Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд аҳамияти нирӯгоҳи Роғун барои Тоҷикистон. ВИДЕО, АКС


Тоҷикистон чархаи бузургтарин нирӯгоҳ дар Осиёи Марказиро ба кор меандозад, ки мумкин аст, дар оянда на танҳо хонаҳои мардуми кишвар, балки манотиқи бузурги Покистону Афғонистонро бо барқ таъмин кунад.

Мардуми Тоҷикистон солҳо аз бебарқӣ азият мекашанд ва ба гуфтаи мутахассисон иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ хисороти азиме дидааст. Нуқтаи авҷи ин мушкил ба соли 2008 бармегардад.

Чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзи 16-уми ноябр дар ҳузури меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбекистону Русия ба кор андохта мешавад. Тугмаи оғози кори Роғунро президент Эмомалӣ Раҳмон пахш мекунад, ки таъмини истиқлоли энержии Тоҷикистон яке аз ваъдаҳои раёсаташ буд.

Роғун мушкилтарин тарҳе аст, ки саддҳои сиёсиву иқтисодӣ дошт ва аз чанд таҳқиқи байналмилалӣ гузашт. Шаҳрвандони Тоҷикистон ояндаи кишвари худро ба шурӯи фаъолияти нирӯгоҳ вобаста мекунанд.

  • Нирӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои минтақаҳои васеъ дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Сарбанди нирӯгоҳи Роғун, ки баландиаш 335 метрро ташкил медиҳад, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун фаъол мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Тақрибан даҳ соли кор дар сохтмони Роғун

Суҳроб Очилови 31-сола, коргари нирӯгоҳи Роғун, ин рӯзро тақрибан даҳ сол боз интизор аст. Вай ҳангоми маҳкам кардани ҳар муҳра орзу мекунад, ки давр задани чархаи аввали нирӯгоҳро бо чашми худ бубинад.

Очилов, ёвари сармуҳандиси ширкати “ТоҷикСГЭМ” аст ва онҳо масъулияти насби чархаи нирӯгоҳро бар уҳда доранд.

“Вақте зербинои аввали агретатро месохтем, орзу мекардем, ки кай чарх задани агрегатро тамошо кунем. Нирӯгоҳи Роғун ба иқтисоди Тоҷикистон хеле муҳим аст ва моро аз вобастагии кишварҳои дигар раҳо мекунад. Баъди ба истифода додани нирӯгоҳ корхонаҳоеро, ки ба сабаби набудани барқ кор намекарданд, ба истифода хоҳанд дод”, - гуфт Суҳроб Очилов рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Чархаи дувум моҳи апрели соли оянда ба кор медарояд"

Ин коргари нирӯгоҳи Роғун мегӯяд, чархаи аввал нахуст бо иқтидори 115 мегават ва дар охир то 600 мегават қувваи барқ истеҳсол мекунад. Қарор аст, чархаи дувуми Роғун моҳи апрели соли 2019 ба тавлиди барқ шуруъ кунад.

Зафар Бӯриев, муовини коргузор оид ба назорати сифат дар сохтмони “Роғун” гуфт, беш аз даҳ рӯз аст, ки чархаи аввал санҷишӣ кор мекунад ва дар кори он ҳеҷ камбуд дида нашудааст. Бӯриев, ки дар болои сарбанди нирӯгоҳи Роғун бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, “ҳама корҳо бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом шудааст”.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун беш аз 50 ширкати маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои фаронсавӣ, русӣ, эронӣ ва чинӣ кор мекунанд. Масъулини неругоҳи Роғун дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дастгоҳҳои интиқолдиҳандаи барқ низ бо харҷи 79 миллион доллар сохта шудаанд ва барои кор омода мебошанд.

Масъулин мегӯянд, барои ифтитоҳи нахустин чархаи нирӯгоҳ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Беш аз як моҳ аст, ки ҳазорон нафар аз ҷумла донишҷӯён барои таҷлил аз маросими ифтитоҳи нахустин чархаи “Роғун” омода мешаванд.

Гулрухсор: "Роғун муҷассамаи истиқлолияти Тоҷикистон аст"

Дар остонаи ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун даҳҳо нафар бо нашри мақолаҳо аз он ҳимоят карда ва онро роҳи наҷот номидаанд. Аз ҷумла, шоири мардумии Тоҷикистон

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Гулрухсори Сафӣ нирӯгоҳи Роғунро “муҷассамаи истиқлолияти Тоҷикистони навин” донист. Ӯ рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба кор даромадани Роғун дар рӯзҳои мо муъҷиза аст. Истиқлоли нур ва муъҷиза муборак.”

Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили порлумон гуфт, Тоҷикистон талош дорад ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил шавад ва бидуни бунёди “Роғун” ин кор аз орзуе беш нахоҳад буд. Бобоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иқтисоди Тоҷикистон бахусус соҳаи истихроҷи маъданҳои куҳӣ ба нерӯи барқи зиёд ниёз дорад ва бунёди “Роғун” барои кишвар хеле муҳим аст.

“Тоҷикистон як кишваре аст, ки қувваи кории барзиёд ва маъданҳои зиёди зеризаминӣ дорад. Зарурати барқи Роғун дар он аст, ки якум мо метавонем, коркарди захираҳои куҳиро васеъ ба роҳ монем, аз ин ҳисоб ҷойҳои кории зиёде эҷод кунем ва тавонем, ки як силсила занҷираи истеҳсолиро то тайёр намудани маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монем,” - гуфт Олимҷон Бобоев.

Роҳи пур аз шебу фарози Роғун

Олимҷон Бобоев
Олимҷон Бобоев

Сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз соли 1976 шуруъ шуда, то солҳои 90-уми асри гузашта идома кардааст. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмони нирӯгоҳро мутаваққиф намуд. Дар аввали солҳои 2000-ум Тоҷикистон бо ширкати Русал барои идомаи корҳои сохтмонӣ созишнома баст, вале дар соли 2007 Тоҷикистон аз он даст кашид. Давлати Тоҷикистон соли 2009 маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғунро роҳандозӣ карда ва эълон кард, ки онро бо нирӯи худӣ месозад.

АКСҲО АЗ МАҲАЛЛИ СОХТМОНИ РОҒУН:

Камбуди барқ аз мушкилиҳои аслӣ барои Тоҷикистон дар даврони истиқлол мебошад. Мардуми Тоҷикистон солҳо аз ин мушкил азият мекашанд ва ба гуфтаи мутахассисон иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ хисороти азиме дидааст. Нуқтаи авҷи ин мушкил ба соли 2008 бармегардад, ки аксари мардум дар Тоҷикистон дар сардтарин рӯзҳои зимистон бидуни барқ монданд. Дар он сол ҳатто беморхонаҳои Тоҷикистон нерӯи барқ надоштанд ва фавти тифлони навзод дар таваллудхонаҳо аз бебарқӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG