Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Мо аз пеш қасди Қримро надоштем (ВИДЕО)


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, қарори тасарруфи Қрим аз пеш барномарезишуда набуд, балки ӯ танҳо баъди фаҳvидани фикри мардум чунин қарор кардааст.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 10 апрел дарм улоқот бо намояндагони Ҷабҳаи халқӣ, ҷунбиши наве, ки Кремл барои муттаҳид сохтани тарафдорони сиёсати Путин ташкил кардааст, гуфт, қарори Русия барои ишғол ва тасарруфи Қрим қарори аз пеш барномарезишудае набуд. Путин гуфт, Маскав танҳо баъди фаҳмидани назари мардум ба чунин қарор омад: "Мо ба чунин таҳаввули ҳодисот омодагӣ ҳам намегирифтем. Ростӣ, тасаввур мекардем, мардум чӣ назар доранд, вале аниқ намедонистем. Ва танҳо баъди анҷоми нахустин назарсанҷиҳо, ки мо, рӯирост бигӯем агар, ба таври махфӣ барпо кардем, ба сурати ниҳоӣ яқин шуд, ки хатти машше ки мо интихоб кардаем, дуруст аст."

Путин ҳамин тавр, рӯзи 10 апрел дар номае ба чанде аз раҳбарони Аврупо навиштааст, ки "вазъи ҷиддӣ" бар сари қарзи Украина аз пули гази Русия метавонад ба транзити ин навъи маводи сӯхт ба Аврупо таъсир расонад. Кремл мегӯяд, ки Путин дар ин нома раҳбарони Аврупоро ба гуфтугӯи оҷил ба хотири ҳалли ин мушкил даъват кардааст.

Ширкати "Газпром"-и Русия мегӯяд, қарзи Украина аз газ ба 2,2 миллиард доллар расидааст ва он ҳам дар ҳолест ки мӯҳлати ниҳоии пардохти пули газ барои моҳи март алакай гузаштааст.

Владимир Путин рӯзи 9 апрел гуфт, агар Украина ба музокира рӯи масъалаи қарзаш розӣ нашавад, Русия маҷбур хоҳад шуд аз Киев пешпардохт талаб кунад. Аммо ӯ ҳамчунин гуфт, ки то замони музокираи масъала бо раҳбарони аврупо, интиқоли газ ба Украинаро қатъ нахоҳанд кард.

"Газпром" ба далели баҳси нархи газ дар зимистонҳои солҳои 2005-2006 ва 2008-2009 таъмини Украина бо газро қатъ карда буд, ки боиси ихлол дар транзити гази Русия ба Аврупо ҳам шуд.

Дар пайи суқути ҳукумтаи рӯ ба Маскави Виктор Янукович "Газпром" шароити боимтиёзи фурӯши газ ба Украинаро бекор карда, аз 1 апрел нархи ҳар ҳазор метри мукааби газро барои Киев 485 доллар таъин кард. Украина ин нархро "роҳзанона" меномад,

PACE Русияро аз ҳаққи овоз маҳрум кард
PACE
PACE
Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо (PACE) рӯзи 10 апрел ҳайати Русияро то поёни соли 2014 аз ҳаққи овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои ин ниҳод маҳрум кард. Аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар иҷлосияҳои имсолаи Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо (PACE) маҳрум шудани ҳайати Русия бахши дигар аз посухҳои ин ниҳоди қораӣ ба тасарруфи вилояти Қрим Украина аз сӯи Маскав аст. Дар иҷлосияи рӯзи 10 апрел аз ин тасмими PACE 145 вакил тарафдорӣ карда, танҳо 22 нафар раъйи мухолиф додаанд. 22 вакил аз ширкат дар раъйдиҳӣ худдорӣ варзидаанд.

Ҳайати Русия баҳси ин мавзӯъро дар иҷлосияи умумӣ бойкот кард. Маскав ба ин тартиб то поёни иҷлосияи имсола аз ҳаққи овоз додан дар Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо маҳрум шуд. Ҳайати Русия ҳамин гуна ҳаққи узвият дар Бюрову Кумитаи раёссат ва кумитаи иҷроияи Маҷмаи порлумонӣ ва ҳам ҳаққи ширкат дар ҳайатҳои нозирони ин ниҳодро аз даст дод.

Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ҳамчунин иловаеро тасвиб кард, ки мегӯяд, агар Русия "вазъро оддӣ насозад ва аз тасарруфи Қрим даст накашад," ин ниҳод "ҳаққи лағви пурраи ваколати ҳайати Русияро ҳам хоҳад дошт."

Ин таҳримоти PACE дар ҳолест, ки он шоми 9 апрел бо тасвиби як қатънома тасарруфи вилояти Қрими Украина аз сӯи Русияро маҳкум кард ва гуфт, райъпурсӣ бо талаби ба Русия пайвастани Қрим бо нақзи Қонуни асосии Украина баргузор шудааст. Ин ниҳоди мустақар дар Страссбурги Фаронса, ки аз ҳисоби вакилони порлумонҳои ҳамаи кишварҳои узви Шӯрои Аврупо ташкил шудааст, дар қатъномаи дар ҷаласаи изтирориаш тасвибшуда гуфт, ҳеҷ кадом аз тавҷеҳҳои барои рафтораш дар Қрим истифодакардаи Русия "воқеият надошт." Қатънома мегӯяд, "ҷунбиши ҷудоихоҳӣ ва пайвастан ба Русия аз сӯи мақомоти Русия таҳти таҷовузи низомӣ ташкил ва таҳрик шудааст." PACE ҳамчунин қонунмандии ҳукумати нави Украинаро эътироф кард ва гуфт, "табдили қудрат роҳро барои имкони рушди демократии Украина ҳамвор кард."

Алексей Пушков, раҳбари ҳайати Русия дар маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо қатъномаи тасвибшударо маҳкум кард ва гуфт, ин санад Русияро "ба бозбинии билофосилаи принсипҳои сиёсати хориҷиаш маҷбур нахоҳад кард."

Украина: Пешниҳоди афв ба эътирозгарони тарафдори Русия
Олександр Турчинов
Олександр Турчинов
Раҳбари муваққати Украина ба эътирозгарони тарафдори Русия, ки биноҳои давлатӣ дар вилоятҳои шарқи ин кишварро ишғол кардаанд, пешниҳоди афв дод. Раисиҷумҳури муваққати Украина Олександр Турчинов рӯзи 10 апрел ба порлумон гуфт, агар эътирозгарони тарафдори Русия, ки биноҳои давлатӣ дар вилоятҳои Донетску Луҳанскро ишғол кардаанд, силоҳҳои худро супурда, ин биноҳоро холӣ кунанд, муҷозот нахоҳанд шуд.

Тарафдорони Русия аз 6 апрел ба ин сӯ бинои ҳукумати вилояти Донетск ва қароргоҳи СБУ - Хадамоти амнияти Украина - дар Луҳанскро ишғол кардаанд. Онҳо рӯзи 7 апрел дар Донетск ҳатто аз таъсиси "Ҷумҳурии мардумии Донетск" хабар дода, аз Русия хостанд, то барои ҳимоят аз русзабонҳо ба шарқи Украина нирӯ бифиристад. Эътирозгарон ҳам дар Донетск ва ҳам дар Луҳанск ба хотири дифоъ аз биноҳои тасарруфшуда дар атрофи он биноҳо баррикадаҳо сохтаанд.

Олександр Турчинов гуфт, омода ҳаст, пешниҳоди афв барои эътирозгарони тарафдори Русияро бо як фармони президентӣ расмӣ кунад. Турчинов гуфт, "мо метавонем ин мушкилро ҳамин рӯз ҳал кунем."

Раҳбари муваққати Украина ҳамин тавр гуфт, ки Киев омода аст, масъалаи ироаи мухторияти бештар ба вилоятҳои аксаран русзабонро ҳам мусбат ҳал кунад: "Мо барои баҳси билофосилаи масъалаи ислоҳоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ба манзури тавсиаи салоҳиятҳои маҷлисҳои вилоятӣ, аз ҷумла ҳаққи ташкили ҳукумати маҳаллӣ омодаем."

Рӯзи 9 апрел вазири дохилаи Украина Арсен Аваков гуфт, агар музокирот бо тазоҳургарон дар зарфи 2 рӯзи оянда натиҷа надиҳад, ҳукумати аз нирӯ истифода хоҳда бурд: "Он ақалияти ҷудоихоҳе, ки ҷанг мехоҳад, аз сӯи мақомоти Украина посухи қавӣ хоҳад гирифт."

Мақомоти Киев Русияро айбдор мекунанд, ки махсус беназмиҳо дар вилоятҳои аксаран русзабони шарқи Украинаро таҳрик медиҳад, то баҳонаи ғасби қаламрави бештари ин кишвар ба гунаи Қримро барои худ фароҳам бисозад.

Ҳушдори Путин ба раҳбарони кунунии Украина

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мақомоти Украинаро ҳушдор дод, ки ба "иштибоҳҳои ислоҳнопазир" роҳ надиҳанд. Путин рӯзи 9 апрел дар як ҷаласаи бахшида ба вазъи равобити Русияву Украина дар масоили энержӣ изҳори умед кард, ки мақомоти кунунии Украина ба "иштибоҳҳои ислоҳнопазир" роҳ нахоҳанд дод: "Умедворам, кафилони муваққат дар онҷо коре нахоҳанд кард, ки дигар ислоҳ карда нашавад."

Путин гуфт, дар Украина тамоюлҳои мураккаби дохилисиёсӣ идома доранд. Вале ӯ изҳори умед кард, ки ташаббусҳои вазорати хориҷаи Русия "ҷиҳати дуруст кардани вазъ ва тағйири вазъ ба сӯи беҳбудӣ натиҷа хоҳанд овард ва ин натиҷа натиҷаи мусбат хоҳад буд." Аммо Путин афзуд, ки Русия дар ҳар сурат, то замони анҷоми машваратҳо бо Иттиҳодияи Аврупо интиқоли газ ба Украинаро қатъ нахоҳад кард.

Ин изҳороти раисиҷумҳури Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Украина дар ташаннуҷи ахири вазъ дар вилоятҳои аксаран русзабони шарқи он кишвар Маскавро айбдор мекунанд.

Бинои СБУ дар Луҳанск то ҳол дар дасти "ҷудоиталабон" будааст
Яке аз онҳое ки бинои Хадамоти амнияти Украина дар Луҳанскро ишғол кардаанд, гуфтааст, онҳо ҳамчунин баргузории раъйпурсӣ дар мавриди истиқлоли ин вилояти аксаран русзабонро талаб доранд. Субҳи 9 апрел СБУ - Хадамоти амнияти Украина - хабар дод, ки 51 нафар аз ишғолгарон бидуни силоҳ дафтари ин ниҳоди амниятӣ дар Луҳанскро тарк кардаанд. Мақомоти Украина дирӯз гуфта буданд, ки ишғолгарони ин бино амбори аслиҳаи СБУ-ро ҳам ба даст оварда, 60 нафарро дар ин сохтмон гаравгон гирифтаанд. Эътирозгарони тарафдори Русия, ки рӯзи 7 апрел бинои Хадамоти амнияти вилояти Луҳанскро тасарруф карданд, иддаои гаравгонгириро рад мекунанд.

Яке аз эътирозгарони мусаллаҳ дар дохили бинои СБУ дар Луҳанск ба хабаргузории Reuters гуфт, онҳое тарки бино карданд, ки барои набард омода набуданд. Ин эътирозгар гуфтааст, ҷудоиталабоне, ки дар дохили ин бино боқӣ мемонанд, баргузории райъпурсӣ дар масъалаи истиқлоли вилояти Луҳанскро дар ҳудуди ин вилояти аксаран русзабон ва ҳаммарз бо Русия талаб доранд.

Серҳий Тиҳипко - яке аз номзадҳо ба интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина ва муовини собиқи сарвазир дар ҳукумати раисиҷумҳури барканоршуда Виктор Янукович - бо эътирозгарон дар Луҳанск мулоқот кардааст. тиҳипко гуфт, акнун талабҳои онҳоро ба кафили раёсатҷумҳурии Украина Олександр Турчинов хоҳад расонд.

Тавре аз ин видео ҳам дида мешавад, бинои СБУ дар Луҳанск ҳамчунон дар дасти тарафдорони Русия боқӣ мемонад.

Меркел ноумед шудааст...

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 9 апрел ба порлумони кишвараш гуфт, Русия ҷиҳати оддӣ сохтани вазъ дар Украина иқдом накард. Меркел гуфт, дидани иқдомоти Маскав ҷиҳати коҳиши танишҳо дар Украина номумкин ба назар мерасад. Ӯ афзуд, "Украина ҳаққи интихоби мустақилонаи роҳи ҳаракаташро бояд дошта бошад ва мо ба ин пойфишорӣ хоҳем кард."

Аваков: Бӯҳрон бояд дар 2 рӯз ҳал шавад - ё бо музокирот, ё ...

Мақомоти Украина мегӯянд, масъалаи тасарруфи биноҳои давлатӣ дар вилоятҳои шарқи ин кишвар бояд то ду рӯзи оянда ҳал шавад - ё бо роҳи музокирот, ё бо истифодаи нирӯ. Вазири дохилаи Украина Арсен Аваков гуфт, дар сурати нокоми шудани музокирот, барои берун кардани ҷудоиталабон аз биноҳои давлатӣ дар шарқи Украина аз нирӯ истифода хоҳанд бурд. Аваков рӯзи 9 апрел баъд аз ҷаласаи ҳукумат дар Киев ба хабарнигорон гуфт, бӯҳрони тасарруфи биноҳо бояд дар ду рӯзи оянда ҳал шаавад. Ӯ афзуд, ду роҳи ҳалли масъала вуҷуд дорад - ё музокирот, ё истифода аз нирӯ.

Садҳо эътирозгари тарафдори Русия рӯзи 6 апрел биноҳои ҳукуматҳои вилоятҳои аксаран русзабони Донетск, Луҳанск ва Харковро дар шарқи Украина тасарруф карда, таъсиси низоми федеролӣ дар Украина ва дахолати Русия ба манзури ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми русзабонро талаб доранд.

Нирӯҳои вижаи Украина рӯзи 8 апрел дар натиҷаи як амалиёти “зиддитеррор” бинои ҳукумати Харковро аз эътирозгарони тарафдори Русия раҳо ва ҳудуди 70 “ҷудоиталаб”-ро боздошт карданд.
Эътирозарони тарафдори Русия дар маркази Донетск
Эътирозарони тарафдори Русия дар маркази Донетск
Аммо дар Донетск бинои ҳукумати ин вилоят ва майдони назди он ҳамчунон дар дасти тарафдорони Русия, ки рӯзи 7 апрел тавассути Шӯрои вакилони вилоят аз таъсиси "Ҷумҳуриии мардуми Донетск" ҳам хабар доданд, боқӣ мемонад.
Хадамоти амнияти Украина субҳи 9 апрел хабар дод, ки 51 нафар бинои СБУ дар Луҳанскро бидуни силоҳ тарк кардаанд. Вале ин бино ҳам то ҳол дар дасти "ҷудоиталабон" боқӣ мондааст.

Музокироти Русия - Амрико - Аврупо - Украина, аммо дар ҳафтаи оянда

Музокироти бӯҳрони Украина миёни Амрикову Аврупо ва Русияву Украина ҳафтаи оянда дори хоҳад шуд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ИА) Кетрин Эштон шоми 8 апрел хабар дод, ки ҳафтаи оянда бо вазирони хориҷаи Амрикову Русия ва Украина Ҷон Керрӣ, Сергей Лавров ва Андрий Дешнитса ба хотири баҳси бӯҳрони Украина мулоқот хоҳад кард.

Қабл аз ӯ Ҷон Керрӣ ҳам таъйид карда буд, ки музокироти масоили Украина байни Амрикову Аврупо ва Русияву Украина ҳафтаи оянда дар Аврупо доир хоҳад шуд. Дипломатҳои аврупоӣ низ мегӯянд, ки ин музокирот дар Аврупо баргузор мешавад, вале ҳанӯз маълум нест, ки кай ва мушаххасан дар кадом шаҳри ин қора?

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи 8 апрел гуфт, Русия барои ширкат дар музокироти масоили Украина омода ҳаст, вале “ҳар навъ музокироти ин масъала бояд ҳатман намояндагони русзабонҳои Украинаро низ дар бар бигирад.”
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Мақомоти Украина дар ошӯбҳои ахир дар шарқи ин кишвар дасти Маскавро мебинанд ва мегӯянд, Русиямарҳалаи дуюмуми амалиёти ғасби қаламрави Украина ба гунаи тасарруфи Қримро шурӯъ кардааст. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ҳам рӯзи 8 апрел дар ташаннуҷи ахири вазъ дар шарқи Украина “иғвогарон ва агентҳои Русия”-ро айбдор кард, ки ба гуфтаи ӯ, ба ин вилоятҳои аксаран русзабон бо ҳадафи коридани тухми “беназмӣ” фиристода шудаанд.

Матбуоти Русия ба навбаи худ аз ҳузури нирӯҳои вижаи Амрико дар амалиётҳои саркӯби эътирозҳои тарафдорони Русия дар вилоятҳои аксаран русзабони Донетску Луҳанск ва Харков айбдор мекунанд. Амрико ин иддаоро рад кардааст.

Вазъ дар шарқи Украина аз рӯзи 6 апрел, дар пайи тасарруфи биноҳои ҳукуматҳои вилоятҳои Донетску Харков ва бинои СБУ – Хадамоти амнияти Украина – дар шааҳри Луҳанск дигарбора муташанниҷ шуд. Дар Донетск Шӯрои вакилони вилоят таҳти фишори эътирозгарон аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” хабар дода, аз Русия хост, то ба ин минтақа “контингенти нирӯҳои ҳомии сулҳ”-ашро бифиристад.

Украина баъди се моҳи эътирозҳо ва сарнагун кардани ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар 22 феврал дар вартаи бӯҳрони амиқи сиёсие уфтод, ки ба якпорчагӣ ва истиқлоли ин кишвари пасошӯравӣ таҳдид мекунад. Русия бо истифода аз вазъи бӯҳронии ин кишвари ҳамсояаш нимҷазираи Қрими Украинаро ибтидо иғол ва ба дунбол бо баргузории як райъпурсӣ ҳамроҳ бо шаҳри Севастопол ҳамчун ду субъекти нав ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Ва аммо дар Киев ва дар Ғарб бовар надоранд, ки ҳукумати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин танҳо бо “хӯрдан”-и Қрим иктифо кунад. Мақомоти нави Украина рӯирост мегӯянд, ки эҳсосоти ҷудоиталабӣ дар Донетску Харков ва Луҳански аксаран русзабонро маҳз аз Маскав нохун мезананд. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи 8 апрел гуфт, Русия метавонад қартаи ҳимоят аз аҳолии русзабонро ин бор ҳамчун “баҳонаи бофта” барои таҷовуз ба вилоятҳои дигари Украина ба бозӣ бидарорад.
XS
SM
MD
LG