Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори таҳкими назорати гумрукӣ бо Тоҷикистон шудааст


Ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки барои рушди додуситад миёни Русия ва Тоҷикистон ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар намояндагиҳои хадамоти гумрукии худро таъсис диҳанд.

Ҳукумати Русия ба президенти ин кишвар Владимиру Путин пешниҳод кардааст, ки бо Тоҷикистон дар бобати ифтитоҳи намояндагиҳои хадамоти гумрукии ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар созишнома ба имзо расонад. Дар торнамои расмии ҳукумати Русия гуфта мешавад, ки "боз кардани намояндагиҳои хадамоти гумруки ин ду давлат ба ҳамкории наздиктари онҳо мусоадат намуда, мурооти бештари иҷрои қонунгузориҳои марбута, тафтиш ва пешгирӣ аз нақзи муқаррарот, тезондани ҳаракати молу мавод ва дурустии пардохтҳои гумрукии байни онҳоро таъмин менамояд." Торнамои расмии ҳукумати Русия хабар додааст, ки лоиҳаи чунин қарор дар ҷаласаи ҳукумати Русия рӯзи 30 апрел баррасӣ шудааст.

Пешниҳоди таъсиси намояндагиҳои гумрукии Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар ҳоле ба миён меояд, ки гардиши мол миёни ду давлат дар соли 2014 ба 1 миллиарду 274 миллион доллар расида, 24 дарсади ҳамаи додугирифти берунаи Тоҷикистонро ташкил додааст. Содироти моли Тоҷикистон ба Русия наздики 60 миллион доллар ва воридот аз Русия 1 миллиарду. 215 миллион доллар ё 28% тамоми импорти Тоҷикистонро фаро мегирад. Рушди мубодилаи мол байни ду кишвар, ки дар соли 2013 ночиз буд, дар соли 2014 ба 37 дарсад расид.

Ҳамчунин пешниҳоди нави ҳукумати Русия дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки Маскав хостори шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёст. Агар ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумрукии Русия дар Тоҷикистон ба маънои таҳкими назорати гумрукӣ бошад, узвияти Тоҷикистон дар эътилофе, ки то ҳоло Русия, Бепларус, Қазоқистон ва Арманистон аъзои он буда, ба зудӣ Қирғизистон бояд узви он шавад, ба маънои аз байн рафтани пардохтҳои гумрукии байни Русия ва Тоҷикистон аст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳанӯз тасмими рӯшан нагирифтааст ва танҳо гуфта мешавад, ки як ҳайати кории ин ҳукумат бо омӯзиши суду зиёни Тоҷикистон аз ин узвият машғул аст.

XS
SM
MD
LG