Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов: "Афғонистон метавонад Ироқи дувум шавад" (3 ВИДЕО ва 34 АКС)


Сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе созишномаи истифода аз роҳҳои мошингардро имзо ва ба ҳалли буҳронҳои Украина ва Афғонистон даъват карданд.

Кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) роҳҳои мошингарди худро ба рӯйи ҳамдигар боз мекунанд. Чин барои тарҳҳои муштараки ин кишварҳо 5 миллиард доллар медиҳад. Низомномаи қабули аъзои нави созмон ба тасвиб расид. Инҳо дастовардҳои конкрети ҳамоиши Душанбеянд, аммо дар мавриди Украина ва Афғонистон СҲШ мисли нишастҳои гузаштааш бо шиорҳои умумӣ иктифо кард.

Ин ҳам дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ҳушдор дод, Афғонистон метавонад ба Ироқи дувум табдил ёбад ва осори он ба ҳамаи кишварҳои узв сироят кунад.

Раҳбари Узбакистон ба зуҳури ҷунбиши тундраве бо номи "Давлати Исломӣ" дар Ироқу Сурия ишораи рӯйирост накард, вале садри ҳамоиш, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки рӯ задани ин гуруҳе, ки акнун дорои таслиҳоти пешрафта шудааст, ба кишварҳои минтақа низ таъсир хоҳад дошт. Ин ҳам дар ҳоле ки садҳо нафар аз кишварҳои минтақа ҳоло дар сафҳои "Давлати Исломӣ" барои бунёди хилофати ягонаи Ислом меҷанганд.

АФҒОНИСТОН -- ИРОҚИ ДУВВУМ?

Тақрибан ҳамаи сарони кишварҳои узв ва нозир дар СҲШ ояндаи Афғонистон ва роҳҳои ҳалли низоъ дар Украинаро дар паёмҳои худ зикр намуданд. Президенти Русия гуфт, мушкилоти Афғонистон бояд дар як конфаронси байнулмилалӣ, ки кишвараш хостори баргузории он аст, баррасӣ шавад. Раҳбарони Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев ва Узбакистон Ислом Каримов, бахши умдаи паёми худро ба вазъи Афғонистон бахшиданд ва изҳор доштанд, ки буҳрони феълии ин кишвар дар робита ба натиҷаҳои интихобот дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар барои ҳамаи минтақа хатарҳои муҳликеро ба миён меорад.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон

Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ низ ба вазъи Афғонистон ишора кард ва гуфт, танҳо мубориза бо терроризм мушкили онро ҳал нахоҳад кард, балки рушди иқтисодӣ ва рифоҳи ҷомеа давои ин мушкил ва таъминкунандаи амният хоҳад буд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба ҳалли буҳрони пасоинтихоботии кишвараш изҳори бовар кард ва аммо афзуд, дурнамои вазъ дар Афғониистон ба бархӯрд ва мадади ҳамсоягонаш низ бастагии зиёд дорад. Дар Эъломияи ниҳоии нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай зикр гардид, ки созмон бо пешниҳоди Тоҷикистон як барномаи махсусеро барои Афғонистон таҳия хоҳад кард. Аммо чунин барномаҳои қаблӣ натиҷа надодаанд ва дар ҳоли баҳам хӯрдани субот дар Афғонистон имкон дорад, он ба ҷилвагоҳи тундравони "Давлати Исломӣ" табдил ёбад, ки дар орзуи ба хоки давлатҳои Осиёи Марказӣ кашондани "ҷиҳод барои хилофат" аст.

ИХТИЛОФИ НАЗАРҲО ДАР МАСЪАЛАИ УКРАИНА

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон вазъи Украинаро "шадидан нигаронкунанда" номид ва гуфт, ин вазъ фаъолияти фаврӣ ва ҳамарӯзаро тақозо мекунад. Дар ҳоле ки Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин буҳрони Украинаро мушкили Киев ва ҷудоихоҳони шарқи Украина номида, гуфт, он бояд дар гуфтушуниди ин ду ҷониб ҳал шавад, президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев изҳори умедворӣ намуд, ки созишҳои гуфтушуниди сеҷонибаи ҳалли низои Украина дар Минск амалӣ мешаванд ва ба оташбас дар ин ҷо роҳ мекушоянд. Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ба гуфтушуниди мустақими Русия ва Украина дар қатъи низои мусаллаҳона дар шарқи Украина даъват намуд, ки аз дидгоҳи Путин фарқ мекунад. Вале дар айни замон Каримов афзуд, дар раванди ҳалли низои Украина бояд манфиатҳои Русия ба таври комил дар назар гирифта шаванд: "Ба назар нагирифтани манофеи Русия дар ин минтақа ва ҳам муносибатҳои суннатии Русияву Украина, мехоҳам маҳкам бигӯям, ки метавонад як иштибоҳи ҷиддӣ бошад."

ШАБАКАИ ЯГОНАИ РОҲ ВА ЭНЕРЖӢ

Раҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин, Си Ҷинпин ба таҳкими СҲШ ва ҳамкории кишварҳои узви он дар рушди иқтисодӣ, мубориза бо ҷинояткории созмонёфта, терроризм, ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ даъват кард. Вай инчунин ба таҳкими "маҳфили энергетикӣ"-и кишварҳои узви СҲШ даъват намуд ва афзуд, эътилофи байнибонкии созмон омодааст, ба тарҳҳои муҳими кишварҳои узв кӯмак расонад. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба он таъкид кард, ки созишномаи нави аъзои СҲШ дар бунёди шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилӣ ба густариши равобити миёни онҳо аҳамияти калидӣ хоҳад дошт. Вай ҳамчунин пешниҳод намуд, ки кишварҳои узв роҳҳои оҳани худро низ дар як шабака васл намуда, ҳама гуна монеаҳоро дар ҳаракати мол ва одамон дар ин қаламрав аз байн барад.

МАРЗҲОИ МУШТАРАК -- ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН?

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев изҳори умедворӣ намуд, ки созишҳои гуфтушуниди сеҷонибаи ҳалли низои Украина дар Минск амалӣ мешаванд ва ба оташбас дар ин ҷо роҳ мекушоянд. Дар идомаи суханаш раҳбари Қирғизистон аз созишномаҳои таъмини амният ва эътимод дар марзҳои кишварҳои СҲШ ёдовар шуд ва гуфт, ин созишҳо имрӯз низ дар назар гирифта шаванд. Вай пешниҳод намуд, ки нерӯҳои кишварҳои узв дар марзҳои байниҳамӣ коҳиш дода шаванд. Ин ишора, ба эҳтимоли зиёд ба рӯйдодҳои як соли охир дар марзҳои Қирғизистону Тоҷикистон дахл дошт, ки бар асари онҳо ду нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд. Назарбоев низ созишномаҳои қаблии СҲШ-ро хотиррасон намуд, ки бовар ба ҳамдигар дар марзҳои мушатарак бояд бештар ва нерӯҳо дар онҳо камтар бошад.

ВАЗЪИ ИРОҚ ВА СУРИЯ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон
Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон "бархе аз қудратҳои минтақа ва ҷаҳон"-ро ба ҳимоят аз ифротгароён ва муташанниҷ кардани вазъ дар Сурия ва Ироқ муттаҳам кард ва гуфт, идомаи ин раванд метавонад тамоми минтақаро ба коми ноамнӣ ва хушунат кашонад. Вай гуфт, бо бомбаборон мушкили терроризм ва ифротгароӣ ҳал нахоҳад шуд, балки бояд бо ҳамкории кишварҳои минтақа такия зад. Раҳбари Эрон кишварҳои Ғарбро танқид кард, ки таҳримро ҳамчун абзори фишору тахриб истифода мекунанд ва ҳатто бархе аз кишварҳои узви СҲШ-ро ҳадаф қарор додаанд. Ин ишораи ӯ ба таҳримҳои Ғарб зидди Русия рабт дошт.

Дар идомаи ҳамоиш Дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев аз натиҷаҳои кори созмон дар як соли гузашта ва стратегияи ояндаи он гузориш дод. Сипас навбати сухан ба сарону намояндагони кишварҳое расид, ки дар СҲШ мақоми нозирро доранд. Ва ҳамчунин намояндаи СММ низ дар ин нишаст суханронӣ кард. Вай ва ҳамаи сарони ҳайатҳо аз Тоҷикистон ситоиш карданд, ки тавонистааст, нишасти сарони СҲШ-ро дар сатҳи баланд баргузор намояд.

ДУШАНБЕ ДАР РӮЗИ ҲАМОИШИ СҲШ

Душанбе дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони СҲШ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Баррасии қоидаҳои қабули аъзои нави Созмони ҳамкории Шанхай яке аз муҳимтарин масъалаҳои матраҳ дар рӯзномаи кори нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар "Кохи Наврӯз" дар пойтахти Тоҷикистон хоҳад буд.

Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар ҳоли ҳозир 6 кишвар - Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро муттаҳид мекунад, соли 2001 дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” таъсис ёфт, ҳадафаш он вақт ҳалли мушкилоти марзии байни Чин ва Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буд. Ин форум соли 1996 дар Шанхайи Чин ташкил шуд ва аз он вақт номи Шанхай ба он ҳамроҳ гашт. Дар солҳои баъдӣ Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Муғулистон ва Покистон дар он мақоми нозир, Беларус, Туркманистон, Шри Ланка ва Туркия мақоми коршарикро гирифтанд.

XS
SM
MD
LG