Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳеҷ зарурат ба забони дувуми давлатӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад" ВИДЕО


Як масъули Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки забони русӣ бояд дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (CНГ) ҳамчун забони дувуми давлатӣ қабул шавад. Аммо намояндагони порлумони Тоҷикистон ва коршиносони тоҷик мегӯянд, забони давлатии ин кишвар тоҷикӣ буда, зарурат барои забони дувуми давлатӣ вуҷуд надорад.

Назари роҳгузарони Душанбе:

Забони русӣ - забони дувуми давлатӣ шавад ё нашавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

"Русӣ забони дувуми давлатӣ эълон шавад!"

Элеонора Митрофанова, як масъули Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 17 ноябр дар мизи гирде дар шаҳри Маскав дар мавриди мавқеи забони русӣ дар ҷаҳон гуфтааст, "дар кишварҳои пасошӯравӣ забони русӣ бояд дар сатҳи қонунгузорӣ забони дувуми давлатӣ эътироф шавад". Дар акси ҳол, забони русӣ оҳиста-оҳиста мавқеашро дар ин кишварҳо комилан аз даст хоҳад дод.

Элеонора Митрофанова.
Элеонора Митрофанова.

Ӯ таъкид кардааст, дар сатҳи қонунгузорӣ муайян кардани мақоми забони русӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Русия ҳисоб меёбад. Дар бештари кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, забони русӣ “забони муоширати байни миллатҳо” эълон шуда, забони давлатӣ – забони миллии он кишварҳо эътироф шудааст. Митрофанова гуфтааст, танҳо забони муоширати байналмилалӣ будани русӣ кофӣ нест.

Дар қонуни нави забони давлатӣ дар Тоҷикистон, ки дар соли 2009 қабул шуд, забони тоҷикӣ ягона забони расмии давлатӣ эълон шуда ва забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо маҳрум гардид. Вале, дар ҳамин ҳол, мақоми забони русӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо дар Қонуни асосии Тоҷикистон ҳифз шудааст.

"Тоҷикистон эҳтиёҷ барои забони дуюми давлатӣ вуҷуд надорад"

Олим Салимзода, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол дар бораи додани мақоми забони дуюми давлатӣ ба забони русӣ аз Русия пешниҳоди расмӣ ё санади ҳуқуқие ворид нашуда ва ин танҳо назари як масъули ниҳоди давлати Русия аст.

Ба қавли Салимзода, “дуруст аст, ки дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон ду ва ҳатто се забон давлатӣ эълон шудааст, вале дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ буда ва тамоми коргузорӣ дар сохторҳои давлатӣ бо ин забон сурат мегирад. Дар Тоҷикистон эҳтиёҷ барои забони дуюми давлатӣ вуҷуд надорад.”

Олимҷон Салимзода
Олимҷон Салимзода

Зимнан, дар моҳи июни соли 2012 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии кишвар "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон", донистани забони тоҷикиро барои вакилони мардумӣ ҳатмӣ эълон кард.

Тибқи ин санад, номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси Миллӣ ва шӯроҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ҷамоатҳо бояд забони давлатиро ба таври ҳатмӣ бидонанд.

Ҳамзамон, ҷаноби Салимзода таъкид кард, ки дар кишвар дар роҳи истифодаи забони русӣ ҳамчун забони муоширати сокинон ва корбурди онба сифати забони корӣ дар бархе аз созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ маҳдудияте нест. Бархе аз коршиносон низ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон забони русӣ бидуни ҳеҷ маҳдудият истифода шуда ва иддаи зиёди сокинон, бахусус, муҳоҷирони корӣ ба далели зарурат ин забонро меомӯзанд.

Бар асоси қонуни ҷадиде, ки моҳи ноябри соли 2012 дар Русия қабул шуд, муҳоҷирони кории хориҷӣ барои дарёфти кор дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷорату хизматрасонӣ бояд аз забони русӣ имтиҳон супурда ва муҷаввизи кор дарёфт кунанд. Барои ба кор қабул шудани муҳоҷирони хориҷӣ забони русии шахс бояд болотар “аз як саҳти ҳадди аққал” бошад. Барои собит кардани забондонии худ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шаҳодатнома ё сертификати имтиҳони давлатии забони русӣ ё санадҳои дигарро намоиш диҳад.

Донистани забон довталабона бошад, на иҷборӣ

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил мегӯяд, ки барои мардуми Тоҷикистон донистани забонҳои хориҷӣ бо шумули русӣ муфид аст. Аммо ин кор бояд довталабона сурат гирад, на ба таври иҷборӣ: “Вақте маҷбуран забони русӣ ба сари як кишвар бор карда мешавад, ин нишонаи гегемонизми Русия нисбати ин давлат аст. Мехоҳад аз ин тариқ таъсиргузор бошад. Ин барои ҳеч кишвари мустақил қобили қабул нест.”

Абдулмалик Қодиров.
Абдулмалик Қодиров.

Ба эътиқоди ӯ, агар Русия мехоҳад забони русӣ дар кишваре забони муоширати байни миллатҳо шавад, бояд барои ин кор шароит фароҳам кунад. Яъне, барои донандаҳои забони русӣ имтиёзҳое пешниҳод шавад, ки мардумро ба омӯхтани ин забон ташвиқ кунад.

Сафорати Русия дар Душанбе барои алоқамандони забони русӣ дар Тоҷикистон курс ё давраҳои ройгони омӯзиши забони русӣ боз кунад.

Русия бадаҳдӣ кард

Се соле қабл, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз давлати Русия дархост кард, то барои мактабҳои миёнаи кишвар 4 ҳазор устоди забони русӣ фиристад. Ҷониби Тоҷикистон эълон дошт, ки устодони забони русӣ бо маоши муносиб ва маҳали зист таъмин хоҳанд шуд.

Аммо то ба ҳол аз омадани мутахассисони забони русӣ аз Русия ба Тоҷикистон хабаре нарасидааст. Ба гуфтаи коршиносон, мақомоти Русия барои густариши забони русӣ дар Тоҷикистон корҳои амалиеро анҷом надода, умдатан барои зарурати таҳкими мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон аз шиору пешниҳодҳо ва дар баъзе маврид аз забони зӯру дастур истифода мекунанд.

Англисӣ ҷои русиро танг мекунад?

Дар ҳамин ҳол, Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аввалҳои соли гузашта зимни дидор бо хабарнигорон аз танг шудани ҷойгоҳи забони русӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буд, сокинони Тоҷикистон ба унвони забони муоширати байни миллатҳо на русӣ, балки забони англисиро интихоб кардаанд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.

Бар асоси пажӯҳиши Оҷонсии "Евразийский монитор" дар Маскав дар соли гузашта чаҳоряки ҷавонони то 25-солаи тоҷик забони русиро намедонанд ва истифодаи забони русӣ дар маъракаҳои расмӣ ва муошират дар кӯча низ дар муқоиса ба соли 2000-ум ду маротиба коҳиш ёфтааст.

Аммо ин пажӯҳиш муайян карда, ки 70 дарсади ҷавонони тоҷик майли омӯхтан ва ё беҳтар кардани сатҳи забони русии худро доранд. Муаллифони ин пажӯҳиш мизони баланди майли ҷавононро барои омӯхтани забони русӣ ба имкони кор ва муҳоҷират ба Русия рабт додаанд.

Забони русӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҳам як ҷузви он буд, забони давлатии ин қаламрав ҳисоб мешуд. Мубориза барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ, ки охири солҳои 1980-ум аз ҷониби рӯшанфикрони тоҷик авҷ гирифт, баъдан дар касби истиқлолияти Тоҷикистон ҳам саҳм гузошт.

Мақомоти Русия ҳамеша ба ин масъала ҳассосият нишон дода, даъватҳои дар сатҳи давлатӣ ҳифз шудани забони русиро, аз ҷумла дар Тоҷикистон, бо ҳадафи таъсиргузорӣ болои сиёсати ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ зарур мешуморанд.

XS
SM
MD
LG