Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024: Ёздаҳ даста ба плей-офф баромад


Рӯзи 25-уми июн дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон даври севуми марҳилаи гурӯҳӣ идома ёфт. Чаҳор бозӣ дар гурӯҳҳои D ва С баргузор шуд.

Мунтахаби Австрия бар тими Ҳолланд пирӯз гардид. Ин бозии гурӯҳи D, ки дар Берлин доир шуд, бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Дар ҳайати австриягиҳо Романо Шмид ва Марсел Забитсер муваффақ шуданд, боз як голро ҳамлагари ҳолландӣ Мален дар дақиқаи 6-ум ба дарвозаи дастааш зад. Дарвоқеъ, Мален муаллифи голи аз ҳама зудтарин дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо гардид. Голҳои мунтахаби Ҳолландро Коди Гакпо ва Мемфис Депай ба самар расониданд.

Ҳамзамон бозии дигари гурӯҳи D миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Полша ё Лаҳистон дар шаҳри Дортмунд бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ҳарду гол аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳамлагари фаронсавиҳо Килиан Мбаппе дар дақиқаи 56‑ум тӯбро ба нишон расонд. Ин голи аввалини Мбаппе дар корномааш дар қаҳрамонии Аврупо ба шумор меравад. Дар ҳайати мунтахаби Полша ҳамлагар Роберт Левандовский тӯбро аз пеналти дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи фаронсавиҳо ворид кард.

Мунтахаби Австрия бо раҳбарии Ралф Рангник бо 6 имтиёз аз ҷойи аввал ба даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии Аврупо‑2024 роҳ ёфт. Мақоми дувумро дар гурӯҳи D мунтахаби Фаронса бо 5 имтиёз касб кард, дастаи Ҳолланд бо 4 имтиёз севум шуд. Ҳарсе даста ба даври плей-офф баромад. Мунтахаби Полша, ки бо як имтиёз зинаи чаҳорумро ишғол кард, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Ду бозии даври севум дар гурӯҳи С бидуни гол хотима ёфт. Бозии мунтахабҳои Англия - Словения дар шаҳри Кёлн ва Сербия – Дания дар шаҳри Мюнхен бо ҳисоби 0:0 анҷом пазируфт.

Мунтахаби Англия зери роҳбарии Гарет Саутгейт бо касби 5 имтиёз аз зинаи аввали гурӯҳи С ба даври 1/8-ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард. Мунтахаби Дания, ки се имтиёз гирифт, аз ҷойи дувум ба плей-офф баромад. Инчунин мунтахаби Словения бо 3 имтиёз аз ҷойи севум ба даври баъдӣ роҳ пайдо намуд.

Даниягиҳо аз ҳисоби нишондодҳои иловагӣ аз дастаи Словения боло ҷойгир шуданд. Мунтахаби Сербия, ки бо 2 имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт, аз идомаи мубориза маҳрум шуд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натоиҷи бозиҳои рӯзи сешанбе маълум шуд, ки мунтахабҳои Олмон ва Дания дар даври 1/8-ниҳои қаҳрамонии Аврупо бо ҳам рақобат мекунанд. Қаблан ҷуфти аввалро дар 1/8 финал мунтахабҳои Швейтсария ва Италия ташкил карда буданд.

Қаҳрамонии Аврупо-2024. Мусобиқоти ниҳоӣ. Даври севум

Ҳолланд – Австрия – 2:3 (0:1)

Голҳо: Гакпо, 47. Депай, 75. — Мален, 6. Шмид, 59. Забитсер, 80.

Фаронса – Полша – 1:1 (0:0)

Голҳо: Мбаппе, 56 (аз пеналти) — Левандовский, 79 (аз пеналти).

Англия – Словения – 0:0

Дания – Сербия – 0:0

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A

1. Олмон — 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо 8:2)

2. Швейтсария — 5 (5:3)

3. Венгрия (Маҷористон) — 3 (2:5)

4. Шотландия — 1 (2:7)

Олмон ва Швейтсария ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи B

1. Испания — 9 (5:0)

2. Италия — 4 (3:3)

3. Хорватия — 2 (3:6)

4. Албания — 1 (3:5)

Испания ва Италия ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи C

1. Англия — 5 (2:1)

2. Дания — 3 (2:2)

3. Словения — 3 (2:2)

4. Сербия — 2 (1:2)

Англия, Дания ва Словения ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи D

1. Австрия — 6 (6:4)

2. Фаронса — 5 (2:1)

3. Ҳолланд — 4 (4:4)

4. Полша (Лаҳистон) — 1 (3:6)

Австрия, Фаронса, Ҳолланд ба плей-офф баромаданд.

Гурӯҳи E

1. Руминия — 3 (3:2)

2. Белгия — 3 (2:1)

3. Словакия — 3 (2:2)

4. Украина — 3 (2:4)

Даври севум: Словакия — Руминия, Украина — Белгия

Гурӯҳи F

1. Португалия — 6 (5:1)

2. Туркия — 3 (3:4)

3. Чехия — 1 (2:3)

4. Гурҷистон — 1 (2:4)

Португалия ба плей-офф баромад.

Даври севум: Чехия — Туркия, Гурҷистон — Португалия

Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҳамин тариқ, то ҳоло ёздаҳ дастаи мунтахаб – Олмон ва Швейтсария аз гурӯҳи А, Испания ва Италия аз гурӯҳи В, Англия, Дания ва Словения аз гурӯҳи С, Австрия, Фаронса ва Ҳолланд аз гурӯҳи D, Португалия аз гурӯҳи F - ба плей-офф баромадаанд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон 14-уми июл дар шаҳри Берлин баргузор мешавад.

Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия (Маҷористон), Швейтсария.

Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи D: Полша (Лаҳистон), Ҳолланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.

Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.

ДАВРИ АВВАЛ

Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1

Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3

Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0

Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1

Гурӯҳи D, Полша – Ҳолланд – 1:2

Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1

Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1

Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0

Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1

Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1

Гурӯҳи F, Туркия – Гурҷистон – 3:1

Гурӯҳи F, Португалия – Чехия – 2:1

ДАВРИ ДУВУМ

Гурӯҳи B, Хорватия – Албания – 2:2

Гурӯҳи A, Олмон – Венгрия – 2:0

Гурӯҳи A, Шотландия – Швейтсария – 1:1

Гурӯҳи C, Словения – Сербия – 1:1

Гурӯҳи C, Дания – Англия – 1:1

Гурӯҳи B, Испания – Италия – 1:0

Гурӯҳи E, Словакия – Украина – 1:2

Гурӯҳи D, Полша – Австрия – 1:3

Гурӯҳи D, Ҳолланд - Фаронса – 0:0

Гурӯҳи F, Гурҷистон – Чехия – 1:1

Гурӯҳи F, Туркия – Португалия – 0:3

Гурӯҳи E, Белгия - Руминия – 1:0

ДАВРИ СЕВУМ

Гурӯҳи A, Швейтсария – Олмон – 1:1

Гурӯҳи A, Шотландия – Венгрия – 0:1

Гурӯҳи B, Хорватия – Италия – 1:1

Гурӯҳи B, Албания – Испания – 0:1

Гурӯҳи D, Ҳолланд – Австрия – 2:3

Гурӯҳи D, Фаронса – Полша – 1:1

Гурӯҳи C, Англия – Словения -0:0

Гурӯҳи C, Дания – Сербия – 0:0

26 июн, чоршанбе:

Гурӯҳи E, 20:45, Словакия - Руминия

Гурӯҳи E, 20:45, Украина - Белгия

Гурӯҳи F, 23:45, Чехия - Туркия

Гурӯҳи F, 23:45, Гурҷистон - Португалия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG