Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шикоят зиёд аст." Раиси нави Хадамоти алоқа чӣ гуфт?


Исфандиёри Саъдулло рӯзи 23-юми январ сардори Хадамоти алоқа таъйин шуд. Аз соли 2015 муовини аввали раиси "Телерадиоком" буд
Исфандиёри Саъдулло рӯзи 23-юми январ сардори Хадамоти алоқа таъйин шуд. Аз соли 2015 муовини аввали раиси "Телерадиоком" буд

“Дар мавриди суръати Интернет. Дар ҳақиқат, чунин камбудҳо дар соҳа вуҷуд доранд. Мо инро қабул дорем. Шикоятҳои аҳолӣ хеле зиёд аст, аз ҷумла дар ноҳияи дурдаст ва шаҳрҳои атрофи Душанбе. Инро пурра меомӯзем."

Ин суханони раиси нави Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст. Исфандиёри Саъдулло рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ “ҷалби мутахассисон, таҳияи дурнамо ва иҷрои онро” аз роҳҳои ҳал номид. Насби “аккумлятор”-ҳо дар манораҳои мобилӣ чораи дигар будааст, то дар вақти набудани барқ иртибот таъмин бошад.

Шикоятҳо аз нархи гарону сифати пойини Интернет дар Тоҷикистон солҳо боз садо медиҳад.

Исфандиёри Саъдулло 35-сола аст ва ҳамагӣ як ҳафта пеш дар ин мақом Бег Сабурро иваз кард, ки бо изҳороти баҳсбарангезаш дар матбуот машҳур буд. Суҳбатҳои аввали раиси нави Хадамоти алоқа низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёд овард. Бавижа, изҳороташ дар бораи сабаби суст будани суръати Интернет.

“Видеоҳо, блогерон, истифодабарандаҳо зиёд шудаанд”

Вай рӯзи 29-уми январ гуфт: “Сомонаҳои иҷтимоӣ. Бинед, чӣ қадар видео, блогерон зиёд шудаанд. Шумораи истифодабарандагони Интернет ба маротиб зиёд шудааст.”

Як сабаби дигар, ба назари ӯ, мавқеи ҷойгиршавии Тоҷикистон аст: “Фарогирӣ ва паҳншавии мавҷ дар минтақаҳои кӯҳӣ мушкил аст. Бояд нисбат ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба маротиб бештар истгоҳҳои базавӣ насб кунем. Ин хароҷот ва сарбории иловагӣ дорад.”

Баъзе аз шарҳнависон афзудани истифодабарандаҳо, блогерон ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро баҳонаи навбатии мақомот донистаанд.

Яке аз онҳо дар Фейсбук навиштааст, “аҷиб. Як вақт кӯҳҳои баланд гунаҳкор буд, имруз блогерон. Як соли дароз фикр мекунанд, ки гуноҳро боз ба сари кӣ бор кунанд? О, истифодабарандагон зиёд бошанд, пули зиёд мегиред-ку. Айб аст, айб."

Теъдоди муштариёни интернети мобилӣ ва собит дар Тоҷикистон 4,5 миллион нафар аст.

Видео: Назари сокинон аз 13-уми январи 2025

Мардум дар бораи нарх ва суръати интернет чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Раҳбарияти пешинаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ мавқеи ҷуғрофиро яке аз сабабҳои сустии Интернет номбар карда буд. Вале онҳо нархи гарон ва сифати пасти Интернетро на ҳамеша эътироф мекарданд.

Исфандиёри Саъдулло рӯзи 29-уми январ гуфт, "дар ояндаи наздик" нархи Интернетро низ каме поин хоҳанд овард, вале дақиқ посух надод, ки кай.

Бозор дар дасти кист?

Бозори Интернет аз соли 2018 зери назорати ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" аст. Қаблан ширкатҳои интернетрасон ҳақ доштанд, ки мустақилона аз хориҷа Интернет бигиранд. Бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа онҳо вазифадор шуданд, Интернетро танҳо аз идораи давлатии "Тоҷиктелеком" бихаранд.

Раиси Хадамоти алоқа гуфт, ҳоло 4 ширкати воридкунандаи Интернет ҳаст, аммо шарҳи бештар надод.

Ба назари Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин, рушди бозори мухобирот ё дастрасӣ ба интернети босифат ба фароҳам овардани шароити мусоид дар бозор бастагӣ дорад.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Ӯ гуфт: “Агар бозори озод ва рақобати озод байни ширкатҳо бошад, онҳо метавонанд, дар рушди технология саҳм гузоранд ва хидматрасонии худро беҳтар кунанд. Дар натиҷаи таъсири рақобат нарх ҳам метавонад поин шавад. Таҷрибаи солҳои пешин нишон дод, ҳар қадар назорату фишор камтар бошад, ҳамон андоза сифат хуб мешавад."

Ба иттилои DataReportal, танҳо 41,5 дарсад аз аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Дар радабандии Speedtest Global Index, Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ миёни 143 кишвар дар мақоми 139-ум қарор гирифтааст.

Ҳоло, ки мақомот сифати баланду нархи пойини Интернетро дар Тоҷикистон ваъда додаанд, оё воқеан тағйиротеро мунтазир шудан мумкин аст?

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Раиси нави Хадамоти алоқа чӣ ваъда дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00
XS
SM
MD
LG