Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меъёри интихоби коргар дар Тоҷикистон кадом аст?


Довталабони кор дар сохторҳои давлатӣ мегӯянд, ки баъди шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим мақомот дар интихоби коргар эҳтиёткор шудаанд ва ҳар довталабро аз "ғалбер" мегузаронанд.

Онҳое ки дар ҷустуҷӯи кор ба идораҳои давлатӣ мераванд, мегӯянд, ҳоло шеваи истихдом шадидтар шуда, мақомот дар қатори суолҳои дигар, аз корҷӯй мепурсанд, ки пайрави кадом ҳизб ҳастанд. Ин суол ҳам дар идораҳои давлатӣ ва ҳам дар корхонаҳои хусусӣ матраҳ мешудааст.

Саодат Каримова, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе ду сол боз натавонистааст дар ягон идора давлатӣ ё хусусӣ ҷои кор пайдо кунад. Ӯ риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва мегӯяд, ки ҳар бор ба корхонае муроҷиат кунад, мавриди пурсуҷӯи амиқи масъулон қарор мегирад. Саодат мегӯяд, ки корфармоён аз довталаб дар як соли охир бештар ба ду суол посух мехоҳанд - аъзои кадом ҳизб аст ва бо кадом гурӯҳҳо рафтуомад дорад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки аз ҷустуҷӯҳои беҳуда ва сахт хаста шуд ва хост берун аз доираи таҳсили худ кор пайдо кунад. "Ба яке аз истироҳатгоҳҳои тобистонии мактаббачаҳо муроҷиат кардам. Онҷо ҳам ҳамин саволҳо буд, ҳатто мепурсиданд, ки вақти холигиям ба чӣ кор машғул ҳастам ва падарам солҳои ахир дар куҷо кор кардаасту ман бо чигуна инсонҳо гуфтугӯ мекунам."

Каримова мегӯяд, ки дар баъзе корхонаҳои хусусӣ низ суолҳои аслӣ берун аз доираи ихтисосанд. “Намедонам, вақте гуфтам, ки падарам нафақахӯри ВКД аст ва ҳоло ман бо шавҳарам зиндагӣ мекунам, онҳо пурсишро бо ман бештар карданд ва гуфтанд, ки пас аз ошӯби генерал Назарзода барои ба кор қабул кардани шаҳрвандон аз эҳтиёт кор мегирем.”

Ошӯби моҳи сентябрии генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки даҳҳо нафарро қурбон кардааст, бархурди раҳбарони идораҳои давлатиро дар интихоби коргар боэҳтиёт кардааст. Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон суби 4 сентябр ба пойгоҳи низомӣ дар пойтахт ҳуҷум кард ва дар амалиёти густардаи низомӣ дар дараи Ромит кушта шуд. Ин аст, ки акнун бисёр раҳбарони идораҳои давлатӣ бо сабақ аз ин таҷриба кӯшиш мекунанд, ки корманди оянда дардисарсоз набошад.

Мусоҳиби дигари мо, ки худро Комрон муаррифӣ кард, мегӯяд, дар як соли ахир дар Тоҷикистон фазои тарс ба вуҷуд омадааст ва мақомот эҳтиёткориро дар мағзи ҷомеа ҷой кардаанд. “Ин ки аъзои ҲХДТ будан, шонси бештари пайдо кардани ҷои корро дорад, ҷои шубҳа нест. Ва раҳбарони ниҳодҳо дар Тоҷикистон ҳам ҳамин гуна фикр мекунанд, ки агар аъзои ин ҳизб ҳастӣ, дигар тамом, аз ту дида бачаи хубе нест. Аммо озодандеш будан маънои робита доштан бо гурӯҳҳои алоҳида нест. Ва ё мухолиф будан ба кадом як пешниҳоди ҳукумат ба маънои пайравӣ аз кадом як ҳизби дигар нест”.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, бӯҳрони сиёсие, ки як соли ахир дар кишвар идома дорад, боис шудааст, ки ҳангоми пазируфтан ба кор, аввал кадрҳоро аз ғалбер мегузаронанд ва баъдан ба кор қабул мекунанд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, пеш аз он ки корфармо корҷӯеро бо ҷои кор таъмин кунад, аввал сатҳи дониш ва таҷрибаи кории ӯро меъёрҳои асосӣ карор диҳад ва бояд фарде, ки дар ҳукумат кор мекунад, виҷдони пок дошта бошад: “На ин ки одами ҳукуматӣ бошаду дузд бошад. Ҳоло ин ақида ҳам ҳаст, ки муҳим нест, ки аъзои кадом ҳизби сиёсӣ ҳастӣ, ҳар касе ки бо ҳукумат нест, ифротгаро аст.”

Бо ин ҳама, иддае аз таҳлилгарон пурсиши мақомот дар мавриди узви гурӯҳи ифротӣ будани корҷӯро амали дуруст медонанд ва мегӯянд, агар ифротиҳо ба ин ё он коргоҳ роҳ ёбанд, таъсири баде ба кормандони дигар мерасонад. Ҳамакнун ба назар мерасад, ки тадбирҳои ҷилавгирӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ баъди пайвастани сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ҳатто рафтанашон ба майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия дар се соли гузашта сахттар шудааст.

Аммо суолу ҷавоб дар бораи узви кадом ҳизби сиёсӣ будани шаҳрвандони Тоҷикистон ғайри қобили қабул хонда мешавад, зеро бар асоси Қонуни асосӣ, дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ манъ набуда ва ҳар шаҳрванд ҳаққи интихоби ақида дорад.

XS
SM
MD
LG