Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"1700 сомонӣ чӣ мешавад?" Садҳо курсии холӣ дар Тоҷикистон соҳиб наёфтааст


Дар шаш моҳ барои соҳибӣ ба беш аз 5 ҳазор мансабу ҷойи холии кор дар идораҳои давлатии Тоҷикистон озмун эълон карда, вале дархости кам гирифтаанд. Раиси Оҷонси хидмати давлатӣ ҳузури ками довталабонро ба "шартҳои душвор" пайванд дод. Таҳлилгар Абдумалик Қодиров "маоши кам"-ро сабаби асосӣ донист.

"Дар нимсолаи аввали имсол барои ишғоли 5 ҳазору 158 мақоми холӣ озмун эълон гардид. Барои ишғоли 2 ҳазору 61 мансаби холӣ бо иштироки 2 ҳазору 656 нафар озмун гузаронида шуд," – хабар дод Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ рӯзи 23-юми июл ба хабарнигорон.

Дар натиҷаи озмун, ба иттилои ӯ, "танҳо ба 1 ҳазору 837 нафар тавсия дода шуд, ки дар мансабҳои холии давлатӣ кор кунанд".

Хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ аз раиси Оҷонси хидмати давлатӣ пурсиданд, ки чаро таваҷҷуҳ ё ҳузури хоҳишмандон барои ширкат дар озмунҳои ишғоли мансабҳои далатӣ кам шудааст?

"Сабабҳо бисёранд. Ҳоло ман ҳар яке аз ин сабабҳоро таҳлил намекунам. Яке аз сабабҳои асосӣ ин муқаррар шудани маҳдудиятҳо ва монеаҳои зиёд барои қабул ба хидмати давлатӣ аст. Инҳо ҷиддӣ ҳастанд ва на ҳар кас ба ин маҳдудияту мамониатҳо мувофиқат мекунад," -- посух дод Ҷумъа Давлат.

Видеоро дар инҷо бинед:

Талаботи зиёд ва маоши ночиз тақозо ба мансабҳои давлатиро коҳиш додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Аврангзеб Садриддинов, корманди Оҷонси хидмати давлатӣ, пас аз адои нишасти матбуотӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "диктант аз забони давлатӣ, санҷиши сатҳи забони русиву англисӣ ва донистани таъриху фарҳанги тоҷикон аз талаботест, ки аз довталабон пурсида мешавад".

"Як чизи ҳатмии дигар ҳаст дар вақти ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо. Ин пешниҳоди маълумотнома аз Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи таъқиби ҷиноӣ. Ҳамин ҳам душворӣ ба бор меорад. Боз ба наздикӣ рӯйхати бемориҳое тасдиқ шуд, ки бар асоси он довталабон аз санҷиш гузаранд ва ба кумисюн санад пешниҳод кунанд," -- шарҳ дод ӯ.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба назари баъзе аз таҳлилгарон, сабаби камтаваҷҷӯҳӣ ба хидмати давлатӣ дигар аст. Таҳлилгар Абдумалик Қодиров рӯзи 23-юми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "далели асосӣ кам будани маоши хидматчиёни давлатист".

“Кам будани маош наметавонад рақобатро барои ишғоли мақом дар ин ё он соҳа ба вуҷуд биорад. Ҳавасмандӣ намешавад. Рақобат танҳо барои ҳамон ҷойе мешавад, ки маоши кам дошта бошад ҳам, имкони ёфтани дастмузди иловагӣ бо ин ё он роҳ дорад,” – илова кард Қодиров.

Тибқи иттилои расмӣ, маоши миёнаи хидматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 1 ҳазору 738 сомонӣ (бештар аз 160 доллари Амрико) аст.

Сокинон дар бораи кор дар идораҳои давлатӣ назари гуногун доранд.

  • Яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ рӯзи 23-июл дар Душанбе бе баёни номаш гуфт, "нархи маҳсулот дар бозор ба маоши кормандони давлатӣ мувофиқат намекунад. Барои ҳамин, шахсан наметавонам ба ҳайси ходими давлатӣ кор кунам."
  • Мусоҳиби дигари мо гуфт, “ҳоло дар Коллеҷи тиббӣ мехонам. Хатм кунам, дар идораи давлатӣ кор мекунам. Кори давлат хуб аст, собиқаи корӣ мегиред”.
  • Роҳгузари дигаре ҷавоб дод, ки “ҳозир аз муҳоҷирати меҳнатӣ Русия дида, кор дар идораҳои давлатии худамон беҳтар аст”.
  • "Бо он маоше, ки мегиред сару либос мехаред ё фарзандонро мехӯронед? 1700 сомонӣ чӣ мешавад? 300 сомонӣ танҳо барои як халта орд сарф мешавад," -- посух дод дигаре.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 18 ҳазор хидматчии давлатӣ буда, масъалаи ба кор гирифтани мутахассисон ва маошу шароити онҳо аз мавзуъҳои баҳсбарангез аст. Ҳарчанд мақомот аз маошу шароити беҳтар дар идораҳои давлатӣ тавсиф мекунанд, солона даҳҳо мутахассис барои дарёфти кору маоши муносиб ба хориҷи кишвар мераванд.

XS
SM
MD
LG