Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо аз Душанбе ба ҳамла дар Амрико. ВИДЕО


Ҳодисаи террористии 31-уми октябр дар шаҳри Ню-Йорк, ки тибқи арзёбиҳои пешакӣ аз ҷониби як муҳоҷири зодаи Узбакистон анҷом шуд ва 8 кушта бар ҷой гузошт, аз ҷониби бисёриҳо дар Тоҷикистон ҳам бо нигаронӣ қабул шуд. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки эҳтимолан ин нафар зери таъсири ақидаҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" амал мекард, чун ба гуфтаи пулис, навиштаҷоти пайдошуда дар дохили мошинааш ба ин ишора мекунад.

Чаро як зодаи Осиёи Миёна даст ба ин амал зад?

Ин ҳодиса дар баробари вокунишҳои бештар манфиву маҳкумкунанда, суолҳои зиёд эҷод мекунад, ки чаро як зодаи Осиёи Марказӣ, ки зоҳиран ба хотири зиндагии беҳтар ба Амрико омада, соҳиби оилаву фарзанд аст, даст ба амали террористӣ зад ва то куҷо ин ҳодиса сиёсати мубориза бо ифротгароӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро, ки аз назари мурооти ҳуқуқи башар мавриди танқид аст, тавҷеҳ мекунад ва паёмадҳои ин ҳодиса ба зиндагиву кори муҳоҷирони дигар, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ, чӣ хоҳад буд?

Таҳлилгарони тоҷик мегӯяд, таассуфовар аст, ки дар солҳои охир шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳам дар қатори омилони амалҳои террористӣ ном бурда мешаванд.

Гузоришҳои аввалияи нашршуда баъди ҳодисаи террористӣ дар бораи шахсият ва зиндагиву фикрронии Сайфулло Саипови 29-сола маълумоти маҳдуд медиҳад: ӯ зодаи шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон аст.

Зоҳиран дар 22-солагӣ баъди баранда шудани корти сабз ё ҳақи расмии кору зиндагӣ дар ИМА, ба ин кишвар кӯчидааст. Дар ҳамин кишвар ҳам бо як ҳамватани худ оила барпо карда, соҳиби ду фарзанд шуд. Асосан аз роҳи ронандагӣ, аз ҷумла аз кор дар ширкати таксиронии “Uber” пул ба даст меовард. Як дафъа барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ҳабс шудааст.

Сокинон: Терористон моро бадном мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Муҳоҷироне, ки ӯро дар ИМА мешиносанд, ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар рафтору гуфтори Саипов нишонаҳои як шахси ифротгаро ё ҷинояткорро эҳсос накардаанд, ҳарчанд, ба назари як нафар, Саипов “бисёр шахси хашин будааст”. Коршиносон мегӯянд, ин ки Саипов баъди амали террористӣ зинда дастгир шуду имкони посух додан ба саволҳои тафтишотро дорад, метавонад суолҳои зиёдро рафъ кунад.

Паёмадҳои ин ҳамла чӣ буда метавонад?

Сайфулло Саипов, гумонбари ҳамла дар Ню-Йорк.
Сайфулло Саипов, гумонбари ҳамла дар Ню-Йорк.

Вале аз ҳоло маълум аст, ки ҳамлаи террористӣ болои шаҳри Ню-Йорк метавонад паёмадҳои шадидтарро барои дигар муҳоҷирон эҷод кунад. Аввалин қарори президент Доналд Трамп, ки бо мавқеи мухолифаташ ба пазириши муҳоҷирон маъруф аст, шадидтар шудани ҷараёни санҷишу тафтиши муҳоҷирони хостори зиндагӣ дар Амрико шуд. Вай гуфт, баъди ин ҳар нафаре, ки барои кору зиндагӣ дар Амрико муроҷиат мекунад, бояд аз тафтиши сангинтаре гузарад.

Коршиносоне, ки амалҳои террористии аз ҷониби муҳоҷирон анҷомшударо таҳлил мекунанд, мегӯянд, ин мавзӯъ бояд амиқ ва ҳамаҷониба омӯхта шавад. Вале як далелаш ин буда метавонад, ки нафари аз шароити комилан дигари сиёсиву фарҳангӣ омада дар ин ҷомеа дучори мушкилоти марбут ба мутобиқшавии иҷтимоӣ шудааст.

"Фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шудааст"

Коршиноси тоҷик Абдумалик Қодиров мегӯяд, бо ин, ки дарсади ночизи муҳоҷирони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупову ИМА дунболи коррафта даст ба амалҳои даҳшатнок мезананд, “ин ҳам хеле бад аст”.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.

Вай гуфт, зоҳиран "онҳое, ки ба ин роҳ рафтаанд, фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шудаанд. Ин фирефташудагон дар дунёи дигар ба воя расидаанд, арзишҳои кишварҳои озод барояшон бегонаанд. Ва ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамин нуқтаи психологиро ба хубӣ истифода мекунанд, то ин мардумро ба доми фиреби худ андозанд. Фикр накунам, ки кадоме аз ин фиребхӯрдаҳо ҳангоми тарки ватани худ қасди худкушиву террор дошта буд."

Паёмади мушкилоти иҷтимоиву равонӣ ё чизи дигар?

Таҳлилгар Алишер Сафаров бар ин аст, ки ҳамлаи террористии мисле ҳодисаи Ню-Йорк, паёмади як мушкилоти печидаи иҷтимоиву равоние аст, ки зеҳни ин шахс дучори он шудааст. Вай гуфт, дар миёни пайравони дини Ислом, "мутаассифона,0.001% тундгароҳо ҳам ҳастанд, ки таҳаввулоти ҷаҳонро ҳамчун таҳдид ба арзишҳои бунёдии дини Ислом арзёбӣ мекунанд. Эҳтимолан, нафарони мисли ӯ (Саипов) худро як "сарбози шаҳид" тасаввур мекунанд, ки ҳеҷ ангезае барои зиндагӣ дар ин дунё надорад, чун дар бозори кору фазои иҷтимоӣ ҷои худро пайдо карда натавонист. Онҳо хаёл мекунанд, ки дар "он дунё" сазовори ҳаёти беҳтар мешаванд ва вазифаи таърихии худро дар анҷоми амали террористӣ мебинанд".

Истифодаи зӯр ифротгароиро афзоиш медиҳад

Бархе нафарони дигар мегӯянд, баъид аст, ки Саипов танҳо баъди зиндагӣ дар ИМА як шахси ифротиву тундрав шудааст. Зиндагии ӯ дар Узбакистон, ки ҳанӯз то як соли пеш барои зиндонӣ кардани ҳазорҳо афроди азҳабиву диндор интиқод мешуд, метавонист дар ташаккулёбии эҳсоси муқовимату норизоияти ӯ сабаб шавад.

Парвина Ҳамидова.
Парвина Ҳамидова.

Журналисти муқими Амрико Парвина Ҳамидова гуфт, бешубҳа, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳам бояд зидди ифротгароӣ мубориза баранд, вале "мо ҳоло танҳо шоҳиди методҳои зӯроваронаи мубориза бо ин зуҳурот ҳастем. Баъзе маъракаҳои мисли мубориза бо ришу ҳиҷоб, ки дар пасманзари бунёди азимтарин масҷид дар минтақа мегузарад, ҷараёни ифротишавии ҷомеаро афзоиш медиҳад."

Зодагони Осиёи Миёна дар чанги гурӯҳҳои ифротгаро?

Лола Олимова, журналист ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, таассуфовар аст, ки дар солҳои охир исми шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳам дар қатори омилони амалҳои террористӣ бурда мешавад. Вай мегӯяд, зоҳиран, гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз "обрӯи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар гузашта ҳеҷ гоҳ дар ингуна амалҳо олуда нашудаанд, ҳадафҳои худро пиёда мекунанд".

Лола Олимова.
Лола Олимова.

Вай гуфт, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар чашми аксар ҳукуматҳои аврупоиву ғарбӣ ҳамчун афроди орӣ аз ақидаҳои ифротӣ шинохта шудаанд ва эҳтимолан, ифротгароҳое, ки тавассути интернет ба мағзшӯӣ машғуланд, аз ҳамин "муносибати боэътимод ба онҳо" сӯиистифода мекунанд.

Аз сӯи дигар, ба андешаи Лола Олимова, ҳодисаҳои террористии мисли оне, ки дар Ню-Йорк рух дод, метавонад сиёсати мақомотро дар кишварҳои Осиёи Миёна тавҷеҳ кунад, ки барои тадбирҳои шадиди зидди тундгароӣ интиқод мешаванд. Вай гуфт, бешубҳа ҳукуматҳо дар минтақа шеваҳои пешгирифтаи худ дар амри саркӯби ифротгароҳоро дуруст ва саривақтӣ арзёбӣ мекунанд.

Аксари ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, таассуфовар ин аст, ки дар пайи чунин ҳодисаҳои террористӣ, баробар бо марги фоҷеабори афроди бегуноҳ, барномаҳои зиндагии ҳазорҳо нафари дигар халалдор мешавад. Онҳое, ки дар Осиёи Марказӣ дарёфти ҳақи кору иқомати доимӣ дар Амрикоро барои худ як ормон ва шонси зиндагии шоиста арзёбӣ мекунанд, ҳамакнун аз санҷишҳои шадидтари дигар мегузаранд. Абдумалик Қодиров гуфт, ин ҳодисаҳо ба сиёсати исломситезии гурӯҳҳои муайян мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG