Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 президент ба Душанбе хоҳанд омад


Нишасти хабарии масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон. 8 сентябр.
Нишасти хабарии масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон. 8 сентябр.

Дар нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе раҳбарони даҳ кишвар ширкат мекунанд.

Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни баргузории брифинги хабарӣ, барномаи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва сафари расмии раиси ҷумҳури Эронро муаррифӣ карданд. Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷи Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр дар брифинги хабарии ин ниҳод гуфт, ки дар давраи роҳбарии Тоҷикистон дар ин созмон “як қатор чорабинҳои муҳим” баргузор шуданд.

Ба гуфтаи Абдулфайз Атоев, дар кори ҷаласаи қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои узви ин созмон, ки рӯзҳои 11-13 сентябр баргузор мешавад, роҳбарони 10 давлат, 2 вазири корҳои хориҷӣ ва роҳбарони 7 созмони байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

Ҷаноби Атоев ҳамчунин гуфт, “имсол пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба маркази геосиёсии ҷаҳон мубаддал мегардад”. Дар охири ҷаласаи сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай як қатор санадҳо ба имзо хоҳанд расид ва роҳбарии ин созмон бар дӯши Русия вогузор хоҳад шуд.

Муаррифии барномаи кории нишасти СҲШ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

XS
SM
MD
LG