Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтанд, "гурезед, ки сел меояд"


Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ омадани селро шаби 11 ба 12 май ва иқдомҳои шабонгоҳ гирифташударо нақл кардад.

Шаби 11 ба 12 май бар асари боронгариҳои шадид ва омадани сел, 1146 манзили истиқоматӣ дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ осеб дидааст. Шаби гузашта бар асари боришоти зиёд сатҳи дарёчаи Элок боло рафта ва дар деҳаҳои Адолат, Садоқат, Файзоба, Комсомол-1 ва Комсомол-2-и ҷамоати деҳоти Зайнабододи ноҳияи Рӯдакӣ ба беш аз ҳазор хонаи истиқоматӣ осеб ворид шудааст.

Сокинони маҳаллӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки сел тахминан соатҳои 3 шаб омад ва раҳбарони маҳалла мардумро бедор карда гуфтанд, ки аз фишори сел худро наҷот бидиҳанд. Баъди соатҳои 8 субҳ баъди фишор зиёди об лою ахлот омад.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 12 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи наҷоти ин кумита, ситоди оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе, гурӯҳи наҷот ва дастаи зудамали шаҳри Душанбе, ҳамзамон сарбозони қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гарнизони Душанбе, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, ба ин маҳал сафарбар шудаанд. Бино ба иттилои ахири дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, гурӯҳи наҷоти ин кумита тавонистааст то ба ҳол беш аз 1500 нафар аз сокинони деҳаҳои осебдидаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакиро аз минтақаи хавфнок берун биёрад.

Гузориши вижаи хабарнигорони радиои Озодӣ аз маҳалли офати табиӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ омода шудааст:

Гуфтанд, гурезед, ки сел меояд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00

XS
SM
MD
LG