Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кул: "Корвон"-ро қасдан оташ задаанд"


Сӯхтори бесобиқаи бозори "Корвон" дар рӯзи 5-уми сентябри соли ҷорӣ иттифоқ уфтод
Сӯхтори бесобиқаи бозори "Корвон" дар рӯзи 5-уми сентябри соли ҷорӣ иттифоқ уфтод

Ба қавли мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон, бозори бузургтарини Душанбе -- "Корвон"-ро қасдан оташ задаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, мутахассисон ошкор кардаанд, ки бозори “Корвон”, бузургтарин бозори шаҳри Душанберо афроди номаълум қасдан оташ задаанд.

Дар баёнияи додситонӣ, ки хабаргузории расмии “Ховар” онро ба нашр расонд, гуфта шудааст, ки "бозорро фарди номаълум бо истифода аз солярка" оташ задааст.

Додситонӣ дар робита ба ин қазия бо се банди Кодекси ҷиноӣ, яъне вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор, хунукназарӣ ва тахрибкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Муфаттишони додситонӣ фарзияҳои оташсӯзӣ бар асари расиши ноқилҳои барқӣ, истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва газиро истисно кардаанд.

Бар асари оташсӯзӣ дар гӯшаи яклухтфурушии бозори “Корвон” дар рӯзи 5-уми сентябри соли равон 8 ҳазор метри мураббаи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуд. Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, садҳо ҳазор доллар аз сармояи худро дар ин фалокат аз даст доданд.

Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чаҳор тани дигар захмӣ шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Бонки Миллӣ ва ташкилоти қарзӣ муҳлати бозпасгардонии маблағҳои қарзии 700 нафар соҳибкорро тамдид кардаанд. Инчунин, маъмурияти бозори “Корвон” 2550 адад нуқтаи савдоро барқарор карда ва ба соҳибкорон супурдааст.

Додситонӣ афзудааст, тафтиши қазия идома дорад ва кормандонаш ҷустуҷӯи гунаҳкоронро идома медиҳад. Оташсӯзӣ дар бозори “Корвон”, хашму эътирози тоҷиронро барангехт, ки даст ба раҳпаймоӣ зада хостанд, то маркази пойтахт назди ҳукумат рафта масъаларо бо мақомоти баландпоя дар миён гузоранд. Дар музокирот бо тоҷирон раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев пуштибонии бонкҳои тиҷоратиро аз тоҷирон ваъда дод.
XS
SM
MD
LG