Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Пойгоҳи 201-и Русия ба куштори таксирони тоҷик иқрор карданд


Сарбозони Пойгоҳи 201 Русия иқрор кардаанд, ки Раҳимҷон Тешабоев сокини шаҳри Душанберо ба қатл расонидаанд.

Як манбаъ дар Додситонии ноҳияи Рудакӣ мегӯяд, ду сарбози Пойгоҳи 201 Русия, ки дар куштори Раҳимҷон Тешабоев сокини ноҳияи Рудакӣ айбдор дониста мешуданд, ба гуноҳи худ иқрор кардаанд ва тибқи моддаи 105, қисми д, банди "ж"-и Кодекси ҷиноии Русия «куштор дар ҳайати гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ ва ғаразнок» айбдор дониста шуданд.

Ба иттилои ин манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ, сарбозони нерӯҳои Русия Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар баёноти худ иқрор карданд, ки Раҳимҷон Тешабоевро бо зарби корд ба қатл расонидаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки ин корро бо як маслиҳати пешакӣ замоне анҷом додаанд, ки шаҳрванди Русия Федор Басимов барои овардани ҳамсараш аз Русия ба Душанбе аз Раҳимҷон Тешабоев 50 ҳазор рубл қарз гирифта, аммо пулро баргардонида натавонистааст.

Додситонии ноҳияи Рудакӣ дар ҳафтаи гузашта ҳалномаи боздошти ду сарбози Пойгоҳи Русияро барои ду моҳ содир кард ва Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Тафтишот бо такя ба забти гуфтугӯйҳои телефонии Сахапов Илдар Масхутович ва Федор Басимов бо Раҳимҷон Тешабоев ва нишондодҳои онҳо дар ҷои ҳодиса ва нақли ин ки чӣ гуна ва бо чӣ роҳ ӯро ба қатл расониданд, алайҳи онҳо бо моддаи105, қисми д, банди "ж"-и Кодекси ҷиноии Русия эълони иттиҳом кард.

Феълан парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони Пойгоҳи 201 Русия идома дорад ва мувофиқи Созишномаи ҳузури Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бо назардошти масунияте, ки сарбозони Русия дар Тоҷикистон бархӯрдоранд,агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG