Ин боғ, ки бо маблағи 4 миллион доллар сохта шудааст, ҳафтаи оянда зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба минтақаи Кӯлоб расман боз хоҳад шуд.
“Ман мухолифи ободкорӣ дар шаҳр нестам, вале имкон буд, ки ин маблағ дар сохтани корхонаҳо ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекард”, -мегӯяд Худойдоди Ислом, сокини шаҳри Кӯлоб.
“Гушаи Париж” дар масоҳати як гектари Муассисаи боғи фарҳангию фароғатии Кӯлоб сохта шудааст. Ин боғ 5 гектар масоҳат дорад ва ҳанӯз соли 1936 сохта шуда, бори аввал аст, ки пурра, бо ин шакл, бозсозӣ мешавад. Боғ дар замони Шӯравӣ номи Ленинро дошт ва баъдан, бо номи “Боғи фарҳангу фароғатӣ” тағйири ном кард.
Дар ин боғ манораи 30-метраи Эйфел ва нусхаи монанд ба аҳроми шишагини саҳни осорхонаи Луври Фаронсаро дидан мумкин аст.
Инчунин, сохтмонҳое бо тарҳи фаронсавӣ, мисли тарабхона ва мағозаҳо дар ин боғ бояд ба кор оғоз кунанд.
Дар миёни осорҳои нусхашудаи Париж, инчунин хоначаи телефони шабеҳи кучаҳои Лондон ва чароғҳои сурхи хиёбонҳои Фаронса ҷой доранд.
Мижгона Расулзода, сокини Кӯлоб аз бунёди ин боғ дар маҳали зисташ хушҳол аст.
“Шояд дар умрам Парижро набинам, аз ин рӯ, хушбахтам, ки нусхаи онро дар шаҳри худамон мебинам. Ин орзуи ман буд”, - гуфт ӯ.
Кӯлоб - сеюмин бузургтарин шаҳри Тоҷикистон, беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад.
Бархе сокинони Кӯлоб мегӯянд, таҷлили рӯзи Истиқлолият бо боз кардани осори нусхашудаи Фаронса, дар шаҳре, ки таърихи 2700-сола дорад, нохушоянд аст.
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори муқими ин шаҳр мегӯяд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон талоши ҷалби сайёҳонро дорад, сохтани чунин боғ барои хориҷиҳо ҷолиб нахоҳад буд.
Ӯ гуфт, бовар надорад, ки кадом ҷаҳонгарди хориҷӣ барои дидани манораи Эйфели 30-метраи сунъӣ ба Кӯлоб биояд.
“Тоҷикон таърихи бойи худро доранд. Бо сарфи ин маблағ беҳтар буд, ки намунаи осори миллиро месохтанд. Беҳтар буд, ки намунаи Тахти Сангин ё Қалъаи Ҳулбукро бунёд мекарданд”, - гуфт ӯ.
“Гушаи Париж” бо маблағгузории корхонаи давлатии алюминиюми ТАЛКО, яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон, сохта шудааст.