"-и марбут ба ин ду соҳибкорро гӯё Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз худ кардааст.

Дархости манъи фаъолияти "Гурӯҳи 24" дар ҳоле аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон ба Додгоҳи олии ин кишвар ироа мешавад, ки дар дастикам ду моҳи охир дар чанд шаҳри Русия бо ибтикори сохторҳои марбут ба ин созмон таҷаммӯъҳои эътирозии шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи сиёсати ҳукумати кунунии ин кишвар сурат гирифтанд ва дар Интернет даъватҳо барои баргузории чунин як эътироз дар Душанбе баланд мешавад.

"Рӯйхати сиёҳ"-и созмонҳое, ки фаъолияташон аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон манъ шудааст, то имрӯз тақрибан 12 ҳизбу гурӯҳ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизб-ут-Таҳрир, Ал-Қоида, Толибон, Ихвонулмуслимин, Ансоруллоҳ, Салафия, Ҷамоати Таблиғро фаро мегирад.

У.Қувватов., Ш.Гадоев ва "Гурӯҳи 24" аз куҷо омад?

Шарофиддин Гадоев ва шарикаш Умаралӣ Қувватов, ки ду сол пеш тарки Тоҷикистон карданд, иддао доранд, тиҷорати муваффақи онҳо дар Тоҷикистон аз сӯи Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ғасб шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳардуро дар тахаллуфоти молӣ айбдор карда, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳанӯз 28 январи соли 2013 Шарофидин Гадоевро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода, ин соҳибкорро бар асоси моддаи моддаи 289, қисми 1 (қочоқ) ва моддаи 340, қисми 2, банди "в" (сохтакории аснод бо истифодаи техникаи компютерӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам кард. Гуфта мешавад, Шарофиддин Гадоев гӯё моҳи феврали соли 2012 тариқи посгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон 30 мошини «Шаанҳи Делонг» (миёни мардум маъруф ба «Дулан»)-и истеҳсоли Чинро, ки амалан 49 700 доллар қимат дорад, 8000-долларӣ ҳуҷҷат карда, 14 миллиону 029 ҳазору 78 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро насупурдааст. Шарофиддин Гадоев ин иттиҳомотро рад карда мегӯяд, мақомот ба маҳзи таъсиси “Гурӯҳи 24” алайҳи ӯву Қувватов парвандаҳо кушодаанд.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди Гадоевро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид рӯзи 23 июли соли равон ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст.

Талоши мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди шарики Шарофиддин Гадоев – Умаралӣ Қувватов – низ ба нокомӣ анҷомид. Қувватов моҳи декабри соли 2012 дар Дубай бо дархости Душанбе аз сӯи Интерпол дастгир шуд, вале дар моҳи сентябри соли 2013 додгоҳи Имороти Араб супурдани ӯ ба дасти Душанберо рад кард.

Ҳоло Гадоеву Қувватов ва тарафдорони онҳо созмони мухолифи "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дода, дар пойгоҳи интернетии “Зелло” радиое бо номи «Тоҷикистони нав”-ро ба кор андохтаанд.

XS
SM
MD
LG