Хайруллоҳи Амонуллоҳ, шаҳрдори Кӯлоб ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабариаш гуфт, ки ҳоло ба таъини муҳофизонӣ хусусӣ дар бинои ҳукумати маҳаллӣ, дигар шахсони бегона ворид шуда наметавонанд.
Раиси шаҳри Кӯлоб дар шарҳи ин тасмими худ гуфт, ки рӯзе як шахс дар ҳолати мастӣ ба бинои ҳукумат ворид шуда ва муовини ӯ Кенҷамоҳ Маҷидоваро таҳдид кардааст. Ӯ гуфт, ки аз ин ба баъд дигар ҳамаи кормандони идораҳои ҳукумат бо иҷозатнома вориди бинои шаҳрдорӣ мешаванд.
"Мо инро барои бехатарии кормандони ҳукумати маҳаллӣ ҷорӣ кардем. Як рӯз як одами маст ба бинои ҳукумат дохил шуда, муовини ман Кенҷамоҳ Маҷидоваро таҳдид кард. Аз ин рӯ мо муҳофизони хусусӣ овардем ва дигар одамон бо иҷозатнома вориди бино мешаванд. Ҳоло мо ба ин кор аз ҳукумат ҷаноби Садировро вобаста кардаем, ки иҷозатномаҳоро омода кунанд. Дар баробари журналистоне, ки идораҳояшон дар бинои ҳукумат қарор дорад, мо иҷозатномаи доимӣ омода карда, ба онҳо медиҳем",-- гуфт Хайруллоҳи Амонулло.
Таъини муҳофизони хусусӣ дар бинои шаҳрдории Кӯлоб дар ҳолест, ки тибқи фармони ҳукумати Тоҷикистон биноҳои давлатиро бояд кормандони пулис муҳофизат кунанд.
Ҷамшед Бобохонзода, сардори қисми муҳофизатии шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандори милиса дигар бинои шаҳрдориро муҳофизат намекунанд. Ҷаноби Бобохонзода афзуд, идораи шаҳрдорӣ ҳудуди 66 ҳазор сомонӣ қарзи кормандони онҳоро, ки то замони таъини муҳофизони хусусӣ, хизмат мекарданд, пардохт накардааст.
"Ҳозир ҳукумати шаҳр аз мо 66 ҳазор сомонӣ қарздор аст, аммо ба ҷои корманандони мо, муҳофизонӣ хусусӣ таъин кардаанд. Аммо тибқи супориши ҳукумати ҷумҳурӣ, бояд ҳар бинои давлатиро кормандони пулис муҳофизат кунад, зеро тамоми тактикаҳои муҳофизатӣ ва муошират бо мардумро медонанд чигуна ба роҳ монанд",--гуфт мусоҳиби мо.
Ин аввалин бинои ҳукумат дар вилояти Хатлон аст, ки барои таъмини амният ва муҳофизат кардани шаҳрдорӣ ва зертобеъони он, муҳофизонӣ хусусӣ таъин карда мешаванд.
То замони таъини муҳофизони хусусӣ дар бинои шаҳрдорӣ, кормандони қисми муҳофизатии шуъбаи корҳои дохила дар шаҳри Кӯлоб тартиби рафту омади сокинонро назорат мекарданд. Аммо бо таъини муҳофизони хусусӣ, аксар сокинон ва корафтодаҳо мегӯянд, ки дигар ба бинои ҳукумат даромада наметавонанд.
Муҳаммад, як сокини шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ то замони таъини муҳофизон хусусӣ дар бинои шаҳрдорӣ, бе мамоният вориди он мешуд. Ҷаноби Муҳаммад афзуд, ки баъди таъини ин муҳофизон, дигар ӯ ба бино даромада наметавонад. Ӯ мегӯяд, ки ҳатто муҳофизон ба ӯ гуфтанд, ки дигар бе иҷозаи раисҷумҳур ба ин бино ворид шуда наметавонад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, ки ҳоло муҳофизони навтаъиншуда ба муддати як моҳ аз санҷиш мегузаранд ва баъд аз он ҳукумати маҳаллӣ тасмим мегирад, ки ин муҳофизон корашонро идома бидиҳанд ё на.