Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Манъи фаъолияти хабарнигор обрӯи кишварро мебарад"


Намояндагии Садо ва симои Эрон дар посух ба манъи фаъолияти хабарнигорони «Садои Хуросон» барои се моҳи оянда гуфт, хабаре, ки мақомоти тоҷикро нороҳат кардааст, дар дафтари душанбегии ин радио таҳия нашудааст.

Сухан аз пахши гуфтаҳои Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон меравад, ки гӯё гуфтааст, Чин бештар аз созишномаи марзӣ, хоки Тоҷикистонро ишғол кардааст.

Баҳмани Меҳрубон, сарвари намояндагии Садо ва симои Эрон дар Душанбе, ки бахши «Садои Хуросон» тобеи он аст, мегӯяд: «Ин иттилои сомонаи Радиои тоҷикӣ дар Машҳад аст ва худашон ҳам онро тавзеҳ додаанд. Ин ҷо дафтари мо фаъол аст. Намояндагии мо мушкиле надорад. Дигар ман иттилое надорам. Ҳар чӣ ҳаст, дар сомонаашон ҳаст. Ин ҷо пеши мо чунин як иттифоқе наафтодааст.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим


Ин суханон дар ҳоле садо медиҳанд, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон дошт, фаъолияти хабарнигорони «Садои Хуросон» - ро то се моҳи дигар қатъ мекунад. Ин манбаъ хабари марбут ба “ишғолгарӣ”-и Чинро берун аз «меъёри ахлоқӣ» ва «ғайриҳирфаӣ» унвон кард.

Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Радиои "Садои Хуросон" дар вокуниш ба иқдоми Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтааст, бар асоси вазифаи зотӣ ва табиии худ, танҳо ба пӯшиши хабарии як расонаи русӣ ва нақли суханони як шахсияти сиёсӣ пардохта ва хабари дурӯғеро мунташир накардааст.

Садои Хуросон суол мегузорад, ки чаро вазорат "бо фарзи нодуруст будани изҳороти мақомоти ҳизби сотсиал-демократ", муҷаввизи хабарнигорони "Садои Хуросон"-ро бояд лағв кунад?» Ин манбаъ боз суол мегузорад, ки «магар дар Тоҷикистон дар сурате, ки изҳороти як манбаи хабарӣ рад шавад, расонаи мунташиркунандаи хабар бояд муҷозот гардад?»

Ин манбаъ ҳанӯз исми ин хабарнигоронро расман эълон надоштааст, аммо бино ба манобеи Радиои Озодӣ, инҳо танҳо ду нафар хабарнигори «Садои Хуросон» дар Душанбе – Аловуддин Қосимов ва Зиёратшоҳ Аҳмадов ҳастанд, ки субҳи рӯзи душанбе ба назди раҳбарашон даъват шуда, шаҳодатномаҳои худро таслим кардаанд.

«Садои Хуросон» дар кул 5 хабарнигор дар Тоҷикистон дорад, ки ду нафар дар пойтахт ва се нафари дигар дар Суғд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа фаъолият доштаанд. Акнун сарнавишти ду хабарнигорро дар Эрон ҳал мекунанд.

15 апрел «Садои Хуросон» аз қавли Раҳматулло Зоиров, раиси ҲУСДТ дар сомонааш хабар дод, ки марзбонони чинӣ дар бахше аз манотиқи Бадахшон то 20 километри дохили хоки Тоҷикистон нуфуз кардаанд, ҳол он ки бар асоси қарордоди аломатгузории марзи муштарак танҳо ҳазор километри мураббаъ аз заминҳои ноҳияи Мурғоб ба Чин вогузор шуда буд.

Ҳамчунин дар ин хабар аз сӯҳбати Алим Шерзамонов, раиси созмони ҲУСДТ дар Бадахшон бо нашрияи «Независимая газета» - и Русия низ иқтибос оварда шудааст. Шерзамонов гуфтааст, ки ҳадаф аз интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии артиши Тоҷикистон ба Бадахшон ҷилавгирӣ аз эътирозҳои эҳтимолии мардум ба вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин аст, ки гӯё дар ивази қарзҳои Тоҷикистон ба Чин дода мешавад.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ин хабари куҳна далели ғайриҳирфаӣ амал кардани кормандони «Садои Хуросон» аст: «Дар омода кардани ин хабар дидаву дониста, ё надониста, камбудӣ дар ҳирфаият роҳ ёфтааст. Агар ғарази сиёсӣ дошт, бояд мавриди таҳқиқ қарор мегирифт. Вагарна бидуни таҳқиқ маҳрум кардани хабарнигорон аз маош, хилофи қонун аст. Аввал, бояд месанҷиданд, сипас иқдом мекарданд.»

Иттилоъ дар бораи беш аз созишномаи марзӣ дар ихтиёри Чин гузошта шудани хоки Тоҷикистонро ҳам вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳам Раҳматулло Зойиров рад карданд. Аммо Алим Шерзамонов дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз он ба даъвоҳои ҳукумат розӣ мешавад, ки як комиссияи мустақили иборат аз созмонҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, аъзои парлумон ва маҷлиси вилоятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти зидахл ва коршиносони соҳа ба Бадахшон сафар кунад ва собит намояд, ки марз бештар аз он, ки тавофуқ шудааст, ба Чин вогузор нагаштааст.

Радиои Садои Хуросон аз солҳои 1990-ум ба ин сӯ дар бозори матбуотии Тоҷикистон амал мекунад ва бахше аз кормандонаш шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG