Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯбарӯ бо Путин. Нахустин музокироти раҳбарони Русияву Украина (2 ВИДЕО)


Раисиҷумҳурони Русияву Украина Владимир Путин ва Петро Порошенко дар Минск пушти дарҳои баста қариб ду соат сӯҳбати рӯбарӯ доштаанд.

Нахустин мулоқоти дуҷонибаи руасои ҷумҳуриҳои Русияву Украина Владимир Путин ва Петро Порошенко дар Минск шаби гузашта қариб ду соат идома кардааст. Путин баъди ин мулоқоти пушти дарҳои баста дар посух ба суоли хабарнигори Газета. ру гуфтааст, ки сӯҳбати рӯбарӯ барои он лозим шуд, ки байни Маскаву Киев масоили зиёде ҷамъ шудааст.

Путин гуфт, дар ин дидор ҷузъиёти оташбас ва нақшаи сулҳ дар шарқи Украина баррасӣ нашудааст, чунки ин, ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, кишвари ӯ ягон тарафи ин низоъ нест ва музокироти сулҳро бояд мақомоти Украина бо намояндагони вилоятҳои ҷудоиталаби Донетску Луҳанск пеш бубаранд. Путин вале ба зарурати оғози ҳарчӣ зудтари раванди сулҳ таъкид кард.

Порошенко гуфт, дар мулоқот бо Путин масъалаи раҳоии "гаравгонҳо" низ баррасӣ шуд. Вазири хориҷаи Украина Павел Климкин гуфт, дар нахустин музокироти мустақими раҳбарони Русияву Украина асосан паймони ҳамоиши Киев бо Иттиҳодияи Аврупо баҳс шудааст.

Путин рӯзи 25 август дар нишасти сарони Иттиҳодияи гумркуӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Минск башиддат аз азми Киев барои қаробат бо Аврупо интиқод кард ва гуфт, ки ба Русияву Украина даҳҳо миллиард доллар зиён хоҳад овард. Путин гуфт, Русия хоҳони дахолат дар интихоби роҳи пешрафти ягон кишвар нест, вале "ин набояд аз ҳисоби мо анҷом шавад." Порошенко аммо дар посух гуфта буд, ки қаробати Киев бо Аврупо ба зарар ваё алайҳи ягон кишвар нест.

Тафсилоти тавофуқоти дигари бадастомада дар дидори Путин ва Порошенко ҳанӯз дастрас нест.

Порошенко баъди бозгашт ба Киев гуфт, Украина сулҳ ва қатъи ишғоли сарзаминҳояшро талаб мекунад. Путин дар Маскав гуфт, Русия ба умури Украина дахолат намекунад ва танҳо ба "раванди музокирот метавонад мусоидат кунад."

Путин ва Порошенко дар бораи сулҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Порошенко: Музокирот бо Путин сарнавишти дунёро ҳал мекунад

Руасои ҷумҳуриҳои Русияву Украина Петро Порошенко ва Владимир Путин рӯзи 26 август дар оғози нишасти сарони Иттиҳодияи гумрукӣ дар шаҳри Минск дасти якдигарро фишурданд. Ин нахустин дидори онҳо аз авоили моҳи июн ба ин тараф буда, дар пасманзари танишҳои афзоянда байни Киеву Маскав бар асари ошӯбҳои мусаллаҳонаи тарафдорони Русия дар шарқи Украина доир мешавад.

Порошенко гуфт, музокироти ӯ дар Минск бо Путин ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо "сарнавишти ҷаҳон ва Аврупоро ҳал мекунад."

Ӯ афзуд, ки ҷӯёи "компромисси сиёсӣ" аст ва ба бовари вай, қатъ шудани таъмини ҷудоиталабон бо силоҳ метавонад роҳи сулҳ ба шарқи Украинаро боз кунад.

Аммо Путин гуфт, бӯҳрони Украинаро метавон танҳо тавассути музокиротии Киев бо намояндагони манотиқи ҷанубушарқи Украина ҳал кард. Дар ин вилоятҳои Украина бештар русзабонҳо ба сар мебаранд, ки дар моҳҳои охир бо даъвои ҷудо шудан аз ин кишвар дар Донетску Луҳанск ошӯби мусаллаҳона бардоштаанд.

Дастфишории Путин ва Порошенко дар Минск
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00

Порошенко ва Путин дар нишасти Минск ҳамроҳ бо Аляксандр Лукашенка ва Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳурони Беларусу Қазоқистон - ду кишвари дигари узви Иттиҳодияи гумрукӣ ва ҳам намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ширкат мекунанд. Назарбоев дар мулоқот бо Порошенко гуфт, ки ӯ бояд мустақиман бо Путин музокироти дуҷониба анҷом диҳад= Назарбоев ҳамчунин хостори оташбас дар шарқи Украина ва расондани ёриҳои башарӣ ба ин минтақаи ошӯбзада шуд.

Кремл имкони музокироти мустақими Путин ва Порошенко дар ҳошияи нишасти Минскро рад намекунад. Порошенко қабл аз мулоқоташ бо ҳамтои беларусиаш Аляксандр Лукашенко изҳори умед карда буд, ки нишасти Минск ба тавофуқе, ки ба Украина сулҳ биорад, даст хоҳад ёфт.

Лукашенка аммо бо лаҳни боэҳтиёттар гуфт, "гумон аст ки имрӯз пешрафти қобили мулоҳизае ба даст биояд, вале мо бояд ҳаракатро ба сӯи сулҳ оғоз кунем."

Порошенко дар Минск бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон низ мулоқот дошт. Майя Кочиянчич, сухангӯи Эштон дар Брюссел ба Радиои Озодӣ гуфт, музокироти Минск “имконе барои баҳси роҳҳои таҳияи шароитест, ки заминаи ҳалли сиёсии бӯҳронро фароҳам бисозад.”

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, нишасти Минск имкони “табодули назар дар бораи вазъи талошҳо барои оғози раванди сиёсиеро, ки ҳалли бӯҳрони Украинаро ба ҳадаф дорад”, фароҳам меорад. Вале Лавро афзуд, ки намояндагони Иттиҳодияи Аврупо набояд ин музокиротро ҳамчун “набарди Украина алайҳи Русия” ба қалам бидиҳанд.

Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико то кунун ба далели нагирифтани пеши роҳи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина алайҳи Маскав чанд баста таҳримот ҷорӣ кардаанд. Русия дар посух воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Ғарбро маҳдуд кардааст.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи 25 август порлумони кишварашро пароканда кард ва ба рӯзи 26 октябр интихоботи нав таъин кард. Ӯ дар паёми телевизиониаш гуфт, порлумони навро лозим аст, то вакилонеро, ки пеши роҳи ислоҳотро мегиранд, берун кунад. Порошенко гуфт, аксари вакилони кунунии Верховни Рада тарафдорони раисиҷумҳури барканоршуда Виктор Янукович буданд. Янукович моҳи феврал дар натиҷаи се моҳи эътирозҳо барканор шуд ва ба Русия фирор кард.

Порошенко ва Путин то кунун танҳо дар аввалҳои моҳи июн дар Фаронса дар ҷараёни маросими таҷлил аз солгарди 70-уми вуруди нирӯҳои эътилофӣ ба қаламрави он кишвар мулоқоти кӯтоҳе доштаанд.

Имкони музокироти онҳо дар ҳошияи нишасти Минск дар ҳолест ки Украина ахиран Русияро бори дигар ба дахолат дар ошӯбҳои Донетску Луҳанск айбдор кард. Сухангӯи артиши Украина Андрий Лисенко рӯзи 26 август гуфт, 10 сарбози тоза асируфтодаи Русия на иштибоҳан, балки бо "маъмурияти махсус" вориди қаламрави ҷанубушарқи Украина шудаанд.

Матбуоти Русия аз қавли манобеъ дар вазорати дифои Русия мегӯянд, ки низомиҳои русие, ки бино ба гузоришҳо, дар ҷанубушарқи Украина асир уфтоданд, "тасодуфан" аз марзи Русияву Украина убур кардаанд. Як манбаъ бидуни бурдани ном ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки ин афрорд ҳангоми дидбонӣ "нохост" аз як бахши беаломати марзи Русияву Украина гузаштаанд.

Аммо хадамоти амниятии Украина бо нашри як видеои ин сарбозони асируфтода мегӯянд, ки 10 сарбози нирӯҳои дивизияи 98-уми десанти ҳавоии Русияро дар сарзамини Украина дастгир кардаанд. Ин афрод дар рустори Зеркалне, дар тақрибан 50-километрии ҷанубушарқи шаҳри Донетск, яке аз пойгоҳҳои таҳти назорати чирикиҳо, асир уфтода ва ҳоло, ба гуфтаи амниятиҳои Украина, таҳти бозҷӯӣ қарор доранд.

Қаблан рӯзи 25 август артиши Украина хабар дод, ки нирӯҳои Русия худро ҳамчун ҷангиёни ҷудоиталаб вонамуда карда, бо 10 тонк ва 2 зиреҳпӯш аз Русия вориди Украина шудаву ба самти шаҳри Мариупол раҳсипор шудаанд. Ба гуфтаи низомиҳо, марзбонҳои Украина бо ин корвон вориди задухӯрд шуда, онҳоро дар наздики и шаҳри Новоазовск, дар канори баҳри Азов манъ кардаанд.

Киев ҳамеша Русияро ба пуштибонӣ аз чирикиҳо дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина айбдор мекунад. Русия ин иддаоро рад мекуналд ва мегӯяд, амалиёти низомии Украина алайҳи ҷудоилабаон дар Луҳанску Донетск мунҷар ба бӯҳрони башарӣ шудааст.

Ба ҳисоби СММ, дар натиҷаи низои мусаллаҳона дар вилоятҳои Луҳанску Донетск дар шарқи Украина, ки тақрибан 5 моҳ боз идома дорад, беш аз 2000 нафар кушта ва ҳудуди 340 000 нафар беҷо шудаанд. Дар ин ду вилоят дар маҷмӯъ тақрибан 7 миллион нафар, ё 15 дарсад аз 47 миллион аҳолии Украина ба сар мебаранд. Тақрбин нисфи онҳоро русзабонҳо ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG