Дар мулоқоти 4 октябри дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия дар Душанбе масъалаи ҳамкориҳои низомии ду кишвар барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва масоили дигари марбут ба амнияти ду кишвар баррасӣ шуд. Ҳайатҳои коршиносони Русияву Тоҷикистонро Николай Патрушев ва Абдураҳим Қаҳҳоров – дабирони Шӯрои амнияти миллии ин кишварҳо раҳбарӣ карданд.
Дар нишасти Шӯрои амнияти Русияву Тоҷикистон масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират ва дигарҳо баррасӣ шудааст
Хабаргузории ТАСС бо такя ба як узви ҳайати Шӯрои амнияти Русия хабар додааст, ки дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши мубориза бо терроризми байналмилалӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират, ҳимояти ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шудааст. Таваҷҷӯҳи ҷудогонаи ҳайатҳо ба вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва роҳҳои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ равона шуд.
Дар ин музокирот, инчунин, мақомоти вазоратҳои умури хориҷӣ, дифоъ ва сохторҳои дигар иштирок кардаанд. Ҷонибҳо бори дигар ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавие мисли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъкид карданд.
Афғонистон - мавзӯи меҳварии музокирот дар Душанбе
Мулоқоти коршиносони амниятии ду кишвар дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъ дар Қундузи Афғонистон дар ду рӯзи охир тағйир ёфта, рӯёрӯиҳои Толибон бо нерӯҳои ҳукуматии ин кишвар идома
дорад. Ҳамлаи Толибон ба маркази шимолии Афғонистон – шаҳри Қундуз субҳи 3 октябр шурӯъ шуд ва рӯзи сешанбе мақомот гуфтанд, ки ҷангҳо бо шӯришиён дар канораҳои шаҳри марказии вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон идома доранд. Соле пеш дар ҳамин шабу рӯз Толибон тавонистанд, ки давоми чанд рӯз Қундузро зери назорати худ дароранд.
Мақомот рӯзи 4 октябр гуфтанд, ки маркази шаҳр аз ҷангиён пок шудааст. Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, ки ҷангиён дар хонаҳои мардум панаҳ бурдаанд ва ҳамин чиз суръати муқобила бо шӯришиёнро кунд кардааст.
Раиси пулиси Қундуз Муҳаммад Қосим Ҷангалбоғ гузориш дод, ки дар ҷараёни даргириҳои ахир “садҳо ҷангӣ” ва се узви нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд. Тасдиқи дурустии ин омор тавассути манобеи дигар имкон надорад. Ин дар ҳолест, ки мавзӯи Афғонистон ва кумак ба ин кишвар дар меҳвари ҳамоиши байналмилалие қарор дорад, ки рӯзи 4 октябр дар Брюссел баргузор мешавад.
Имзои нақшаи ҳамкориҳо дар солҳои баъдӣ
Рӯзи 14 октябр дар шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон, қарор аст нишасти вазирони умури хориҷа ва дифои кишварҳои узви СПАД ва 16-17 ноябр дар Маскав – музокироти раҳбарони Шӯрои амнияти кишварҳои ИҶМ баргузор шавад. Патрушев ва Қаҳҳоров имрӯз инчунин нақшаи ҳамкориҳои дастгоҳҳои шӯрои амнияти ду кишварро барои солҳои 2017-2018 имзо карданд, ки ҳамкориҳоро дар амри таъмини амнияти байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ дар бар мегирад.
Ин дуввумин дидори дабирони шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон дар се моҳи ахир аст. Ҷонибҳо моҳи июни соли ҷорӣ дар Маскав дидор карда ва Патрушев ва Қаҳҳоров зимни баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, дар канори хатару таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон ва ҳамчунин ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, мавзӯи ширкати шаҳрвандони ин минтақа дар созмонҳои байналмилалии терористиро ба баҳс кашиданд.
ДИИШ ва муҳоҷират
Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ дар зарфи 1,5 соли ахир 75 шаҳрванди тоҷик аз ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ибрози пушаймонӣ карда ва довталабона ба Тоҷикистон бозгаштаанд. Мақомот мегӯянд, ки беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафтаанд ва то кунун хабари марги зиёда аз 300 нафари онҳо расидааст. Яке аз маъмултарин роҳҳои сафари ҷангиёни тоҷик ба Сурияву Ироқ - Русия аст, ки нахуст ба ҳайси минтақаи корӣ ё муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон хизмат мекунад.
Қарор аст шоми имрӯз сафари кории ҳайати ҳайати Шӯрои амнияти Русия ба Тоҷикистон хотима ёбад. Сухангӯи президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор намешавад, чунки чунин барнома ҳам пешбинӣ нашуда буд. Рӯзи 4 октябр президент дар сафари корӣ дар минтақаи Кӯлоб буд ва ду рӯз аз ин пеш аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Кӯлоб дидан кард.
Коршинос: Мавзӯи муҳоҷират беҳуда матраҳ нашуд
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар канори мавзӯъҳои муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва маводи мухаддир ба феҳристи масоили мавриди баҳси Николай Патрушев бо масъулони давлати Тоҷикистон шомил шудани мавзӯи муҳоҷират бесабаб нест. "Ҳоло давлати Русия аз масъалаи муҳоҷирони тоҷик барои ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба унвони фишанг истифода мекунад. Вале баъйид аст, ки ин масъала дар нишасти ҷаноби Патрушев бо ҷониби Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад. Ин дар ҳолест, ки фишори ниҳодҳои давлати Русия болои муҳоҷирони тоҷик рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Тибқи иттилои расмӣ, аз замони имзои созишномаи муҳоҷират миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2012 то ба ҳол беш аз 350 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудааст. Ин афрод дар муддати 10 соли оянда аз ҳаққи ворид шудан ба ҳудуди Русия маҳрум шудаанд".
Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат, муҳоҷорат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 330 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд, ки ин рақам нисбати омори соли гузашта 61 дарсад зиёд будааст. Коршиносон сабаби ин ҳодисаро дар ду омил мебинанд: фишори Русия ба Тоҷикистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, дигар, бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия. Дар ин гуна шароит корфармо дар навбати аввал на шаҳрванди Русия, балки муҳоҷири кории хориҷиро аз кор меронад.