Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На доро, на қашшоқ... кист он?


Ҷомеашиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон дар байни сарватмандону камбағалон қишри қавии миёна вуҷуд надорад.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба дунболи он ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шикофи байни синфи доро ва камбизоатро ба маротиб бузургтар кард. Дар ин раванд синфи аз ҳама муҳим ва пешбарандаи аслии ҳар ҷомеа -- синфи миёна низ тақрибан суқут кард. Оилаҳои худкифо бебизоат шуданд ва бебизоатҳо камбағалтар.

Ба қавли ҷомеашиносон, феълан дар Тоҷикистон наздик ба 45 дарсади мардум фақир буда, 3 дарсад сарватманданд ва бахше кӯчаки аз 50 дар сади боқимонда ба синфи миёнаҳол шомил мешаванд.

Бо вуҷуди харҷи ду-се доллар дар рӯз бисёре аз мардум худро бебизоат намешуморанд ва мегӯянд, ки онҳо “миёнаҳоланд” ва дегашон бе ғизои гарм нест. Аммо оё воқеият чӣ гуна аст?

На доро, на қашшоқ... кист он?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG