Дар як пажӯҳиши Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон 22, 2 дарсади пурсидашудагон худро намояндаи синфи миёна номидаанд. Дар ин назархоҳӣ, ки тобистони соли гузашта анҷом шудааст, 1150 нафар аз 16 шаҳру навоҳии Тоҷикистон ширкат кардаанд. Меъёрҳои намояндаи қишри миёна аз назари онҳо таҳсили олӣ, соҳиби манзил, мошин, кори хуб ва даромади на камтар аз 30 000 сомонӣ, муодили беш аз 6000 доллар дар сол будааст.
Фарида Мӯъминова, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ рӯзи 13-уми январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт: «Аз рӯи мансубият кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ ва мақомоти давлатӣ аксаран худро ба синфи миёна тааллуқ медонистаанд. Ва умеду интизориҳои онҳо нисбат ба оянда хеле мусбат мебошад. Онҳо фикр мекунанд, ки дар солҳои оянда имкониятҳои онҳо ҳамчун синфи миёна дар иштирок дар қабули қарор ва бевосита инкишоф боз ҳам бештар мегардад. Мо зимни ин пажӯҳиш кӯшиш кардем,ки сабади истеъмолиро ҳисоб кунем.Ва дар ин раванд мо муайян кардем, ки агар ҳадди ақали сабади истеъмолиро ақаллан 5 карат зиёд нишон диҳем, он гоҳ ин имконият медиҳад, ки мо синфи миёнаро муайян намоем.»
Ба гуфтаи хонум Муъминова, дар ин пажӯҳиш қишри миёна аз рӯи 8 нишондод, яъне даромаду хароҷот, таъминот бо манзил, мавҷудияти пасандози зиёд,доштани автомобил, имконияти молиявӣ барои истироҳат ва таҳсили фарзандон дар дохилу хориҷа ва истифода аз тарабхонаҳо будааст.
Ба ин тартиб аз сӯи пажӯҳишгарон мушаххас шудааст, ки ҳар хонаводае, ки дар Тоҷикистон солона 30 ҳазор сомонӣ ё бештар аз он даромад ба даст меорад, қишри миёна маҳсуб мешавад. Гуфта мешавад, намояндагони фаъоли қишри миёна бештар дар шаҳрҳо ба сар мебаранд.
Маҳдии Собир, сухангӯи Маркази таҳқиқоти стратегӣ бо такя ба ин пажӯҳиш мегӯяд, дар Тоҷикистон синфи миёна босуръат ташаккул меёбад. Вай гуфт, «худи ман ахиран дар водии Рашт бо деҳқонон сӯҳбат доштам. Масалан як деҳқоне ки дар 10 сотих заминаш дарахти нок дорад ва аз ҳамин ҳисоб ба маблағи 58 ҳазор сомонӣ маҳсулот фурӯхтааст. Дар ин баробар 150 оила занбӯр дорад ва аз ҳисоби фурӯши асал беш аз 100 ҳазор сомонӣ даромад гирифтааст. Дар ҳоле ки синфи миёна бояд солона 30 ҳазор сомонӣ даромад дошта бошад, бубинед, як деҳқон зиндагии худро бо фурӯши маҳсулоташ то кадом сатҳ баланд намудааст.»
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки бархе коршиносон натиҷаи ин таҳқиқотро зери шубҳа мегузоранд. Иқтисоддонҳо бо ишора ба бештар шудани шикофи миёни қишри доро ва камбизоат дар Тоҷикистон 22 дарсад ҳисоб шудани шумори намояндагони қишри миёнаро аз имкон берун медонанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки қишри миёна дар Русия ва Қазоқистон барин кишварҳои иқтисодашон аз Тоҷикистон ба маротиб пурқувваттар, аз 14 то 25 дарсад шумурда мешавад, чи гуна синфи миёна дар Тоҷикистон 22 дарсадро ташкил мекунад?
Аз ҷумла Табаралӣ Ғаниев, иқтисоддони тоҷик гуфт, барои воқеан муайян кардани қишри миёнаи аҳолии Тоҷикистон бояд дар маҷмӯъ 71 нишондод истифода ва ҳадди аққал 4 ҳазор нафар пурсида шавад. Ҷаноби Ғаниев афзуд, «бояд муайян шавад, ки кадом миқдор маблағ зарур аст, ки тавонад ҳадди поён, миёна ва болои сабади истеъмолӣ, чӣ қадар маблағ барои дар боғча, мактаб ва донишгоҳ таҳсил кардани фарзандон зарур аст, барои истифода аз интернет ва дигар ниҳодҳои истеъмолии ҷомеа, барои сиҳатӣ чи қадар пул лозим аст, хулоса тақрибан бояд то 71 нишондиҳанда дар назар гирифта шавад. Агар нишондиҳандаҳо сунъӣ бошанд, натиҷа низ зери суол меравад.»
Дар ҳоли ҳозир, музди кори сокинони Тоҷиакистон пасттарин дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ эътироф ва шумори онҳое, ки зери хатти фақр ба сар мебаранд, дар ин кишвар 38 дарсад ҳисоб шудааст.
Аз сӯи дигар, ба ақидаи коршиносон, дар ин маврид ду истилоҳи гуногун “қишри миёна” ва “қишри миёнаҳол” бо ҳам омезиш ёфтаанд. Вазъи иқтисодии миёна ҳанӯз наметавонад, ба кас имкон диҳад, ки вай худро намояндаи синфи миёна бишуморад. Ба ҳар сурат, меафзоянд таҳлилгарон, агар қишри миёнаи Тоҷикистон 22,2 дарсад ё ҳар нафари панҷумро ташкил медиҳад, садои он дар арсаҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар сиёсат тақрибан шунида намешавад.