Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтӣ: Иди Қурбон 12 сентябр таҷлил мешавад (САДО)


Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Сокинони мусулмони Тоҷикистон иди имсолаи қурбонро рӯзи 12-уми сентябр таҷлил хоҳанд кард. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сана бар асоси ҳисоб ва мушоҳидаҳои пешакии олимон таъин шудааст.

Вай дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, "ин хулосаро мо дар асоси ҳисобҳо бар асоси солшумории қамарӣ ва дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизика гирифтем. Институти астрофизика ба мо маълумот пешниҳод кард, ки моҳ кай пурра мешавад, кай бо пурбину кай бо чашми сар озодона онро дидан мумкин аст."

Иди Қурбон дар Тоҷикистон кай таҷлил мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00
Линки мустақим

Аммо, ба қавли муфтии Тоҷикистон, дар назар аст, ки рӯзи 5-уми сентябр ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор шавад ва дар онҷо рӯзи дақиқи Иди Қурбонро эълон хоҳанд кард. Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонон аст, ки дар Тоҷикистон ба таври хос таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон расман истироҳат эълон шудааст ва сокинон ба таври дастҷамъӣ аз ин ид истиқбол карда ва афроди тавоно қурбонӣ хоҳанд кард.

Раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳоло дар намозҳои ҷумъа имом-хатибон таъкид бар он доранд, ки сокинон ҳангоми таҷлил аз ин ид харҷро камтар кунанд. Ин нуктаро раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар мулоқоташ бо сокинони вилояти Хатлон дар ҳафтаи гузашта баён карда буд.

Қаблан муаллифони феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар Тоҷикистон шомил карда ва гуфта буд ки қаламрави таҷлили ин ид низ чандон густурда нест. Ба иддаои муаллифони феҳрист, ин ид дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор таҷлил шуда, дар ин рӯз "ашхоси сарватманд ба қурбоникунӣ машғул мешаванд, яъне гӯсфандеро забҳ мекунанду аз он таом тайёр мекунанд ва дигарон рафта тановул мекунанд."

Вале, ба навиштаи муаллифон, иди Рамазон дар қатори ҷашнҳои фаъол дар кишвар аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Иди Рамазон ва Қурбон аз солҳои навадум боз дар Тоҷикистон расман таҷлил шуда, ин рӯзҳо дар кишвар истироҳат эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG