Муҳаммад дар як рӯз панҷ бор талош кард ба сомонаи расмии барандагони гринкорти Амрико ворид шуда натиҷаашро барои худ ва аъзои олиааш бифаҳмад, вале муваффақ нашуд.
Ҳар дафъа барнома барояш мегӯяд, ки "вебсайт кор намекунад". Бесабрии Муҳаммад сабаби худро дорад. Ин ҷавон орзу дорад ба Амрико кӯчида дар донишгоҳи ин кишвар таҳсил кунад.
Бо ҳамин умед соли гузашта дар як нуқтаи пуркунии аризаи гринкорт дар
Танҳо орзу кам аст ва барои амалишавии орзу шахс бояд соҳиби забон, ихтисос ва малакаи корӣ бошад, то тавонад зиндагии худро дуруст ва аз рӯи қонун бичархонад
Душанбе дархости худро фиристод, вале ҳоло, бо фаро расидани мӯҳлати эълони натиҷаҳо намедонад, ки то куҷо бахт ба рӯяш хандиду тавонист ҳақи иқомат дар як кишвари бонуфузи ғарбиро соҳиб шавад.
"Ҳама ҳаяҷонӣ ҳастанд..."
Мисли Муҳаммад ин шабурӯз садҳо нафари дигар ҳам дар Тоҷикистон ҳаяҷонӣ ҳастанд. Марҳилаи дарёфти посух ё эълони натиҷаҳои лотереяи гринкорт, ки барои барандаҳояш роҳи зиндагиву кор дар Амрикоро ҳамвор мекунад, шаби 15-уми май фаро расид. Ин лотерея ҳар сол барои 50 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон шонси дарёфти ҳақи қонунии зиндагиву кор дар Амрикоро фароҳам меорад, кишваре, ки мегӯяд, аз роҳи ҷалби муҳоҷирон аз саросари ҷаҳон пойдевори иҷтимоиву фарҳангӣ ва зеҳниву сиёсии давлатро ғанӣ месозад.
Дар Тоҷикистон ширкат дар ин лотерея баъди солҳои 2000-ум бештар маъмул шуд ва хонаводае нест, ки дар бораи ин барнома хабар надошта бошад. Соли ҷорӣ марҳилаи пуртакопуву ҳаяҷонии дарёфти натиҷаҳои сабқат зоҳиран ба мушкили огаҳии техникии корбарон рӯбарӯ шудааст.
Санҷиши натиҷа тавассути барномаи Explorer
Аксар довталабон огаҳии хурди расмиро нодида мегиранд, ки мегӯяд, барои боз кардани вебсайти корти сабз аз браузер ё барномаи интернетии Internet Explorer истифода кунед. Ин браузер вебсайтро бемушкил боз мекунад. Талоши ворид шудан тавассути браузерҳои дигари мисли Google Chrome ё Mozilla Firefox дар Тоҷикистон бисёр вақт бенатиҷа анҷомидааст.
Бахти Саидаброр хандид, вале аз Мурод - на
Вале Саидаброр, ки соли гузашта посухи мусбати лотереяро дарёфт кард, имсол ба сафари Амрико омода мешавад. Ӯ 30 сол дорад ва дар як соли охир аз тамоми марҳилаи таҳияи санадҳои зарурӣ ва ҳам мусоҳиба дар сафорати Амрико ҳам гузаштааст.
Саидаброр гуфт: “Вақте ман дидам, ки гринкортро бурд кардам, ба ман гуфтанд, ки бояд барои сӯҳбат ба сафорати Амрико дар Қазоқистон равам. Акнун дар давоми шаш моҳ бояд тамоми ҳуҷҷатҳоро дуруст карда, баъд бо оилаам ба Амрико равем”.
Саидаброр мегӯяд, орзуи зиндагӣ дар Амрикоро ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ дар дил мепарварид. Ӯ, ки тоза аз Қазоқистон баргаштааст, ҳоло машғули ҷамъоварии маблағ барои сафар аст. Медонад, ки харҷи сафар кам нест ва бояд ҳадди аксар омода шуд.
Дар ҳоле, ки Саидаброр аз бори аввал дар ин сабқат баранда шуд, бархе бо гузашти даҳ сол ҳам наметавонанд бурд кунанд. Мурод, як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, аз бекориву мушкили иқтисодӣ дар кишвар роҳи гурез мекобад, вале ин навбат ҳам натавонист баранда шавад. Абдураҳмон Мирзоев, як сокини шаҳри Кулоб махсус барои фаҳмидани посухи аризааш ба Душанбе омад. Посухи лотерея манфӣ баромад. Вале ӯ ва ҳам Мурод мегӯянд, ки ноумед нестанд ва тирамоҳи имсол ҳам дубора дархости худро ба вебсайти лотерея мефиристанд.
500 нафар дар сол
Ҳар сол аз Тоҷикистон ба ҳисоби миёна беш аз 500 нафар барандаи лотереяи Гринкорт мешаванд ва барои зиндагиву кор ба Амрико мекӯчанд. Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, ки дар мавсими озмуни лоторея барои солҳои 2015-2016 аз Тоҷикистон 528 нафар ҳақи зиндагӣ дар Амрикоро дарёфт карданд. Ба ин тартиб, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон 2 ҳазору 760 шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст.
Садҳо нафари дигар аз роҳи барномаҳои таълимӣ ва ҳам пешниҳоди кор дар он сӯи уқёнус муқимӣ шуданд. Аксари ин шаҳрвандон соҳиби маълумот ва ихтисос мебошанд, забони англисиро медонанд ва на таваккал, балки бо ҳадафи муайян ба ин кишвар ворид шудаанд. Муҳаққиқон мегӯянд, сабаби аслии тарки кишвар кардани шаҳрвандон омили иҷтимоӣ дошта, сокинон ба хотири зиндагиву даромади беҳтар ба хориҷа рӯ меоранд.
Дар навбати дувум – ҷавонон мебошанд, ки ба хотири таҳсил мераванд ва дар он кишварҳо муқимӣ мешаванд ва дар ниҳоят афроде мебошанд, ки бо далелҳои сиёсӣ тарки Тоҷикистон мекунанд.
Танҳо орзу кам аст...
Барои аксари онҳое, ки дар фикри зиндагӣ дар Амрико ҳастанд, Иёлоти Муттаҳида кишвари орзуҳост ва онҳо мутмаин ҳастанд, ки метавонанд дар он ҷо зиндагии беҳтаре барои худ ва фарзандонашон таҳия кунанд. Вале тавре муҳоҷироти таҷрибадор мегӯянд, танҳо орзу кам аст ва барои амалишавии орзу шахс бояд соҳиби забон, ихтисос ва малакаи корӣ бошад, то тавонад зиндагии худро дуруст ва аз рӯи қонун бичархонад. Аз ҳамин хотир, дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Амрико ҳам афроди муваффақ ва огаҳ аз шароити зиндагӣ ва ҳам онҳое ҳастанд, ки роҳу раҳнамои худро пайдо накардаанд.