Худойбердӣ Холиқназарзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, даъвати Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз сӯи Эронро барои иштирок дар як конфронс дар Теҳрон "рафтори хасмона" ё душманона хонд. Ӯ рӯзи 11 январ дар ҳоле ки бо хабарнигорон дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, "ҳар касе бо Тоҷикистон муносибати хасмона мекунад, пушаймон хоҳад шуд."
"Ҷониби Эрон мегӯяд, ки Кабириро ба ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" ба ҳайси меҳмон даъват кардааст. Ин муносибати хасмона ва беэҳтиромӣ нисбат ба Тоҷикистон аст, ки метавонад муносибати ду кишварро хадшадор кунад," -- гуфт ӯ.
Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки чунин бархӯрди Эрон барояшон ногаҳонӣ буд ва чунин гаштро аз тарафи як кишвари дӯсту ҳамзабон интизор надоштанд. Ӯ мегӯяд, ки Эрон дар Осиёи Марказӣ фақат бо Тоҷикистон таъриху фарҳанг ва забони муштарак дорад ва набояд чунин амал мекард.
Эрон дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ", ки аз 27 то 29 декабри соли гузашта сурат гирифт, дар баробари се намояндаи расмии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро низ даъват кард ва дар рӯзи аввали ин конфронс ӯро дар паҳлӯи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ҷой дод. Тоҷикистон аз чунин рафтори Эрон то ҳадде ба хашм омадааст, ки ду ҳафтаи охир аксари имом-хатибон дар мавъизаи намози ҷумъаашон дар бораи Эрон суҳбат карда ва ин кишварро барои "ҳимоят аз террористон" интиқод карданд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон низ дар хутбаи намози рӯзи 8 январаш гуфт, ки Эрон бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" ва дидори оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии Исломӣ бо ӯ, ҳимояти ошкори Эронро аз ин ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ ба намоиш гузоштааст.
Аз ин пеш, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ - сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, аз ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ибрози таассуф кард. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ расмӣ гуфт, ки ба сафири Эрон дар робита ба ҳузури Кабирӣ дар ҳамоиши Теҳрон нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистон супурда шудааст.
Рӯзи 28 декабри соли гузашта Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон, дар як баёния бо ишора ба муттаҳам шудани Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ӯ дар ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябр ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода навишт, "Чаро ҷониби Эрон дидаву дониста роҳбари ин ҳизбро, ки бо дархости Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, ба ин конфронс даъват кардааст?" Ин масъули Кумитаи дин афзуд, ки даъвати Кабирӣ суолҳоеро дар бораи то куҷо ба аҳди дӯстиву бародариаш бо Тоҷикистон пойбанд будани Эронро халқ мекунад ва боиси “нигаронии амиқ”-и Душанбе шудааст.
Эрон то ҳол дар ин замина ба Тоҷикистон посухи расмӣ надода, вале баъе аз мақомҳои он кишвар ба расонаҳо гуфтаанд, ки Муҳиддин Кабирӣ ба чунин ҳамоишҳо ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон давъат мешуд, аммо ба иллати мамнӯияти ҳизбаш ин дафъа ӯро ҳамчун меҳмони вижа даъват кардаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри соли гузашта, ду ҳафта баъд аз фурӯ нишондани ошӯби гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода фаъолияти ҲНИТ-ро манъ ва ин ҳизбро ба рӯйхати созмонҳои ифротию террористӣ шомил кард. Эрон то ҳол дар сатҳи расмӣ дар масъалаи манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори назар накардааст.
Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, Эрон дар баробари Русия ва Чин яке аз сармоягузорони муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба истиснои нерӯгоҳи "Сангтӯда 2" дар ҷануби Тоҷикистон, Эрон нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб низ сохтааст.