Мақсади амалиёти махсуси раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки рӯзи чаҳоршанбеи 3-юми июн бархе аз роҳу шоҳроҳҳои шимоли Тоҷикистонро зери заррабин қарор дод, пеш аз ҳама ошкор кардани қонуншиканиҳо аз ҷониби ронандаҳои нақлиёт ва пиёдагардон набуда, балки созмондиҳандагони он хостанд, таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаро ба ин мушкил ва ҳифзи ҷони одамон ҷалб намоянд.
Шариф Назарзода, сардори раёсати мазкур қабл аз оғози ин амалиёти муштарак гуфт, солҳои охир садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои маргбор дар вилояти Суғд рӯ ба афзоиш доранд. Дар 5 моҳи аввали соли гузашта дар роҳҳои шимоли Тоҷикистон 108 садамаи нақлиётӣ рух дода, 45 нафар нобуд шудаву 101 кас ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд. Имсол дар ҳамин давра 137 садама ба қайд гирифта шуда, назар ба соли гузашта 3 нафар зиёд ҷон бохтаву 50 нафар бештар маҷрӯҳ шудаанд.
“Барои коҳиши садама ва фалокатҳо бояд ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз он ки сари кадом мансаб ҳастанд, бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоят кунанд,” -- афзуд генерал Назарзода.
Дар ин амалиёти густарда кормандони пулис ҳамроҳи рӯзноманигорон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Чкалов, Қайроқум ва Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен сари роҳҳои нақлиётӣ чанд соат вазъи ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардонро мушҳоида карданд.
Тӯли чанд соате, ки дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, назди бозори бузурги “Сомон” қарор доштем, пулисҳои раҳбон даҳ автомобилро аз ҳаракат нигоҳ доштанд. Яке аз қисмати канории мамнӯи роҳ мошин меронд ва гуфт, ба мулоқоте шитоб дорад, ҷавоне бе парвонаи ронандагӣ автомобил меронд, сеюмӣ ба ҷои рақами давлатии автомобилаш рақами дигари “шик” – “40 40” часпонида буд ва мегуфт, рақами худаш фарсудаву безеб шудааст, автомобили чорумӣ шиносномаи фаннӣ надошт, панҷумӣ бе иҷозати расмӣ шишаи мошинашро сиёҳ карда буд.
Аз ҳама тааҷҷубовар он буд, ки пиёдагардон аз байни роҳи мошингард ба тарафи дигари роҳ мегузаштанд ва гузаргоҳи зеризаминии наздикро нодида мегирифтанд. Яке мегуфт, аз боз шудани гузаргоҳи зеризаминӣ хабар надорад, дигарӣ шитоб доштанашро баҳона меовард. Манзарае, ки тақрибан дар ҳама роҳҳои мошингарди Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Табиист, ки пулиси раҳ чандин ронандаҳоро ҷарима баст, вале танҳо бо ин роҳ мешавад аз қоидавайронкуниҳову садмаҳои нақлиётӣ ҷилавгирӣ кард? Ҷамшеди Маъруф, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки дар ин амалиёт иштирок кардааст, мегӯяд :
“Ба назари ман, аввал ин ки ҳама шаҳодатномаи ронандагиро баъди хатми давраи омӯзишӣ ва омӯхтани қоидаҳои ронандагӣ ба даст оранд. Ҳозир бо як занги “тағо”- ву “амак” ё роҳҳои дигари подош додан осон соҳиби ҳуҷҷат мешаванд ва табиист, ки ба қадри он намерасанд. Дигар, беҳтар буд сари роҳҳои мошингард, чун дар Душанбе дурбинҳои видео мегузоштанд. Ин кор дигар баҳсу талошҳои байни нозири роҳ ва ронанда ва бо ҳам бо занги “тағо” – ву додани ришва халос шуданро аз байн мебурд. Яъне, бо ин роҳҳо бояд дар ронандаҳо мафкураи қонунсолориро шакл дод,” -- мегӯяд Ҷамшеди Маъруф.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар 5 моҳи соли гузаштаи 2014 пулиси роҳ дар вилояти Суғд 148 ҳазор ва имсол беш аз 157 ҳазор мавридим нақзи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандаҳои нақлиёт ва пиёдагардонро ошкор кард.
Аз сӯи дигар ба назари мардуми одӣ ва коршиносон даст доштани кормандони пулиси роҳ дар фасодкорӣ ва пора гирифтан аз ронандаҳо вазъиятро боз ҳам печидатар мекунад. Аксари ронандаҳо аз ин шикоят мекунанд, ки пулис бе ҳеҷ баҳона аз ронандаҳо пул мегирад ва бо ин ба ронандаҳои камтаҷриба чароғаки сабз медиҳад. Вақте шаҳодатнома ё парвонаи ронандагӣ бо ришва харида мешавад, ҳатман ин амал рӯзе дар шакли қонуншикании ронанда ва ҳатто садама ба пулис бармегардад.
Сокинони одӣ ва коршиносон сол то сол зиёд шудани шумораи нақлиёти ҷамъиятиву хусусӣ, роҳҳои тангу вайрон, бидуни балад будани қоидаҳои ронандагӣ зуду осон соҳиб шудан ба шаҳодатномаи ронандагӣ ва бим надоштани бархе ронандаҳои одиву соҳибмансаб аз пахш кардани пиёдагардонро аз сабабҳои умдаи рӯ ба афзоиш доштани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон меноманд.
Тибқи маълумоти БДА - и вилояти Суғд ҳоло дар ин минтақа ҳудуди 170 ҳазор нақлиёти хусусиву ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо дар гардиш аст. Шумораи онҳо ҳар сола даҳ - понздаҳ ҳазор адад зиёд мешавад.
Бархе аз сокинон ҳам баландтар кардани ҷарима барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати нақлиёт ва сахттар намудани таъини ҷазо барои ронандаҳоеро, ки пиёдагардро зери чарх пахш мекунанд, пешниҳод доранд. Тӯли ним сол ду сокини Суғд, ки пайвандонашон дар садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд, бо чунин пешниҳод ба дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд муроҷиат намуданд.
Моҳи январи соли равон дар садамаи маргбори нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар қисмати Шаҳристон Фатҳулло Ҷӯраев, сокини 36-солаи ноҳияи Исфара бо 4 ҳамроҳаш дар автомобил ҷон дод. Додгоҳи Шаҳристон дар ин садама ронандаи мошини боркаш – Аҳмадхон Олимовро гунаҳкор донист ва ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Вале пайвандони Фатҳулло хостори бознигарии ин парванда шуданд. Онҳо мегӯянд, 6 соли зиндон барои касе, ки бо мошини 20-тоннаӣ ба автомобил бархӯрда, 5 нафарро куштааст, кам аст.
Моҳи декабри соли гузаштаи 2014 як сокини ноҳияи Ашт низ ба дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд занг зада гуфт, як сокини ҷамоати Ориёни ин ноҳия - Аббос Авазов дар ҳолати мастӣ мошин ронда, ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд бероҳа шуд ва 3 сокини канори роҳ, аз ҷумла навраси 17 сола – Алишерро ба ҳалокат расонд. “Пулис ронандаро боздошт намуд ва айбашро ба гардан гирифт. Аммо ҳанӯз маросими чили ҷиянам нагузашта, бо татбиқи қонуни афв вайро раҳо карданд. Ман зидди афв не, аммо касеро, ки дар ҳолати мастӣ 3 касро зери чарх мегирад, ҳамин хел зуду осон сар додан оё ба зиёд шудани чунин садамаҳои марговар мусоидат намекунад?” – мепурсад ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки худро бо Нозимҷон муаррифӣ кард.
Аммо аксари мусоҳибони мо дар сари роҳи Ғафуров бар он буданд, ки таъини ҷазои сахт танҳо роҳи ислоҳи вазъ ва кам кардани садамҳои нақлиётӣ нест. Роҳҳои беҳтар – паси фармон раҳ додани танҳо ронандаҳои ошно бо қоидаҳои ҳаракати нақлиёт ва дар сурати вайрон кардани қоида тибқи қонун муомила кардани масъулони пулис бо онҳост.