Шерзод Нормамадов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки аз вай узви фаъоли Ҷунбиши исломии Узбакистон ном бурда мешавад, ба ҷурми қасди таркондани бинои пулису додситонии маҳалли зисташ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи вилояти Суғд Инъомҷон Саидмуродов ва Озодҷон Хӯҷамбердиев, ду ҳамроҳи ӯро 10-солӣ аз озодӣ маҳрум намудааст.
Бештар бихонед: "Чаҳор хориҷӣ қасди таркиш дар Суғдро дошт"
Ба қавли мақомоти Додгоҳ, Шерзод Нормамадов дар суҳбатҳои телефонӣ бо шарики қирғизаш, тибқи маслиҳаташон, аз маводи тарканда "себ", "обу ҳаво" ва "ҳамон чиз" ном гирифтааст.
Мирзошариф Ҳоҷизода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд, рӯзи 4-уми октябр гуфт, Шерзод Нормамадов сардори гурӯҳ буд ва дастури "ҷиҳод"-у таркондани бинои пулис ва додситонии ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар Маскав аз "амир"-и Ҷунбиши исломии Узбакистон гирифтааст. Ба қавли додрас, ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нияти иҷрои тарҳи таркиш охири соли гузашта ба Тоҷикистон омад ва 31-уми январ боздошт шуд.
“Додгоҳ Нормамадовро тибқи 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯисқасди ҷиноят айбдор донист. Ӯ муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш махсус сипарӣ хоҳад кард”, - гуфт Ҳоҷизода.
Бино ба иттилои мақомоти Додгоҳи Суғд, Шерзод Нормамадов соли 2015 барои кор ба шаҳри Маскав рафта, дар онҷо ба саффи Ҷунбиши исломии Узбакистон пайвастааст. "Вай чун аз “амир”-и худ дастури ҷиҳод дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва таркондани биноҳои пулис ва додситониро гирифт, ба Тоҷикистон омадааст. Сипас, моҳи декабри соли 2016 ба Тоҷикистон баргашта чӣ гуна анҷом додани ин таркишҳоро тарҳ мекашад. Дастрас намудани маводи таркандаро шарикони ӯ аз Исфанаи Бодканди Қирғизистон ваъда кардаанд", - гуфтанд дар додгоҳ.
Ҳамдастии шаҳрвандони кишвари дигар дар содири амалиёти террористӣ дар шимоли Тоҷикистонро Шариф Назарзода, сардори раёсати корҳои дохилии Суғд, моҳи июл дар нишасти хабариаш, бидуни ном бурдани кадом кишвари хос бозгӯ карда буд. Ӯ гуфта буд, ки “дар робита ба ин ҳодиса як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо номи Шерзод Нормамадов дастгир карда шуд. Инчунин бо дархости мо мақомоти яке аз кишварҳои ҳамсоя 4 шаҳрванди худро боздошт кард.”
То ҳол хонаводаи ин афрод дар бораи қазияи боздошт ва ҳукми Шерзод Нормамадову ҳамроҳонаш чизе нагуфтаанд. Маълум нест, ки онҳо аз болои ин ҳукми додгоҳ шикоят бурдаанд, ё не. Наргис Яъқубова, вакили дифои Шерзод Нормамадов ба далели онки парванда дар додгоҳ паси дарҳои баста баррасӣ шуд, нахост дар бораи нафари таҳти ҳимояташ ва мавқеи ӯ дар додгоҳ суҳбат кунад.
Вале ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, Шерзод Нормамадов дар ҷараёни мурофиаи парвандааш гуфтааст, қасди таркондани биноҳои пулис ва додситониро дар сар надошт ва барои содири ин ҷиноятҳо омодагӣ намедид. Ӯ гуфтааст, нишондодҳояш дар ин бора дар ҷараёни тафтиши пешакии парванда низ дуруст нест. Вале додгоҳ ин иддаои Нормамадовро ба хотири гурез аз ҷавобгарӣ дониста қабул накардааст.
Мақомоти додгоҳ мегӯянд, дар мавриди роҳандозии таркиш далелҳои қавӣ дар даст доранд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, Нормамадов дар суҳбатҳои телефонӣ бо шарики қирғизаш аз маводи тарканда тибқи маслиҳати қаблиашон “себ”, “обу ҳаво” ва “ҳамон чиз” ном бурдаанд.