Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали президент ба бонкҳо: "Дар ду моҳ мушкилро ҳал кунед"


Декабри соли 2017
Декабри соли 2017

Ҳукумати Тоҷикистон ба бонкҳои дучори мушкилшудаи кишвар ду моҳ муҳлат додааст, ки масъалаҳои худро ҳал кунанд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки рӯзи 18-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, ба роҳбарони бонкҳо зоҳиран шонси дигар дод, ки мушкилоти пардохтпазирии худро ҳаллу фасл кунанд.

Риски сармоягузорӣ дар ин гуна бонкҳои начандон шаффоф баланд аст. Бинобар ин, дар ин шароит танҳо бонкҳои Чин, ки маблағҳои озоду фаровоне доранд, барои сармогузорӣ метавонанд ризо шаванд

Дастури президент бештар ба ду бонк – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” рабт мегирад. Баҳои ҳалли мушкили ин ду бонк ба 1 милларду 600 милион сомонӣ ваё наздик ба 200 миллион доллар гиреҳ мехурад.

Биноба иттилои охирини Бонки милли Тоҷикистон, ин ду бонк аз муштариёнашон маҳз ҳамин миқдор маблағ қарздоранд. Қарзи «Агроинвестбонк» дар назди муштариёнаш 700 миллион сомонӣ ва «Тоҷиксодиротбонк» 904 миллион сомониро ташкил медиҳад. Сар аз ҳафтаи гузашта «Тоҷиксодиротбонк» дар торнамои расмиаш як зумра амволи дар ихтиёраш бударо ба фурӯш баровард.

Мошинҳо ба фурӯш гузошта шудаанд

«Агроинвестбонк» ба навбаи худ эълон додааст, ки мошинҳои калон ва сабукраве, ки ба ҳайси гарав гирифта буд, ба фурӯш мебарорад. Дар миёни амволи ба фурӯшгузоштаи «Агроинвестбонк» ҳамчунон компютер ва таҷҳизоти хазинавӣ низ ҳаст, ки ба назар мерасад баъди ихтисори беш аз 1500 нафар кормандонаш нозарур шудаанд.

Исмоил Сатторов, ки се соле қабл як хонаи дуҳуҷрадорашро дар Душанбе фурӯхта дар «Агроинвестбонк» ба номи завҷааш амонат гузошт, мегӯяд, бо гузашти ду сол наметавонад ин маблағро пурра ба даст орад.

“Соли гузашта дар як ҳафта 500 сомонӣ медоданд. Ҳамонро омада мегирифтем. Лекин ин хел ба қавле баракати пул мепарад, маблағи пасандоз ночиз мешавад. Аммо як нафар аз масъулони бонк боз умедвор кард ки то ду моҳи дигар мушкили бонк ҳал мешавад”, иброз дошт ин ҳамсуҳбати мо.

Аммо Исмоил Сатторов ва даҳҳо дигар муштариёни ин бонк намедонанд масъулон аз кадом роҳ мушкили бонкро ҳал карданӣ ҳастанд.

Чин - танҳо роҳи наҷоти бонкҳо?

Масъулони «Агроинвестбонк» ба суоли Радиои Озодӣ дар ин робита посух нагуфтанд. Танҳо як масъули ин бонк ба шарти набурдани номаш гуфт, раҳбарияти бонк бо яке аз бонкҳои сармоягузори Чин дар ҳоли музокирот қарор дорад. Агар ин бонк ба «Агроинвестбонк» сармоягузорӣ кунад, мушкили бонк ҳал мешавад.

Анвар Камолов, ки солҳои дароз иқтисоддони созмонҳои байналмилалии молиявии кӯмакрасон дар Тоҷикистон буд, мегӯяд, дар шароити феълӣ танҳо бонкҳои Чин метавонанд ба бонкҳои кишвар сармоягузорӣ кунанд. Ӯ гуфт:

“Гап дар сари он аст, ки созмонҳои донор, ба мисли Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд пеш аз сармоягузорӣ шаффофияти комилро металабанд. Ҷорӣ шудани таҷрибаи мудирияти корпоративиро талаб мекунанд, ки, масалан, бояд мудирони бонкҳо тариқи озмун интихоб шаванд. Аммо дар мо чунин нест ва риски сармоягузорӣ дар ин гуна бонкҳои начандон шаффоф баланд аст. Бинобар ин, дар ин шароит танҳо бонкҳои Чин, ки маблағҳои озоду фаровоне доранд, барои сармогузорӣ метавонанд ризо шаванд”.

«Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» аз миёнаи соли 2016 ба ин сӯ пардохтпазириашонро ба тадриҷ аз даст доданд. Нахуст хазинаи банкоматҳо баъдан хазинаи филиалу идораи марказии ин ду бонк бепул монданд ва муштариён маблағи пасандоз ва ҳатто маоши худро гирифта натавонистанд.

Барои наҷоти ин ду бонк аз буҷаи давлат соли гузашта беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо шуда, аммо ин маблағ ҳам мушкили ин ду бонкро ҳал накард.

Бинобар иттилои Бонки миллӣ, 87 дарсад саҳмияҳои «Агроинвестбонк» ва 85 дарсад саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк» дар дасти давлат аст. Дар миёни саҳмиядорони ин бонк инчунин исми афроди ҷудогона, аз ҷумла Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси ин бонк ҳам зикр мешавад. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд низ каме беш аз 10 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG