Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди истиқлолияти Украина дар айни авҷи бӯҳрон


Сарвазири Олмон, ки дар ҷашни истиқлолияти Украина ширкат кард, ҳамаи тарафҳоро ба оташбас ва гуфтушуниди сулҳ даъват намуд.

Дар Украинаи гирифтори ҷангу бӯҳрон 23-умин солгарди истиқлоли кишварро ҷашн гирифтанд. Раҳпаймоии низомӣ таҳти раёсати раиси ҷумҳур Петро Порошенко бахшида ба ин ид дар майдони Истиқлоли Киев, маъруф ба “Майдон” сурат гирифт. Дар раҳпаймоӣ бештар аз якуним ҳазор сарбозу афсар ширкат карданд ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо намоиши тӯпхонаву системаҳои мушакӣ қудрати худро ба намоиш гузошт. Петро Порошенко гуфт, ки Украина барои мусаллаҳу муҷаҳҳаз кардани артиш дар солҳоим 2015-2017 зиёда аз 3 миллиард доллар харҷ мекунад.

Як рӯз пештар аз ҷашни истиқлоли Украина, садҳо мошини кӯмакҳои башарии Русия аз минтақаҳои ишғолкардаи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ба Русия баргаштанд. Маскав рӯзи 22 –уми август бо зикри онки ҳукумати Киев бо ҳар баҳона, ирсоли кӯмакҳои башарӣ ба манотиқи ҷангзадаро ба таъхир меандозад, бе иҷоза корвони мошинҳоро ба Украина фиристод. Ҳукумати Киев ин амалкарди Русияро таҷовуз ба хоки Украина номид. Пол Пикард раиси нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Украина дар шаҳри Донетск ба хабарнигорон гуфт, ки то нисфирӯзии 23-уми август тамоми мошинҳои борбари русӣ аз қаламрави Украина баромадаанд.

Хабарнигори “Ассосиейтед Пресс” дар марзи Украина дохили 40 мошини борбарро дидааст ва мегӯяд, ки ин мошинҳо холӣ буданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ин мошинҳо барои мардуми Луҳанск, як такягоҳи аслии ҷудоихоҳон обу ғизо, генераторҳо ва рахти хоб мебурданд. Рӯзи 23-уми август, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бо сафари якрӯза ба Киев омад ва баъди мулоқот бо раҳбарони Украина изҳори умедворӣ кард, муноқиша дар ин кишвар аз роҳҳои сулҳомез ҳал шавад.

Дар ҷанги ҷудоихоҳони тарафдори Русия ва нерӯҳои давлатии Украина то кунун 2 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дипломатҳо мегӯянд, Ангела Меркел бо ду ҳадаф ба Украина омадааст, аввал ин ки ҳимояташ аз ин кишварро нишон бидиҳад ва дуввум ба Петро Порошенко бигӯяд, ки дар мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва пазируфтани роҳҳои пешниҳодии сулҳ боз бошад. Қарор аст, ҳафтаи оянда Петро Порошенко бо Владимир Путин дар шаҳри Минск пойтахти Белорус мулоқот кунад. Хонум Меркел рӯзи 23-уми август гуфт: “Сафари ман нишондиҳандаи он аст, ки ҳукумати Олмон ва ман шахсан мехоҳем возеҳ кунем, ки тамомияти арзӣ ва некӯаҳволии мардуми Украина ҳадафи муҳими сиёсати хориҷии Олмон аст ва мо мехоҳем мисли рафиқ ҳамкорӣ кунем.”

Хонум Меркел гуфт, ба ҷанг дар Украина метавон хотима дод, ба шарте, ки назорати марзи кишвар бо Русия мустаҳкам шавад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Русия аз тариқи марзҳои боз ҷудоихоҳонро бо силоҳу муҳимот таъмин мекунад. Садри аъзами Олмон пешниҳод кард, ки марзи 2 ҳазор километрии Украинаву Русияро бо ҳузури намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо посбонӣ кунанд. Чанд соат пеш аз фуруди ҳавопаймои Ангела Меркел ба Киев, шаҳри Донетск шоҳиди ҳамлаҳои сахт аз тӯпхона шуд. Ин шаҳри такягоҳи қавии ҷудоихоҳон дар наздикии марзи Русия ҷойгир аст.

Иди мардумии истиқлолият дар Лвови Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

XS
SM
MD
LG