Наздикони Шарофиддин Гадоев, соҳибкори фирорӣ ва аз мунтақидони давлати Тоҷикистон, ки дар Испания паноҳ бурдааст, мегӯянд, мақомоти қудратӣ ба аҳли хонаводаи ӯ фишор меоранд.
Яке аз наздикони Шарофиддин Гадоев ба Озодӣ хабар дод, ки баъд аз зӯҳри 2 октябр гӯё мақомот ба манзили Гадоевҳо омада, аз падару модари ӯ хостаанд, то дар мазҳари ом аз тариқи видео эътироф кунанд, ки ин фарзандашон "нохалаф" баромадааст ва онҳо аз рафтори ӯ розӣ нестанд ва маҳкумаш мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, онҳо гӯё бо худ як матни аз пеш омодашударо оварда, волидони Шарофиддин Гадоевро алакай сабт кардаанд.
Ин хабар аз сӯи мақомоти ноҳияи Фархор ҳанӯз расман рад ё тасдиқ нашудааст. Мақомоти амниятии ноҳияи Фархор иддаои наздикони Шарофиддин Гадоев дар бораи таҳти фишор қарор гирифтани онҳоро низ то ҳол шарҳ надодаанд.
Аз ин пеш Раҳматулло Гадоев, бародари Шарофиддин Гадоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки як ҳафта боз намояндагони мақомоти қудратӣ ӯ, падару модар ва дигар аъзои оилаи онҳоро ҳар рӯз мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд: “Онҳо як талаб доранд, ки ба писаратон гӯед, то ба Тоҷикистон баргардад. Се рӯзи охир падару модарамро кормандони амнияти ноҳия бурда, бозпурсӣ мекунанд. Дирӯз ба дари се дӯкони мо дар бозори марказии ноҳияи Фархор, ки ба хоҳарам ва падарам тааллуқ доранд, мӯҳр заданд. Ба падару модарам гуфтаанд, ки ба писаратон гӯед, ки хап кунад.”
Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, падару модараш аз таҳдиду фишори доимии мақомот бемор шудаанд.
Шарофиддин Гадоев, аз муттаҳидони соҳибкори дигари фирорӣ Умаралӣ Қувватов аст, ки иддао доранд, тиҷорати муваффақи онҳо дар Тоҷикистон аз сӯи Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раиси он ҷумҳурӣ, ғасб шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳардуро дар тахаллуфоти молӣ айбдор карда, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳанӯз 28 январи соли 2013 қарори дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон кардани соҳибкор Шарофидин Гадоевро бароварда буд. Дар ин қарор соҳибкор аз рӯи моддаи моддаи 289, қисми 1 (қочоқ) ва моддаи 340, қисми 2, банди "в" (сохтакории аснод бо истифодаи техникаи компютерӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Аз рӯи ин санад, Шарофиддин Гадоев гӯё моҳи феврали соли 2012 тариқи посгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон 30 мошини «Шаанҳи Делонг» (миёни мардум маъруф ба «Дулан»)-и истеҳсоли Чинро қочоқ карда ва 10 ҳуҷҷати мошинҳоро тариқи компютер дасткорӣ карда, ба ҳисоби БДА гузоштааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, ҳар мошини «Шаанҳи Делонг» - ро, ки амалан 49 700 доллар қимат дорад, Шарофиддин Гадоев 8000-долларӣ ҳуҷҷат карда, дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 14 миллиону 029 ҳазору 78 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро насупурдааст. Худи Шарофиддин Гадоев мегӯяд, алайҳи ӯ се иттиҳоми дигар аз рӯи моддаҳои 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 247 (қаллобӣ), 250 (тамаъҷӯӣ) низ эълон шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди Гадоевро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид рӯзи 23 июли соли равон ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст.
Талоши мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди шарики Шарофиддин Гадоев – Умаралӣ Қувватов – низ ба нокомӣ анҷомид. Қувватов моҳи декабри соли 2012 дар Дубай бо дархости Душанбе аз сӯи Интерпол дастгир шуд, вале дар моҳи сентябри соли 2013 додгоҳи Имороти Араб супурдани ӯ ба дасти Душанберо рад кард. Ҳоло Гадоеву Қувватов ва тарафдорони онҳо созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро раҳбарӣ мекунанд, ки дар пойгоҳи интернетии “Зелло” радиое бо номи “Тоҷикистони нав”-ро гардон карда, дар ин авохир дар чандин шаҳри Русия, аз ҷумла дар Маскаву Самара ва Екатеринбург, таҷаммӯъҳои эътирозии шаҳрвандони тоҷик алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро баргузор кардааст.