Муовини раиси кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои федератсияи Русия гуфт, таҳқиқи ҳодисаи марги мармузи тифли панҷмоҳаи тоҷикро зери назорати худ гирифт ва хулосаҳои худро аз рӯи ин ҳодиса омода мекунад. Елена Мизулина, Муовини раиси кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои федератсияи Русия дар баромади рӯзи 17 март дар назди раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко дар шаҳри Маскав ҳодисаи марги мармузи Умаралӣ Назарови 5-моҳа аз Тоҷикистонро шадидан маҳкум кард.
Вай гуфт, мақомдороне, ки “тасодуфан ва ё амдан боиси рух додани ин фоҷеа шудаанд, беҷазо мемонанд. Ин афрод бовар доранд, ки ба Русия хизмат мекунанд, вале ин хизматҳои онҳо метавонад ба обрӯи Русия зарба занад ва дӯстони моро ба душман табдил диҳад”. Елена Мизулина гуфт, ки дар наздиктарин фурсат хулосаҳои худро дар заминаи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаров омода хоҳад кард. Мизулина бовар дорад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо ба Кодекси Оилаи Русия бояд тағйирот ворид шавад.
Дар суханронии Мизулина, ки матнаш рӯзи 18 март дар сайти расмии ин мақоми Шӯрои федератсияи Русия нашр шуд, ӯ шароити марги тифлро дар таърихи 14 октябри соли 2015 “машкук” номидааст. Вай гуфтааст, як рӯз пеш аз маргаш кӯдак бо баҳонаи қайди расмӣ надоштани модар дар Русия кӯдак аз дасти модар гирифта шуд ва бо вуҷуди дар ҳамон ҷо қарор доштани падар ва модаркалонаш, ки санадҳои онҳо ҳеҷ мушкиле барои зиндагӣ дар Русия надоштанд, тифлро ҳамчун “бекас” ба қайд
гирифта ба Маркази реабилитатсияи кӯдакон ва бо диагнози “комилан сиҳҳат” ҷой карданд. Ин дар ҳоле, ки гуфтааст Мизулина, ҳам модар, ҳам падар ва ҳам модаркалони тифл батаъкид талаб мекарданд, ки кӯдакро аз онҳо ҷудо накунанд.
Дар натиҷа, тифл даргузашт ва бо қимати ҷони ӯ нақзи қонунгузории муҳоҷират пардохт шуд. Ва ё ин як бетафовутиву хунукназарии мақомдорон буд? Мизулина гуфтааст, ки бо вуҷуди идомаёбии таҳқиқи ин ҳодиса дар чаҳорчӯби як парвандаи ҷиноӣ, чанд масъала мавриди нигаронӣ буда, таваҷҷӯҳи бештарро талаб мекунад. Аз ҷумла, гуфтааст ӯ, кӯдак алорағми муқаррароти Кодекси оила аз дасти модар гирифта шуд, дар санадҳо маълумоти дурӯғин ворид шуд, ки гӯё тифл намояндаи қонунӣ надорад, ҷасади кӯдак баъди чор рӯз ба волидонаш дода шуд, модар ҷабрдида эътироф нашуда, ӯро нагузоштанд, ки то анҷоми тафтишот ва муҳокимаи судӣ дар Русия бимонад ва ниҳоят, аз хонаводаи кӯдак касе узр напурсид ва ҳам меъёрҳои реабилитатсионӣ ҳам пешниҳод нашуд, ки дар ҳолати марги нобаҳангоми тифл бояд пешниҳод шавад.
Мизулина дар поёни суханронии худ гуфтааст, ки вақте Русия аз кишварҳои дигар эҳтироми ҳуқуқи кӯдаконашро талаб мекунад, чӣ тавр метавонад дар қаламрави худ даст ба қонуншиканӣ занад? Вай гуфт, талоши ҳукумат ва президент ин аст, ки ҳуқуқи кӯдакон дар Русия, новобаста аз миллату шаҳрвандиаш ҳимоят шавад. Муроҷиати як мақоми Шӯрои федератсияи Русия ба мавзӯи марги Умаралӣ Назаров дар Русия дар ҳолест, ки ҳанӯз мақомоти тафтишотӣ натиҷаҳои таҳқиқи ҳодисаи марги тифлро ба анҷом нарасонидаанд.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар вокуниш ба ин изҳороти Мизулина гуфт, "воқеан ҳам қонунгузории Русия аз ин назар ислоҳ мехоҳад. Таҳқиқи парвандаи Умаралӣ Назаров зери назорати сафорати Тоҷикистон қарор дорад". Вай гуфт, сафорат бо масъулини тафтишот ва вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба ин масъала тамоси доимӣ доранд ва аз рафти тафтишот маьлумот мегиранд.
Дар як ҳодисаи рӯзи 13 октябри соли 2015 намояндагони хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтейски шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Заррина Юнусова ва фарзанди панҷмоҳааш Умаралӣ
Назаровро боздошт карда ба шӯъбаи полис оварданд. Кӯдак аз модар ҷудо ва шабонгоҳ ба бемористон интиқол дода шуд. Субҳи 14 октябр ба модаркалон ва падари кӯдак хабар доданд, ки тифл даргузашт ва сабабаш ҳам гӯё вируси шадиди сармохӯрдагӣ будааст. Ин ҳодиса вокуниши манфиро дар дохил ва ҳам беруни Русия ва Тоҷикистон ба бор овард.
Ба бовари бисёр мунаққидон, амалкарди полиси Русия нисбати як тифли тоҷик бисёр бераҳмона буд ва баёнгари муносибати воқеии ҳукумат ва ҷомеаи ин кишвар нисбати муҳоҷирон дар ин кишвар будааст. Вале мақомоти Тоҷикистон нахостанд ин қазияро пайгирӣ кунанд ва ё аз Русия ба муҷозоти муттаҳамони марги кӯдаки бегуноҳ пофишорӣ кунанд. Як қатор фаъолони ҳуқуқи башар ва ҳам журналистони номдор дар Русия бо пахши матолиби интиқодӣ аз ҳукумати ин кишвар талаб карданд, ки омилони марги тифли тоҷикро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.