Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қалъаи Балҷувонро нав карданд, вале "Мир"-ашро гирифтанд


"Қалъаи Балҷувон"-ро аз нав сохтанд, вале...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Қалъаи машҳури "Мири Балҷувон"-ро дар ноҳияи ҳамномаш дар вилояти Хатлон аз нав сохтанд. Номаш ҳам нав шуд. "Қалъаи Балҷувон", бидуни "Мир".

Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон, мегӯяд, "қалъа аз они халқ аст, ба номи Балҷувон шуд. Одӣ, қалъаи Балҷувон.”

Ба гуфтаи ин мансабдор, бозсозии қалъа ҳаштод дар сад иҷро шудааст. Хабарнигорон аз ӯ пурсиданд, ки чаро девори қалъа аз гил нест ва ин макони таърихӣ дар шакли пешинааш барқарор нашуд? Раиси ноҳияи Балҷувон гуфт, дар ҷойи пешинаи қалъа ба ҷуз ду лӯлаи обгузар чизи дигаре наёфтанд.

“То замони мо ягон ёдгории таърихӣ намондааст. Фақат як ё ду қубури обгузар пайдо карданд. Мутаассифона, ҳолати аввали қалъа нест. Дар асоси супориши роҳбари давлат, Академияи миллии илмҳо, Вазорати фарҳанг, ҳукумати вилояти Хатлон ва бо истифода аз буҷаи ҳукумати маҳаллӣ ҳамин қалъа барқарор шуда истодааст,” – гуфт Бахтиёр Сафарзода.

Қалъаи Мири Балҷувон, ки онро қалъаи бек ҳам меноманд, дар баландие дар маркази ноҳия ҷойгир аст. Дар соҳили рости дарёи Сурхоб. Бино ба китобҳои таърихӣ, мирони Балҷувон дар асрҳои 16-19 дар инҷо зистаанд.

Бо вуҷуди дигар кардани қалъа ва ҳазфи калимаи "Мир" аз номаш, сокинон ҳанӯз ин маконро "Қалъаи Мири Балҷувон" мешиносанду ном мебаранд.

Аз ин пеш дар вилояти Суғд низ қалъаи як замон машҳури Темурмаликро дар канори рӯди Сир дар Хуҷанд таъмиру бозсозӣ карданд. Онро акнун “Қалъаи Хуҷанд" муаррифӣ мекунанд, бидуни Темурмалик.

XS
SM
MD
LG