Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маошу нафақаи сокинон то 25% боло хоҳад рафт


Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки ваъдаи боло бурдани маош, нафақа ва стипендия новобаста ба камомади даромадҳои буҷаи кишвар иҷро хоҳад шуд. Абдусалом Қурбониён, вазири молия, низ зимни як ҷаласаи махсус ба масъулони вазорат барои саривақт боло бурдани маош супориш додааст.

Сайвалӣ Сафаров, роҳбари раёсати буҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Озодӣ рӯзи 31 май гуфт, барои боло бурдани маошу нафақа ва стипендия дар вазорат тамоми омодагиҳо гирифта шудааст. Ӯ афзуд, “маош ҳамон тавре, ки қаблан гуфта шуда буд, боло бурда мешавад. Боло бурдани маош аз ҳаҷми дефитсити буҷа вобаста нест. Дефитсит аз манбаъҳои дигар пур карда мешавад, на аз маош. Чунки маош ин бандҳои ҳимояшудаи буҷа ҳастанд ва дар буҷа барои боло бурдани маошу нафақа маблағи кофӣ вуҷуд дорад.”

Даромадҳои буҷаи давлати Тоҷикистон дар пайи таъсири манфиии буҳрони иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани мизони пулҳои интиқолии муҳоҷирон кам шуд. Бино ба иттилои Вазорати молия, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ камбуд ё дефитсити буҷаи Тоҷикистон ба 205 миллион сомонӣ, яъне 26 миллион доллар, расид.

Ваъдаи боло бурдани ҳаҷми маош ва, ҳамин тавр, нафақаву стипендия ду соли қабл аз забони раисиҷумҳур садо дода, вале соли гузашта ба далели буҳрони молӣ ва пур нашудани буҷа мавриди иҷро қарор нагирифт. Моҳи январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солонааш ба ду палатаи порлумони кишвар бори дигар ба ин масъала дахл карда ва гуфт, “тасмими зиёд намудани музди меҳнат ва стипендия соли гузашта амалӣ нагардид. Вале ин иқдом дар сархатти тадбирҳои аввалиндараҷаи ҳукумат дар соли 2016 боқӣ мемонад. Муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ ҳадафи олитарини президент ва ҳукумат мебошад.”

Бино ба тасмими ҳукумат, музди меҳнати кормандони идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиҳо 15 дарсад, кормандони муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 дарсад, муассисаҳои бахши ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат 25 дарсад зиёд карда хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон маош то 25% боло бурда хоҳад шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:23 0:00

Ҳадди ақалл ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз баланд бардошта мешавад. Дар баробари ин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақалл 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

"Барои маблағгузории чорабиниҳои зикршуда аз буҷаи кишвар дар як сол 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ равона мегардад," - гуфта буд раисиҷумҳур.

Кормандони идораҳои давлатӣ ва муаллимону духтурон, ки аз ҳисоби буҷаи кишвар маош мегиранд, беш аз ҳама интизори боло рафтани маошашон ҳастанд, чунки дар ин ду соли интизорӣ қимати хеле аз анвои молу маҳсулот гаронтар шудааст. Роҳила Назарова, муаллимаи яке аз мактабҳои шаҳри Ваҳдат, мегӯяд, "агар ҳамин ваъда иҷро шавад, ба маоши ман қариб 150 сомонӣ бояд зам шавад. Ҳоло маошро нагирифтааму лекин алакай нақшаи сарфи онро дар сар дорам. Хеле умед дорем ки ин маоши ваъдагиро ба даст бигирем."

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ки вазъи молии кишварро "осебпазир" ва буҷаи кишварро "пойбанди омилҳои берунӣ" дониста буд, мақомотро барои иҷрои буҷаи соли 2016 даъват карда ва аз онҳо хост, ки дар ин замина баҳонаҷӯӣ накунанд. Ӯ гуфт, буҷаи соли ҷорӣ дар муқоиса ба соли гузашта 20 дарсад бештар аст.

Аз ин пеш, дар соли 2013 дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақаи сокинон боло рафта, ҳадди ақалли музди меҳнат 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон:Нафақа то 20 фоиз баланд мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

XS
SM
MD
LG