Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Се рӯз мӯҳлат доданд..." ВИДЕО


Ба даҳҳо мағозаҳои китобфурӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва осори таърихии воқеъ дар маркази пойтахт амр шудааст, ки ғурфаҳоро холӣ кунанд, чун баъди се рӯзи дигар ин ҳама маконҳои тиҷоратӣ ба дасти моликони нав мегузарад.

Саидҷон Ҳайдаров, фурӯшандаи яке аз мағозаҳои сангҳои қиматбаҳо бо изҳори нигаронӣ гуфт, онҳо бо ҳукумати шаҳри Душанбе то 31 декабри соли 2018 шартнома доштанд, вале намояндаи соҳибкор омаду гуфт, ки шартнома бекор шудааст ва онҳо бояд ин дӯконҳоро тарк кунанд.

Қабати аввали бинои баландошёнае дар хиёбони Рудакӣ ва гардиши кӯчаи Бухоро дар маркази Душанбе, ки ба як макони серхаридору дастраси тиҷоратӣ табдил шуда буд, соҳибмулкашро дигар кардааст.

Замоне ин бино ба шаҳрдори собиқи Маскав Юрий Лужков тақдим шуда, баъдан моли ҳукумати шаҳри Душанбе гардид. Ҳамакнун бар асоси як музояда ба истифодаи як соҳибкори инфиродӣ вогузор шудааст. Тоҷирони ин фурӯшгоҳҳо мегӯянд, рӯзи 7 сентябр намояндаи соҳибкори инфиродӣ Тоҷиддин Шарифов бо онҳо ҷаласа барпо карда, ба онҳо дастур дод, ки биноҳои нуқтаҳои тиҷоратиро холӣ кунанд. Маркази тиҷоратӣ макони кору даромади ҳудуди 200 соҳибкору фурӯшандаҳо мебошад.

Чанд саволи беҷавоб

То замони таҳия шудани ин гузориш имкони пайдо кардани худи соҳибкор ё молики нави ин нуқтаҳои тиҷоратӣ даст надод. Ба ҳамин хотир, чанд савол, аз ҷумла, сабабҳои ба музояда гузошта шудани ин нуқтаҳои тиҷоратӣ ва ҳадафҳои баъдии соҳибкор бепосух мемонад.

Тоҷирон, ки барояшон шунидани хабари нав шудани соҳибмулк ногаҳонӣ ва ноумедкунанда буд, ҳоло осемасар тамоми молу амволи худро ҷамъ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ибтидо дар миёни тоҷирони иҷоранишин овозаҳое паҳн шуд, ки гӯё ширкати “Фароз” мехоҳад ин маконро бигирад, вале ин тасдиқ нашуд ва барояшон гуфтанд, ки соҳибкоре дар як музоядаи ҳукумати шаҳри Душанбе ин нуқтаро харидааст.

Дуконҳои китобфурӯширо аз маркази Душанбе "бардоштанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Дилором Раҳимова сухангӯи ширкати “Фароз” рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, “имрузҳо бисёриҳо мехоҳанд ҳама чизро ба “Фароз” мансуб кунанд, ки ин нодуруст аст”.

Яздигурд Акбаров, яке аз фурӯшандаҳои нуқтаи “Ошёни китоб ва хизматрасонӣ” рӯзи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Инҷо барои фурӯшу муаррифии китоб мувофиқ аст. Ҳам китобҳои дарсӣ, ҳам бадеӣ ва таърихӣ фурӯхта мешавад. Дар чанд соли охир ба як макони омаду рафти саёҳон ҳам табдил шудааст. Мо бисёр мехостем, ки таҷдиди назар шаваду дар ҳамин ҷо бимонем. То ҳол арзиши иҷораи дӯконҳо ҳам барои мо хеле муносиб буд”.

Китоб дар халта...

Аксар тоҷирон бо табъи хира мегуфтанд, ки дар зарфи се рӯз ҷамъ кардани молу ашёи зиёд хеле мушкил аст. Илова ба ин, масъалаи ҳифзи ин бор ҳам пеш меояд, чун дар шаротии набуди амбор аксарият моли худро ба хонаҳояшон мебаранд. Дар баъзе дӯконҳо аллакай садҳо китоб дар халтаҳо ҷамъоварӣ шудаанд.

Ниссо Бекова, як фурӯшандаи дигар гуфт, вақте намояндаи соҳибкор ба мулоқот бо тоҷирон омад, дар ибтидо хабар дод, ки қимати нави иҷораро ҷорӣ мекунад ва мағозаҳои китоб боқӣ хоҳанд монд. Вале баъдан “омаду дастур дод, ки “бечуну чаро ҷойро холӣ кунед”.

Панҷ сол пеш ошёнаи аввали ин бинои навсохт аз ҷониби ҳукумати пойтахт дар ихтиёри китобфурӯшиҳо гузошта шуд. Он замон мақомоти шаҳр гуфтанд, ки маҳз ба хотири макони китобфурӯшӣ буданаш арзиши иҷора ҳам нисбатан арзон ва барои ҳар як метри мураббаъ 47 сомонӣ (тахминан 5 доллар) муқаррар мешавад.

Феълан маълум нест, ки ҷои китобфурӯшиҳоро чӣ мегирад.

Дар ҳоле, имкони гирифтани посухи чанд савол аз масъулин имкон надошт, як манбаи наздик ба ҳукумати шаҳр ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки дар моҳи июл масъалаи фурӯши қабати аввали бинои баландошёна матраҳ шуд. Дар натиҷа, дар як музояда ин дӯконҳои тиҷоратӣ ба фурӯш гузошта шуданд ва бино ба иттилои ин манбаъ, ниҳоят бо арзиши 30 миллион сомонӣ фурӯхта шуданд. Талошҳои мо барои пайдо кардани худи соҳибкор натиҷа надод.

Созишномаи иҷора то охири сол амал мекард

Қитъаи хиёбони Рӯдакӣ, ки аз самти росташ майдони “Дӯстӣ” ва аз тарафи чапаш кӯчаи Бухоро ҷойгир шудааст, аз тахминан 20 дӯкон иборат буда, дар баробари мағозаҳои зиёди китобфурӯшӣ боз чандин фурушгоҳи дигар, масалан армуғони миллӣ барои ҷалби сайёҳон, маҳсули ҳунарҳои дастии “Галереяи сангҳои қиматҳои Рухом” ва чанд мағозаи ба ин монанд ҷой доранд. Масъулони ин мағозаҳо дар баробари хатари аз даст додани макони кор дар маркази пойтахт, аз коҳиши харидор ва мушкили шурӯи тиҷорати нав нигарон ҳастанд.

Саидҷон Ҳайдаров, фурӯшандаи яке аз мағозаҳои сангҳои қиматбаҳо бо изҳори нигаронӣ гуфт, онҳо бо ҳукумати шаҳри Душанбе то 31 декабри соли 2018 шартнома доштанд, вале намояндаи соҳибкор омаду гуфт, ки шартнома бекор шудааст ва онҳо бояд ин дӯконҳоро тарк кунанд.

Саидҷон Ҳайдаров мегӯяд, аз раиси ҳукумати шаҳр Рустами Эмомалӣ хоҳиш дорад, ки барои бозбинӣ шудани ин масъала мусоидат кунад.

XS
SM
MD
LG