Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори дуюми суҳбати телефонии маҳбуси Дубай


Дар шабакаи иҷтимоии Ютуб қисмати дуюми наворе нашр шуд, ки гуфта мешавад идомаи забти суҳбати телефонӣ миёни Умаралӣ Қувватов ва Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аст.

Соҳибкори тоҷик, Умаралӣ Қувватов, ки дар як боздоштгоҳи шаҳри Дубай нигаҳдорӣ мешавад, дар талошҳое зидди истирдод шудан ба Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ қисмати дуюми навореро нашр кард, ки гуфта мешавад, забти сӯҳбати ӯ ва эҳтимолан Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Дар ин сабт нафаре, ки бовар меравад, домоди Эмомалӣ Раҳмон аст, ба Қувватов пешниҳод мекунад, ки ба ивази маблағ тиҷоратеро тарк кунад ва баҳузур метавонад кору фаъолияташро дар Тоҷикистон идома диҳад. Аз ин пештар рӯзи 10 -уми январ қисмати аввали ин сабт нашр шуда буд.

Ҳақиқати мансубияти садоҳои ин навор ба афроди номбурда ғайриқобили санҷиш аст, аммо Николай Николаев ҳамоҳангсози гурӯҳи адвокатҳои ҷаноби Қувватов, ба Радиои Озодӣ гуфт, чандин навори дигарро дар ихтиёр дорад, ки пахши онҳо шеваи аз дасти Қувватов рабуда шудани бизнеси ӯро аз тарафи наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон нишон медиҳад. Вай афзуд: “Шумораи ин наворҳо кофист, ки дар Тоҷикистон ва дохили оилаи Раҳмон моҷарои сиёсӣ ба амал ояд. Мақсад ин аст, ба тарафи дигар нишон диҳем, ки мо фиреб накарда истодаем ва далели кофӣ дорем, ки шеваи молиявии аз тиҷорат маҳрум кардани ҷаноби Қувватовро нишон диҳем. Нишон диҳем, ки вай дар ширкати “Фароз” кӣ буд ва ҳам равобити байниоилавии миёни домод ва хусурро нишон диҳем, ки вай ӯро чӣ гуна ном мебарад, ба вай чӣ гуна муносибат мекунад ва ғайра ва ҳоказо.”

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама гуна шарҳи масъала худдорӣ кард ва намояндаи ширкати “Фароз” ба Радиои Озодӣ гуфт, шахсе бо номи Шамсулло Соҳибов ҳаргиз дар ин ширкат кор накардааст ва онҳо ӯро намешиносанд. Дар гузашта ин ширкат дар як изҳорот гуфта буд, ки Умаралӣ Қувватов низ дар он кор накардааст ва рабте ба таъсиси ин ширкат надоштааст. То ҳанӯз худи Шамсулло Соҳибов ҳам дар робита бо пахши сабтҳои сӯҳбатҳои телефонӣ изҳори назар накардааст.

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов
Қувватов, ки мегӯяд, собиқ шарики тиҷоратии Соҳибов аст, рӯзи 23-юми декабр дар Дубай боздошт шуд. Ба гуфтаи ҳамсафари ӯ, Николай Николаев, ҳангоми боздошт ба Қувватов ягон айбнома эълон нашуда, мақомоти Дубай аз дидори боздоштшуда бо вакилони ҳуқуқияш пешгирӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Николаев, боздошт зимни иттиҳоми дуздии 6 миллион сомонӣ, яъне тахминан 1 миллиону 200 ҳазор доллари ширкати “Тоҷирон” ба вуқӯъ пайвастааст. Ин иттиҳомро мудири кулли ширкати “Тоҷирон”Файзулло Ғуломов дар як мусоҳибааш тасдиқ кардааст. Ҳамзамон, ҷаноби Ғуломов Умаралӣ Қувватовро ба бадахлоқӣ ва бисёрзанӣ низ муттаҳам кард. Бархе аз расонаҳо бо иқтибос аз асноди Вазорати тандурустии Тоҷикистон Қувватовро пас аз баёнияҳои сиёсии аз тариқи телевизиони “К+” бемори рӯҳӣ эълон карданд ва Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки ниҳоди зери сарварии ӯ чунин салоҳиятро надорад.

Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9 -уми январ, зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки ба мақомоти зидахли Имороти Муттаҳидаи Араб оиди истирдоди Умаралӣ Қувватов дархост фиристодаанд: «Алайҳи Умаралӣ Қувватов аз сӯи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои содир кардани якчанд ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст ва имрӯз барои истирдоди ӯ аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон дархост фиристода шудааст. Дархост чанд рӯзи пеш фиристода шуд.» Додситони кулл аз ироаи ҷузъиёти бештар дар хусуси иттиҳомот алайҳи раҳбари созмони «Гуруҳи 24» худдорӣ кард.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои Ютюб ва Фейсбук нашр шудааст, шахсе, ки Соҳибов номида мешавад, худро домоди раисиҷумҳур меномад ва зоҳиран мехоҳад ба Қувватов фаҳмонад, ки бизнес дар Тоҷикистон осон нест ва “агар касе дар пушти одам набошад”, коре карда намешавад. Вай меафзояд, танҳо бо ҳимояти падарарӯсаш тавонист, кореро мехост, ба анҷом расонад.

Ҷаноби Николаев дар шарҳи ин навор мегӯяд, он дар давраи оғози “нофаҳмиҳо”-и байни Соҳибов ва Қувватов забт шудааст, дар идома ба Қувватов маблағ пешниҳод мешавад, ки аз бизнес хориҷ гардад.

Номи Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта замоне расонаӣ шуд, ки ӯ Тоҷикистонро тарк карда, дар Маскав худро муассиси “Гурӯҳи 24” эълон кард ва гуфт, бо ҳукумати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вориди рақобат мешавад. Вай аз Раҳмон даъват намуд, дар интитхоботи президентии соли 2013 ширкат накунад.

Николаев ба Радиои Озодӣ гуфт, Қувватов барои он ба Дубай сафар карда буд, ки бо “сохторҳои дигар” равиши умумии зидди Раҳмонро баррасӣ кунад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Аксарият бар инанд, ки аҳли оилаи ӯ амалан тамоми иқтисодиёти кишварро зерри назорат доранд. Дар барқияи дипломатии Иёлоти Муттаҳида, ки торнамои зиддихуфияи Викиликс дар соли 2010 нашр кард, гуфта мешавад Раҳмон ва наздикони ӯ “барои ҳифзи манфиатҳои тиҷоратии худ сахту бераҳмона амал мекунанд, қатъи назар аз он ки ин дар сурати умум барои иқтисодиёт чӣ қадар зарар меорад.”

Дар ҳамин ҳол Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январ дар як изҳорот аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов, ва раҳбари созмони мухолифин Гурӯҳи 24 изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ӯ дар сурати истирдодаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ба хатари шиканҷа ё шаклҳои дигари бадрафторӣ дучор хоҳад шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва пайвандони Қувватов мӯътақиданд, ки дархости боздошт ва истирдоди ӯ талоши интиқомгирии мақомоти Тоҷикистон аз фаъолиятҳои сиёсиаш мебошад. Дар аввали ҳафта Қумринисо Ҳафизова - ҳамсари Умаралӣ Қувватов - аз созмони Афви байналмилалӣ хост, ба қазияи шавҳараш расидагӣ кунад.

Ба бовари Афви байналмилалӣ, Қувватов дар сурати бурда шуданаш ба Душанбе ба хатари ҷиддии нақзи ҳуқуқҳои инсонии ӯ, аз ҷумла ҳабси махфӣ, шиканҷаву бадрафториҳои дигар ва ҳам додгоҳи ноодилона рӯбарӯ хоҳад шуд. Афви байналмилалӣ гуфтааст, “дар сурати истирдоди Қувватов, мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ӯҳдадориҳои худ ҷиҳати манъи мутлақи шиканҷаву бадрафториҳои дигар тибқи қонуни байналмилалиро поймол хоҳанд кард.”

Ин созмони мақараш дар Лондон аз ҳамагон даъват кардааст, зери як номаи муштарак, ки бо изҳори нигаронӣ аз сарнавишти сиёсатмадори мухолифи тоҷик мақомоти Иморотро ба худдорӣ аз истирдоди ӯ ба Душанбе даъват мекунад, имзо гузоранд.
XS
SM
MD
LG