Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаиқронҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Тайланд 7 медал гирифтанд


Акс аз Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон
Акс аз Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни бузургсолон, ҷавонон ва наврасон, ки 24-уми ноябр дар шаҳри Районгаи Тайланд ба поён расид, ҳафт медал (се нишони тилло, се нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар панҷ варзишгар - Шаҳриёр Даминов, Амирҷон Бобоҷонов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Бобоҷон Бобоҷонов ва Фирдавс Шарипов – дохил буданд, ки бо роҳбарии мураббиён Зоҳирҷон Набиев ва Азизҷон Бобоҷонов дар масофаҳои 3400 метр ва 10 000 метр рақобат карданд.

Амирҷон Бобоҷонов дар рақобатҳо миёни бузургсолон дар масофаҳои 3 400 ва 10 000 метр ду медали тилло гирифт. Инчунин Муҳаммадӣ Раҷабов дар масофаи 10 000 метр байни ҷавонон ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, соҳиби медали тилло гардид.

Дар сабқати бузургсолон Бобоҷон Бобоҷонов дар масофаи 10 000 метр бо медали нуқра ва дар масофаи 3400 метр бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Фирдавс Шарипов дар рақобатҳо миёни наврасон дар масофаҳои 3400 метр ва 10 000 метр бо ду медали нуқра сарфароз гашт.

Қаблан дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Самарқанд, ки дар он 400 варзишгар аз 57 кишвари ҷаҳон барои дарёфти ҷоизаҳо мубориза бурданд, намояндагони Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Натиҷаи беҳтаринро Шаҳриёр Даминов нишон дод, ки дар масофаҳои 200 метр ва 500 метр дар каноэ (С-1) ба финал баромада, мутаносибан ҷойҳои 5-ум ва 6-умро ишғол кард.

Мусобиқот дар канали ягонаи қаиқронӣ дар Осиёи Марказӣ барпо гардид. Варзишгарон барои 20 маҷмуи ҷоизаҳо (даҳто дар қаиқронӣ дар байдарка ва даҳто дар қаиқронӣ дар каноэ) мубориза бурданд.

XS
SM
MD
LG