Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ аз қатъи сармоягузорияш ба додгоҳ шикоят бурд


Қароргоҳи марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага, Ҷумҳурии Чех
Қароргоҳи марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага, Ҷумҳурии Чех

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми март аз қатъи сармоягузорияш нисбат ба Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) ба додгоҳ шикоят кард. Радиои Озодӣ бахше аз ин Оҷонсӣ аст.

Дар баёнияе, ки раҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нашр кард, омадааст, ки шикояти худро ба додгоҳи Амрико дар ноҳияи Колумбия супурд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамчунин аз Кэри Лейк (Kari Lake) ва Виктор Моралес (Victor Morales) бинобар қатъи буҷаи ин бунгоҳи хабарӣ низ шикоят кардааст.

Викор Моралес мудири иҷроияи муваққати Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) ва Кэри Лейк низ мушовири ӯст, ки мегӯяд, ихтиёроти мудири иҷроияи муваққат ба вай вогузор шудааст.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар баёнияи худ гуфтааст: "Ҷудо накардани буҷае, ки Конгресс қабул кардааст, поймоли қонунҳои федеролӣ аст, аз ҷумла Қонуни асосии Иёлоти Муттаҳида."

Стивен Капус
Стивен Капус

Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, рӯзи 18-уми март дар баёнияе гуфт, “ҳоло вақти вогузории майдон ба таблиғот ва сензураи душманони Амрико нест. Мо бовар дорем, ки қонун тарафи моро мегирад ва ҷашни марги мо тавассути истибдодгарон дар саросари ҷаҳон зудҳангом аст.”

Ин шикоят пас аз он сурат мегирад, ки раҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар баёнияе расмӣ иқдоми Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM)-ро дар қатъи буҷаи ин расона "ғайриқонунӣ" ва "нақзи Қонуни асосии Амрико" хонда буд.

Тибқи қарори Конгресс, ҳудуди 140 миллион доллар бояд аз сӯйи ин созмон дар ихтиёри Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ қарор бигирад, вале Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) аз ҷудо кардани ин буҷа пешгирӣ кардааст. Ба гуфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин миқдор пул дар қонуни молии соли 2024 зикр ва барои соли 2025 низ тамдид шудааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми март дар бораи ихтисори шадиди буҷаи ҳафт ниҳод, аз ҷумла Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) дастур дод.

Кэри Лейк
Кэри Лейк

Чанд соат пас аз нашри ин фармон, номае бо имзои Кэри Лейк, мушовири USAGM расид, ки тибқи он, ёрии молии тасдиқшуда аз тарафи Конгресс барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қатъ гардидааст.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар вокуниш ба қатъи буҷаи ин расона гуфта буд, ки ин иқдом "ҳадяи бузург ба душманони Амрико" аст. Ӯ дар баёнияе гуфт, "оятуллоҳои Эрон, раҳбарони коммунисти Чин ва ҳокимони худкома дар Маскаву Минск пас аз 75 сол марги Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ҷашн хоҳанд гирифт. Тақдими ин пирӯзӣ ба душманон онҳоро қавитар ва Амрикоро заифтар мекунад."

Дар ҳоле ки расонаҳои Чин, Эрон ва Русия аз қатъи буҷаи расонаҳое чун Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва Радиои Осиёи Озодӣ хушҳолӣ кардаанд, шуморе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва бисёре аз ниҳодҳои ҳомии озодӣ ва расонаҳо ва ҳамчунин матбуоти байнулмилалӣ, ҳимояти худро аз идомаи фаъолияти расонаҳои давлатии Амрико эълон кардаанд.

Аз ҷумла, ин мавзуъро рӯзи 17-уми март Ян Липавский, вазири корҳои хориҷии Чехия дар нишасти дипломатҳои аршади аврупоӣ дар Брюссел дар миён гузошт. Манбаъҳои дипломатӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то кунун Олмон, Австрия, Шветсия, Ҳоланд, Белгия, Словения, Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Латвия, Литва ва Эстония пуштибонии худро аз ин мавзуъ баён доштанд.

Мавзуи қатъи кумак ба расонаҳо дар Амрико ҳам вокунишҳоеро ба миён овард.

Ҷеанн Шоҳин
Ҷеанн Шоҳин

Ҷеанн Шоҳин (Jeanne Shaheen), сенатори амрикоӣ аз Ҳизби демократ аз Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенат, гуфт, “охирин талоши ҳукумати Трамп барои аз байн бурдани ниҳодҳое, ки аз сӯи Конгресс таъсис ва таъмини молӣ мешаванд ва маълумоти дақиқ ва бетарафонаро дар ихтиёри садҳо миллион нафар дар кишварҳое қарор медиҳанд, ки озодии матбуот дар онҳо мавриди ҳамла ҳаст, уҳдадории Амрико ба демократияро заиф мекунад.”

Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) барои тақрибан 361 миллион нафар бо 50 забон хабару иттилоъ пахш мекунад. Буҷааш барои соли молии 2025-ум 950 миллион доллар будааст ва ин пул барои кор ва пардохти маоши кормандон равона мешавад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расонаи мустақил ва зери чатри USAGM аст, ки аз ҳисоби ёрии бебозгашти Конгресс кор мекунад.

XS
SM
MD
LG