Рӯйдодҳои ахир дар Хоруғ ҳамоно аз мавзӯъоти меҳварии матолиби нашрияҳои чопи Душанбе аст.
«СССР» бо таваҷҷӯҳ ба ҳаводиси ахир навишт, ки «ҳукумати Тоҷикистон имтиҳони сангинеро пушти сар мекунад». Нашрия дар матлаби «Дарси бадахшӣ» навишт, «шояд вазъиятеро, ки ҳукумат феълан дорад, тӯли 20 соли сари қудрат буданаш ҳиҷ гоҳ надошт». Нашрия навишт, «хоса дар соле, ки то интихоботи президентӣ як соли дигар боқӣ мондааст, «сироят»-и ин ҳодиса ҳукуматро воқеан наметавонад берун аз изтироб гузорад». Аммо ҳамзамон нашрия меафзояд, «агар амалиётро идома диҳад, ба фишори навбатии ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ меояд». Хулосаи муаллифи матлаб ин аст, ки дар вазъи феълӣ «Душанбеи расмӣ ба як дуроҳае афтодааст, ки гумон аст бо якравиву мағрурӣ роҳи дурустро пайдо кунад». Муаллиф «асабҳои ором ва иқдомҳои самимиро барои бамаротиб осон кардани ҳалли мушкил» муҳим мепиндорад.
«Миллат» мусоҳибаеро бо Зафар Икромов, собиқ мушовири раиси ҷумҳур чоп кардааст, ки вай «саросемавор ворид кардани қувва ба Хоруғро иштибоҳ» хондааст. Вай гуфтааст, ки «аз аввал давлат на ҳама чораҳоро барои сар назадани мухолифатҳои ба миён омадаи гурӯҳҳои алоҳидаи дар Помир буда, амалӣ кард». Зафар Икромов ҳатто «қатъи иртибот ва масдуд кардани сайтҳоро «хидмати аблаҳона барои давлати Тоҷикистон донист ва гуфт, «ин ҳама зиён ба давлати Тоҷикистон буд». Аммо ҳамзамон ин низомии сиёсатмадор бар ин аст, ки «қазияи ба амал омадаи Хоруғ ҳеҷ гоҳ наметавонад сулҳро халалдор созад».
«Наҷот» дар робита ба ҳаводиси Хоруғ бо он ки менависад, «элитаи сиёсии кишвар дар таъиноти сиёсати хеш бояд назокат ва ҳассосиятҳои хоси Бадахшонро ба назар мегирифт», аммо бар ин аст, ки «барои пиёда кардани ин амалиёт фурсат меҷустанд». Нашрия бар ин бовар аст, ки «дар сурати тӯл кашидани аз ин беши бархӯрди низомӣ бо назардошти вазъи ҳассос дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ва таваҷҷӯҳи зиёди қудратҳои ҷаҳонӣ ба Кӯҳистони Бадахшон, бахусус дар ин марҳилаи берунрафти нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон эҳтимоли ноором сохтани Тоҷикистон вуҷуд дорад». Ин аст, ки нашрия менависад, «Худо кунад, ки ба дарки ин хатар тамоми ҷонибҳои дохилӣ бирасанд ва ҳар чи тезтар сари мизи муколама нишаста, роҳи ҳалли мушкилро пайдо кунанд».
«Имрӯз нюз» аз гуфтугузорҳо дар бораи «провокатсия», ба хусус ба миёна даромадани нерӯҳои саввум дар ҳодисаи Хоруғ менависад. Ба таъкид нашрия «ин гуна гуфтугузорҳо зиёд мешавад ва дар тамоми дунё чунин неруҳо аз сӯи гурӯҳҳое истифода мешаванд ва Хоруғ низ ба унвони як минтақаи доғ дар ин шабу рӯз наметавонад истисно бошад». Нашрия «таҳдиди таркондани кӯли Сарез»-ро дар шабу рӯзи бӯҳрони Хоруғ намунаи «провокатсия» ё иғвоангезӣ донист.
«Нигоҳ» сӯҳбат аз даст доштани тарафи хориҷӣ дар ҳаводиси Хоруғро ҳанӯз зуд медонад. Аммо нашрия дар матлаби «Дарси хоси Бадахшон» бар ин аст, ки «агар амалиёти Бадахшонро худамо сар кардаем, пас бо пайдо кардани роҳи маъқулу мантиқӣ бояд онро худамон ба поён расонем». Зеро ба таъкиди нашрия «шарик кардани ҳар тарафи хориҷӣ” корро мушкилтар хоҳад кард.
«Азия-плюс» бо ишора ба музокироти нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз қавли соҳибназарон менависад, ки «ҷонибҳои даргир дар қазия тавонистанд, формулаи созишро ба даст оварда, аз хунрезӣ ҷилавгирӣ кунанд». Аммо нашрия наавишт, ки «иддаи дигари таҳлилгарон бар инанд, ки ҳукумат барои халъи силоҳи ҳама гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар Бадахшон, ки ҳанӯз дар оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992 созмон ёфтанд, талоши худро хоҳад кард».
«Фараж» ҷӯёи посух ба суоли «Толиб Айёмбеков бе хунрезӣ таслим мешуд?» шудааст. Таҳлилгар Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ гуфтааст, ки ба ин боварӣ надорад, чун Толиб Айёмбеков худро дар кушта шудани генарал Абдулло Назаров гунаҳкор намеҳисобад».