Марк Солонин, муаррих ва фаъоли ҷамъиятии Русия аз матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки дар пасманзари фоҷеаи суқути ҳавопаймои русӣ дар Миср, марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаровро фаромӯш накунанд. Солонин мегӯяд, тарзи бархӯрди мақомоти Русия ба қазияи кӯдаки панҷмоҳа, ки рӯзи 13 октябр баъди боздошти модараш ба таври мармуз аз дунё гузашт, баёнгари даҳшати бузургест, ки дар тамоми низоми сиёсиву идории ин кишвар ҳукмфармо аст.
Марк Солонин дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Самара дар бораи далели ба ин қисса таваҷҷӯҳ карданаш гуфт: «Набераи худи ман рӯзи 1 май чашм ба дунё кушод ва ӯ ҳамсинни ин тифли тоҷик аст. Ин қазия маро, пеш аз ҳама, аз назари инсонӣ ба ташвиш овард. Вале агар ба асли моҷаро нигоҳ кунем, мебинем, ки даҳшат на танҳо дар он аст, ки як тифл ҷон додааст, ё ин ки тифлро аз модар ҷудо карданд, ҳарчанд чунин амалро дар ҳеҷ кишвари як каме маданӣ роҳ намедиҳанд. Даҳшат дар тарзи бархӯрди низоми ҳифзи қонуни Русия – полис, додситонӣ, ҳамаи сохторҳои давлатӣ, вазорати беҳдошту масъулини ҳуқуқи инсон – як тӯда бекорхӯҷаҳо ба ин вазъият аст. Ҳамаи онҳо берӯву бешармона бо як овоз ба дурӯғгӯӣ сар карданд. Гузорише, ки вазорати корҳои дохилии кишвар дар сайти марказии худ нашр кард, пур аз гапи беҳуда буд. Гӯё модар довталабона фарзандашро додааст, гӯё дар ҳамон лаҳза дар ҳузури модар онҳо акти «бачаи партовӣ»-ро тартиб додаанд. Як андешае вуҷуд дорад, ки табиати низомро на иштибоҳҳо, балки тарзи бархӯрд ба иштибоҳҳо намоиш медиҳад. Ман инро қабул дорам, ки дар Америка ё Швейсария ҳам ходимони полис пайдо мешаванд, ки кори худро бад иҷро мекунанд ва ё ба сӯиистифода аз мақом роҳ медиҳанд. Аммо вокуниш дар ин кишварҳо дигар мешавад. Дар кишварҳое, ки як каме маданӣ ҳастанд, баъди чунин ҳодиса, ҳадди аққал вазири умури дохила истеъфо медиҳад, раиси идораи полиси ноҳия ба додгоҳ меравад. Мо ҳоло мебинем, ки боз ҳама бо дурӯғ худиҳоро пуштибонӣ мекунанд. Яъне инҳо қонуни тӯдаро аз қонунҳои давлат ва қонунҳои ахлоқӣ болотар гузоштанд,»- мегӯяд Марк Солонин.
Дар чунин шароит, мегӯяд Солонин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуот бояд ки ҳамаҷониба талош кунанд, таваҷҷӯҳро ба ин қазия ҳар чи бештар ҷалб кунанд. Солонин мегӯяд, ин воқеият, ки ходимони полис нисбати як кӯдаки тоҷик чунин рафторро раво диданд, ба масъалаи муҳоҷирбадбинӣ иртибот надорад. Ӯ мегӯяд, дар як ҳодисаи ҳамсони дигар дар яке аз вилоятҳои дурдасти Русия, тифли семоҳаи русро аз модар зӯран ҷудо карда, ӯро дар бемористон афтонданд ва ин боиси марги кӯдак шуд. Дар он ҳодиса ҳам, мегӯяд ӯ, ҳеҷ нафаре аз масъулин гунаҳгор нашуд.
Марк Солонин ба муҳоҷирон машварат медиҳад, ки Русияро ҳамчун макони беҳтари зиндагиву дарёфти рӯзӣ арзёбӣ накунанд. «Ман бидуни эҳсосот ва бо дарки тамоми воқеиятҳое, ки мегузарад мегӯям, ки ин кишвар дигар марҳилаи бозгашт ба ақиб ё бозбинии мавқеашро аз даст дод. Ин кишварро дигар наҷот дода намешавад, бояд худро аз ин кишвар наҷот диҳӣ». Ин донишманд мегӯяд, агар муҳоҷирони тоҷик ба умеди кору пул ба Русия меоянд, беҳтараш роҳу кишварҳои дигари дарёфти даромадро ҷустуҷӯ кунанд, мисли Чин, Австралия, Амрико ва давлатҳои дигар.
Умаралӣ Назарови панҷмоҳа рӯзи 13 октябр ба як идораи полиси шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо модару амакаш оварда шуд. Модараш барои нақзи муқаррароти муҳоҷират гунаҳгор ва боздошт шуд. Тифлро полис аз дасти модар гирифт ва рӯзи 14 октябр субҳ хабар дод, ки тифл мурдааст. Дар изҳороти расмии вазорати умури дохилаи Русия сабаби ҳалокати тифл «бемории шадиди роҳҳои нафас» арзёбӣ шудааст. Ин ҳодиса мавҷи маҳкумиятҳоро аз амалкарди мақомоти полиси Русия ба бор овард.